МавзӯъМаърифат

Аз Ибни Масъуд (р) ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармуд: «Аз Худованд ба сурати шоиста ҳаё кунед! Мо гуфтем: — Алҳамдулиллоҳ, ки мо аз Худо ҳаё дорем. Пас Расулуллоҳ (с) чунин фармуд: — Ҳар қадар тавонед, назди Худованд боҳаё бошед. Ҳар касе аз Худо ба сурати шоиста ҳаё мекунад, бигзор сарашро ва ҳар он чиро ки дар сар дорад; меъдаашро ва ҳар он чиро ки ба меъдааш мефиристад, таҳти назорат бигирад ва маргро ҳамеша дар хотир нигоҳ дорад. Ҳар касе охиратро талаб дорад, ба зебоиҳои фонии ин дунё дил намебандад. Ҳар касе чунин амал кунад, ҳамоно ӯ аз Худо ба таври шоиста ҳаё кардааст».
Дар замони ҷоҳилият Болӣ ном бутпарасте зиндагӣ мекард. Ӯ бути маҳбубе дошт, ки онро ҳамеша ҳамроҳаш мегирифт ва дар назди дӯстон бо он буташ ифтихор менамуд. Қабл аз набарду муҳорибаҳо ва дар ҳама кору пайкор ба он бут саҷда оварда, дуову тазарруъ мекард. Рӯзе Болӣ ба ҷойе азми сафар намуд. Ӯ тамоми ашёву анҷомашро ба болои маркаб бор карда, дар садри онҳо бутро гузошт ва умед мекард, ки дар ин сурат аз балову хатарҳо дар амон хоҳад буд. Дар аснои сафар пойи маркаб баногоҳ лағжиду бут аз боло ба замин афтода, дарҳам шикаст. Болӣ ба бут нигаристу гуфт: — Ман туро барои он бо худ гирифтам, ки маро аз балову офатҳо нигаҳ бидорӣ. Вале мебинам, ки ҳатто худатро муҳофизат карда наметавонӣ. Пас аз ин суханҳо Болӣ бутро як сӯ ҳаво дода, ба назди Паёмбари Худо (с) омад ва воқеаро баён карду гуфт: — Эй Муҳаммад, акнун ки ман аз бутпарастӣ рӯй гардонидам, Худои ман кӣ мешавад? Расули Акрам (с) фармуд: — Эй Болӣ, ман Худое дорам, ки ҳам дар дунё ва ҳам дар охират балову мусибатҳоро аз сари бандагонаш рафъ намуда, барояшон неъматҳои фаровон медиҳад ва онҳоро сазовори ҷамоли баркамоли Худ мегардонад. Бо шунидани ин суханон Болӣ гуфт: — Эй Расули Худо! Ман бо чӣ қимате метавонам ба Худои ту бирасам ва бандаи Ӯ бошам? Паёмбари Худо (с) фармуд: — Эй Болӣ! Худои ман аз он чӣ ту мегӯӣ, муназзаҳ аст. Ҳар касе калимаи шаҳодат арза кунад, мусулмон мешавад. Ту низ калимаи шаҳодат бигӯ, то аз ҷумлаи муъминон бошӣ! Болӣ аз сидқи дил калимаи шаҳодат ба забон овард ва «Ашҳаду анло илоҳа иллаллоҳу ва ашҳаду анна Муҳаммадан абдуҳу ва расулуҳу» гӯён мусулмон шуд.
Дар Маккаи Мукаррама Ҳасин ибни Имрон ном бутпарасте умр ба сар мебурд. Боре дар суҳбати Расули Худо (с) ширкат намуд ва Ҳабиби Худо (с) аз ӯ пурсид: — Эй Ҳасин! Ту чанд Худоро мепарастӣ? Ӯ гуфт: — Даҳ Худоро мепарастам. Расули Худо (с) пурсид: — Онҳо дар куҷоанд? Гуфт: — Яке дар осмон ва нуҳтои дигар дар замин. Расулуллоҳ (с) боз пурсид: — Агар эҳтиёҷе пеш ояд, аз кадоме мадад металабӣ? Гуфт: — Аз Ҳамоне, ки дар осмон аст! Пас Расулуллоҳ (с) фармуд: — Эй Ҳасин, он нуҳ маъбуди дигарро тарк намо ва Худованди Ягонаеро ибодат бикун, ки тамоми эҳтиёҷоти туро рафъ ва балоҳои ба сарат меомадаро дафъ месозад. Беҳтар ин аст, ки танҳо Ӯро парастиш намоӣ.
Расули Худо (с) фармуд: — Замоне мерасад, ки инсонҳо чунин мепурсанд: «Маълум аст, ки ҳамаи ҳастиро Худо офарид, пас худи Худоро кӣ офарид?» Ҳангоми шунидани чунин сухан, бигӯед: «Ӯ Худои Ягона аст. Ӯ Самад (Бениёз) аст. Ҳама ба Ӯ муҳтоҷанд, аммо Ӯ ба касе эҳтиёҷ надорад. На зодааст ва на зодашуда аст. Ҳеҷ касе Ӯро ҳамто нест». Сипас ба ҷониби чап се маротиба туф карда, бигӯед: «Аъузу биллоҳи минаш-шайтонир-раҷим» ва бад-ин васила аз шарри шайтон ба Худованд паноҳ бубаред».
Аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ (р) ривоят аст, ки гуфт: «Боре Расули Худо (с) моҳи пурраро дид ва фармуд: — Офаридаҳои Худоро тафаккур кунед, аммо дар мавриди Зоти Ӯ андеша накунед, зеро шумо чунин тавоне надоред. Аммо дар биҳишт ҷамоли Худоро ба монанди дидани ин моҳ хоҳед дид ва аз тамошои ҷамолаш ба танг намеоед. Аз аҳли биҳишт касоне, ки дар назди Худо аз ҳама бештар соҳиби иззатанд, субҳу шом ба ҷамоли Парвардигор мушарраф мегарданд. Сипас Паёмбари Худо (с) ин оятро хонд: «Дар он рӯз як пора рӯйҳо тоза мебошанд, ки ба сӯйи Парвардигори худ назаркунандаанд» (Сураи Қиёмат, 75/22—23).
Асҳоб аз Расули Акрам (с) пурсиданд: — Худованд аз мо дур аст ё наздик? Агар ба мо наздик бошад, бо овози паст дуо кунем ва агар дур бошад, бо овози баланд дуо кунем. Пас ин оят нозил шуд: «Ва чун бандагони Ман дар бораи Ман туро бипурсанд — пас ҳамоно Ман наздикам, дуои дуокунандагонро — чун дуо кунанд — қабул мекунам. Пас бояд ки онҳо барои Ман фармонбардорӣ кунанд ва бояд ки ба ман бигараванд, то бошад ки роҳ ёбанд» (Сураи Бақара, 2/186).
«Сафар дар ватан» иборат аст аз гузаштан аз сифатҳои зишт ва пасти инсонӣ ба сӯи сифатҳои некӯ ва волои маънавӣ. Аз ин рӯ, солик бояд пайваста нафси худро мавриди омӯзиш ва санҷиш қарор диҳад, то бидонад, ки оё дар қалби ӯ муҳаббате ба ғайри Худованд
Ҳакиме аз ҳакимон гуфтааст: Ҳафт чиз бе ҳафт чизи дигар суд надорад: Аввал — тарс бе парҳез аз гуноҳ. Агар касе гӯяд: «Ман аз Худои таъоло метарсам», вале аз гуноҳ парҳез накунад, он тарси ӯ ҳеҷ суде надорад. Дуюм — умед бе кӯшиш. Агар касе гӯяд: «Ман ба раҳмати Худои таъоло умед дорам», вале тоату ибодат накунад, он умед ба ӯ суде намерасонад. Сеюм — ният бе амал. Агар касе нияти анҷом додани кори некеро ба забон орад, вале дилаш аз он ғофил бошад ва барои анҷом додани он кӯшиш накунад, он нияташ суде надорад. Чорум — дуо бе ҷидду ҷаҳд ва исрор. Агар касе аз Худои таъоло чизе бихоҳад, вале дар дуои худ ҷиддият ва исрор надошта бошад, он дуояш суде надорад. Панҷум — истиғфор бе пушаймонӣ. Агар касе ба забон «Астағфируллоҳ» гӯяд, вале дар дил аз гуноҳҳои худ пушаймон набошад, он истиғфораш суде надорад. Шашум — некӯкории ошкор бе покии ботин. Агар касе дар назди мардум худро некӯкору солеҳ нишон диҳад, вале дар пинҳонӣ корҳои ношоиста анҷом диҳад, он некӯкории зоҳирӣ ба ӯ суде намерасонад. Ҳафтум — ибодат бе ихлос. Агар касе худро дар тоату ибодати бисёр ба ранҷ андозад, вале он ибодатро барои ризои Худо анҷом надиҳад, он ибодаташ суде надорад. Хулоса: Арзиши амал танҳо ба зоҳири он нест, балки ба ният, ихлос ва рафтори инсон низ вобаста аст. Тарси ҳақиқӣ инсонро аз гуноҳ бозмедорад, умеди ҳақиқӣ ӯро ба амал водор мекунад ва тавбаи самимӣ бо пушаймонӣ ва ислоҳи рафтор ҳамроҳ аст. Ибораи «суд надорад» дар ин ҷо ба маънои таъкид бар аҳамияти ихлос ва амал омадааст, на ҳукми қатъӣ дар бораи қабул ё рад шудани ибодат ва дуо аз ҷониби Худованд.
Мушрикон аз Расули Худо (с) талаб карданд, ки Худои худро ба онҳо муаррифӣ кунад. Он гоҳ сураи «Ихлос» нозил шуд, ки бад-ин мазмун аст: «Бигӯ: «Ӯ Худои Ягона аст. Худои Бениёз аст. На зодааст ва на зодашуда аст. Ва ҳеҷ кас Ӯро ҳамто нест».
Боре Расули Худо (с) номҳои зебои Худовандро зикр намуда, фармуд: — Аллоҳ Таъоло 99 ном дорад. Ҳар касе, ки онҳоро ҳифз кунад, вориди ҷаннат мешавад. Ҳар касе ҳам ин номҳоро номбар кунад, ба биҳишт ворид мешавад. Худованд яккаву ягона аст ва яккаву ягонагиро дӯст медорад. Ҳар касе бо «Исми Аъзам» дуо кунад, Худованд дуои ӯро иҷобат мекунад ва он касе, ки бо зикри он чизе талаб кунад, Худованд ниёзашро бароварда мегардонад.
Аз Усома ибни Зайд ривоят аст, ки гуфт: «Расули Худо (с) моро барои таблиғи дин ба ҳар қабила равон мекард. Мо онҳоро ба ислом даъват мекардем, аммо баъзеашон бо силоҳ зиддият нишон медоданд. Боре яке аз онҳоро таъқиб намудем ва чун ба ӯ расидем, гуфт: «Ло илоҳа иллаллоҳ». Бо вуҷуди ин ман ӯро ба қатл расонидам. Чун ба Мадина расидем, ин хабар ба Паёмбари Худо (с) расид. Ӯ маро ба ҳузураш хонд ва гуфт: «Магар ту касеро ба қатл расондӣ, ки «Ло илоҳа иллаллоҳ» гуфта буд?!» Гуфтам: «Ӯ инро аз тарси ҷонаш гуфт!» Пас Расули Худо (с) фармуд: «Оё дилашро шикофтӣ, то бидонӣ, ки аз бими ҷон гуфта буд?!» Ва ин суханро ба андозае зиёд такрор намуд, ки орзу кардам, кош то он рӯз мусулмон намебудам.
Расули Худо (с) мефармояд: — Лаззати имонро он касе дармеёбад, ки ин се хислат дар ӯ мавҷуд бошад: ин ки Худо ва расулашро аз ҳама бештар дӯст дорад ва ин ки шахсро фақат барои Худо дӯст бидорад ва ин ки пас аз ҳидоят ёфтан ба куфр бозгаштанро зишттар аз он пиндорад, ки дар оташ андохта шавад.
Аз Умар ибни Хаттоб (р) ривоят аст, ки гуфт: «Рӯзе дар назди Расули Худо (с) нишаста будем, ки ногаҳон марди ношиносе ба ҳузури ӯ омад. Дар тан либоси сафед дошт ва дар ӯ асари сафар дида намешуд. Рӯ ба рӯйи Паёмбари Худо (с) нишасту зонуҳояшро ба зонуҳои ӯ расонд ва гуфт: — Эй Муҳаммад! Маро аз дини ислом хабар деҳ. Расули Худо (с) фармуд: — Ислом ин аст, ки шаҳодат бар он диҳӣ, ки нест маъбуде (барҳақ) ба ҷуз Аллоҳ ва Муҳаммад фиристодаи Худост ва ин ки намоз гузорӣ, закот диҳӣ, рӯзаи моҳи рамазон бигирӣ ва агар тавоноӣ дошта бошӣ, ба ҳаҷ биравӣ. Сипас мард гуфт: — Рост мегӯӣ! Мо дар ҳайрат афтодем, зеро ӯ ҳам суол мекард ва ҳам суханони Расули Акрамро (с) тасдиқ менамуд. Мард боз пурсид: — Ба ман бифаҳмон, ки имон чист? Расулуллоҳ (с) фармуд: — Имон ин аст, ки ба Худо, ба фариштагони Ӯ, ба китобҳои Ӯ, ба паёмбарони Ӯ, ба рӯзи қиёмат ва бар он ки тақдири некӣ ва бадӣ аз ҷониби Худованд аст, эътиқод дошта бошӣ. Мард гуфт: — Рост гуфтӣ! — ва боз пурсид: — Эҳсон чист? — Эҳсон ин аст, ки Худоро ҳамчунон ибодат намоӣ, ки гӯё Ӯро мебинӣ ва агар ту Ӯро набинӣ, ба дурустӣ ки Ӯ туро мебинад. Мард боз суол кард: — Қиёмат кай барпо мешавад? Расулуллоҳ (с) гуфт: — Дар ин масъала ҷавобдиҳанда аз суолкунанда маълумоте бештар надорад. Пас мард гуфт: — Маро аз нишонаҳои он хабар деҳ! Расули Худо (с) гуфт: — Ин ки хидматгор молики худро таваллуд кунад. Побараҳнаҳо, фақирҳо ва гуруснаҳои гӯсфандчарон дар бунёди биноҳои баланд миёни худ сабқат кунанд. Сипас он мард аз наздамон рафт ва пас аз чанде Расули Худо (с) пурсид: — Эй Умар, оё медонӣ, ки марди саволкунанда кӣ буд? Ман гуфтам: — Худову Расулаш донотар аст. Расулуллоҳ (с) фармуд: — Ӯ Ҷабраил буд ва барои он омад, ки ба шумо динатонро таълим диҳад».
Рӯзе шутури савории ҳазрати расули Худо (с.в.с.) гум шуд. Пас аз заҳмати бисёр онро ёфтанд ва оварданд. Ҳазрат ба ғулом фармуд: – Магар дар вақти хобонидани шутур зонуҳои ӯро набастӣ? Арз кард: – Набастам ва таваккул ба Худо кардам. Ҳазрат фармуд: – “Иъқал ва таваккул”, яъне аввал зонуи шутурро бубанд ва баъд таваккал кун. Гуфт пайғамбар ба овози баланд: Бо таваккул зонуи уштур бубанд!
Ин суол чанд паҳлӯ дорад: паҳлӯҳои таърихӣ, иҷтимоӣ ва равонӣ. Пеш аз ҳама бояд сабабҳои қадимию навро, ки дар мо ҳисси нафрат ва бадбиниро нисбат ба ғуломдорӣ бедор мекунад, ёдрас шавем. Сабаби аввал нуқтаи назари материализми таърихӣ ба
Гумон мекунам, ки ҳангоми пурсидани суол ҷавобашро ҳам додаанд. Ҳукми ба яксола ибодати нофила баробар будани як соат тафаккур дар ҳадиси заифе тазаккур ёфтааст, аммо гузашта аз ин дар Қуръони Карим оятҳои зиёде ҳастанд, ки ин масъаларо таъйид
Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм, Қулфкушои ҳама дарҳост илм. Бо ту пас аз илм чӣ гӯям сухун? Илм чу ояд, ба ту гӯяд чӣ кун. Оре, илм бузургтарин маъво, асоситарин мафҳум ва маъхазест. ки ҳаёт бо он
Китоби мазкур маҷмӯаи мақолаҳо оид ба масъалаҳои тарбия ва парвариши насли наврас мебошад. Дар он масъалаҳои муҳими омӯзгорӣ ва рушди маърифати хонандагон баррасӣ шудаанд.
Китоб ба волидон ва омӯзгорон дар бобати тарбияи кӯдакон, рушди шахсият ва ноил шудан ба муваффақият маслиҳат медиҳад. Дар он роҳҳои рушди қобилиятҳои кӯдак ва омода кардани ӯ ба ҳастии мустақилона баррасӣ шудаанд.
Ривоят мекунанд, ки дар замони Паёмбари Ислом ҳазрати Муҳаммад (с) марде бо номи Саъд зиндагӣ мекард. Ӯ бисёр камбағал буд ва аз ҷумлаи асҳоби Суффа ба шумор мерафт. Саъд марди ибодаткор буд. Ҳар рӯз панҷ вақт намозашро дар масҷид, аз паси Расули Худо
Дар китобча тавсияҳо барои падару модарон гирд оварда шудаанд, ки барои таълиму тарбияи фарзанд муфиданд. Китоб ба волидайн кӯмаки амалӣ мерасонад.
Дар робита ба ин мавзӯъ он қадар зиёд гуфта ва навиштаанд, ки ҷойи шубҳа намондааст. Дар ин фурсати кӯтоҳ якчанд нуктаи муҳимро ёдрас мекунам. Даъвои он ки Қуръони Каримро Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ва ё нафари дигар эҷод кардааст,
Қуръон аз азал омадааст ва то абад боқӣ мемонад. Қуръони муъҷизулбаён, ки аз илми азалии Худованд сарчашма мегирад, масъалaҳои замони мо ва замони ояндаро бо вазъи феъливу аҳволи ояндаи инсон ба таври хориқулода шарҳ медиҳад. Муъҷизаи Қуръон аз ҳамин
Ин ҳикоят дар бораи яке аз шайхони қадимии Хуросон аст. Иброҳими Адҳам нақл мекунад: «Рӯзе дар роҳе, ки аз Куфа ба Макка мерафт, бо марде ҳамсафар шудам. Вақте вақти намози шом фаро расид, он мард намози фарзро адо кард. Сипас ду ракъат намози кӯтоҳ гузорид ва зери лаб чизе гуфт. Ногаҳон аз тарафи рости ӯ косае ва кӯзаи обе пайдо шуд. Худаш аз он об нӯшид ва ба ман низ дод. Баъдтар ин воқеаро ба яке аз шайхони бузург, ки соҳиби кароматҳо буд, нақл кардам. Шайх гуфт: — Эй фарзанд, он мард бародари ман Довуд аст! Сипас дар бораи фазилатҳо ва бузургии Довуд он қадар сухан гуфт, ки ҳамаи ҳозирони маҷлис ба гиря даромаданд. Он гоҳ афзуд: — Довуд аз яке аз деҳаҳои Балх аст. Он деҳа ҳақ дорад бар ҳамаи деҳаҳои дигар ифтихор кунад, зеро чунин марди бузурге аз он ҷо бархостааст. Баъд шайх аз ман пурсид: — Довуд ба ту чӣ омӯхт? Гуфтам: — Исми аъзами Худовандро. Пурсид: — Он кадом ном аст? Ҷавоб додам: — Он ном дар дили ман он қадар бузург ва муқаддас аст, ки наметавонам онро ба забон оварам». Маънои ҳикоят Дар ин ҳикояти ирфонӣ се нукта таъкид мешавад: Каромат: Пайдо шудани обу зарфҳо ҳамчун каромати шайх Довуд нақл шудааст. Исми аъзам: Дар анъанаи исломӣ ба номи бузурги Худованд ишора мекунад, ки бо он дуо кардан фазилати махсус дорад. Нигоҳ доштани сирри маънавӣ: Иброҳими Адҳам аз гуфтани он ном худдорӣ мекунад, зеро онро бисёр азизу муқаддас медонад.
Ин китоб аз шеърҳои тарбиявӣ ва омӯзгорӣ барои кӯдакон иборат аст. Шеърҳо ба хондани китоб, эҳтироми калонсолон ва дӯст доштани Ватан даъват мекунанд.
Вақте номи «ҳаққи мардум» ё «ҳаққуннос»-ро мешунавем, одатан ба ёди пул, қарз, молу мулки мардум ва муомила меафтем. Бале, ҳамаи инҳо ҳаққи мардуманд ва Ислом дар бораи поймол кардани онҳо сахт ҳушдор додааст. Аммо ҳаққи мардум танҳо ҳамин нест. Баъзан ҳаққи мардум дили шикаста, обрӯи рехта, рӯҳи озурда ва захмест, ки бо чашм дида намешавад. Ҳаққи мардум ин аст, ки моли дигаронро нахӯрем, дар муомила фиреб надиҳем ва қарзи касеро бе сабаб ба таъхир наандозем. Яъне ба ҷони инсонҳо эҳтиром гузорем, касеро назанем, натарсонем ва ба ӯ осеб нарасонем. Яъне нисбат ба моли ятим эҳтиёткор бошем ва дар ҳаққи ӯ зулм накунем. Яъне обрӯи мардумро ҳифз кунем, тӯҳмат назанем, ғайбат накунем ва сирри касеро фош насозем. Аммо як ҳақиқати муҳимро баъзан фаромӯш мекунем: Дил ва шахсияти инсон низ ҳурмат дорад. Бо дасту забонамон дигаронро озор надиҳем. Таҳқир накунем, дашном надиҳем, масхара накунем, эҳсосоти касеро бозича насозем ва қасдан дили касеро нашиканем. Аллоҳ мутаъол мефармояд: «Ва бо мардум сухани нек бигӯед.» Сураи Бақара, ояти 83 Расули Худо ﷺ фармудаанд: «Мусалмон касест, ки мусалмонон аз забон ва дасти ӯ дар амон бошанд.» Саҳеҳи Бухорӣ, ҳадиси 10; Саҳеҳи Муслим, ҳадиси 40. Баъзан инсон молашро аз даст медиҳад ва боз онро ба даст меорад, хонаашро аз даст медиҳад ва боз месозад. Аммо дили шикаста ва эътимоди аз даст рафта ҳамеша ба осонӣ барқарор намешавад. Чӣ қадар падароне ҳастанд, ки бо як ҷумла дили фарзандашонро шикастаанд... Чӣ қадар ҳамсароне ҳастанд, ки дар лаҳзаи хашм суханеро гуфтаанд, ки солҳо дар қалби ҳамсарашон боқӣ мондааст... Чӣ қадар инсонҳое ҳастанд, ки дар назди дигарон таҳқир шудаанд, табассум кардаву хомӯш мондаанд, аммо вақте ба танҳоӣ рафтаанд, ҳамон сухан борҳо дар зеҳнашон такрор шудааст. Ва дардноктар аз ҳама ин аст: Касе, ки дили дигареро мешиканад, шояд баъд аз чанд дақиқа фаромӯш кунад, ки чӣ гуфтааст. Аммо шахси ранҷидашуда метавонад он суханро солҳо бо худ бардорад. Пас, ҳаққи мардумро танҳо ба пулу мол маҳдуд накунем. Обрӯ, оромӣ, иззат ва дили инсонҳо низ ҳурмат доранд. Агар касеро ранҷонда бошем, узр бихоҳем. Агар ҳаққеро поймол карда бошем, ҷуброн кунем. Агар диле шикаста бошем, то ҷое ки метавонем барои шифо ёфтани он кӯшиш кунем. Пеш аз он ки бо як ҷумла касеро бишканем, лаҳзае таваққуф кунем ва аз худ бипурсем: Агар ҳамин суханро ба ман мегуфтанд, ҳоли ман чи мешуд? Забонамонро озод нагузорем, ки ҳар чӣ мехоҳад бигӯяд. Зеро шояд танҳо як калима аз даҳони мо берун шавад, аммо он калима солҳо дар қалби шахси дигар боқӣ монад. Ҳаққи мардумро ҷиддӣ бигирем, на танҳо он ҷо, ки сухан аз пулу мол меравад, балки ҳар ҷо, ки ҳақ, обрӯ, оромӣ ва иззати як инсон дар миён аст. Худовандо! Моро аз зулм кардан ба бандагонат нигоҳ дор. Ва агар ҳаққи касе бар гардани мо бошад, ба мо тавфиқи ҷуброн кардан, узр хостан ва талаби бахшишро ато фармо.
Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Эй шаби уммеди маро моҳи нав! Дидаи бахтам ба ҷамолат гарав. Аз паси сӣ рӯз барояд ҳилол, Рӯй намудӣ ту пас аз шаст сол. Соли ту чор аст ба вақти шумор, Чори ту чил боду чилат бод чор... Мекунам аз хомаи ҳикматнигор Баҳри ту ин номаи ҳикмат нигор. Гарчи
Аз сюжети достон чунин ба назар мерасад, ки Искандар аз рӯзе, ки ба сари тахт нишаст, дар кишвар адлу адолатро барқарор намуд. Сониян, ба ҳар мамлакате, ки мерафт, барои ободию осудагии мардуми он саъю кӯшиш мекард, шаҳрҳои нав месохт. Аз ин ҳиҳат
Ба дандон рахна дар пӯлод кардан, Ба нохун роҳ дар хоро буридан, Фурӯ рафтан ба оташдон нагунсор, Ба пилки дида оташпора чидан, Ба фарқи сар ниҳодан сад шутур бор, Зи Машриқ ҷониби Мағриб давидан, Басе бар Ҷомӣ осонтар намояд, Ки бори миннати дунон
«Аҳмади Дониш» Аҳмади Дониш нависандаи маъруф, мутафаккири барҷаста, шоир, рассом ва хаттоти номдор, меъмор ва олими намоёни нимаи дуюми асри 19, саромади ҷараёни маорифпарварии Осиёи Миёна ва бунёдгузори равияи маорифпарварии адабиёти тоҷик аст. Номи ӯ
Агар ду бародар ниҳад пушт, пушт, Тани кӯҳро хок молад ба мушт. Бузургӣ саросар ба гуфтор нест, Дусад гуфта чун ними кирдор нест. Чу некӣ кунад кас, ту подош кун ва агар бад кунад, низ пархош кун. Ба ранҷ андар аст, ай хирадманд, ганҷ, Наёбад касе
Дона чун андар замин пинҳон шавад, Сирри ӯ сарсабзии бӯстон шавад. Кори поконро қиёс аз худ магир, Гарчи монад дар навиштан шер шир. Кори мардон рӯшаниву гармӣ аст, Кори дулон ҳилаву бешармӣ аст. Чун ғараз омад. ҳунар пӯшида шуд, Сад ҳиҷоб аз дил ба
Фикрҳои панду ахлоқии шоир Андешаҳои ахлоқии Сайидо бештар дар ғазалҳояш ба тарзи пароканда баён шудаанд. Шоир таъкид менамояд, ки инсон бояд меҳнат кунад ва бо обилаи кафи даст нон хӯрад. Боғбон ҳам, ки ризқи худро ё нони худро ба воситаи меҳнат аз
Бо сухан мардум омадааст падид, Бо сухан ҷони ӯ расад ба ҷинон. Сухан ганҷинаи бузургест, ки баробари аз забон падид омаданаш чун дурри гарон ва ҷилобахши шунавандаро ба худ ҷалб менамояд. Хоҳ ҷолиб бошад, хоҳ не. Сухан тиреро мемонад, ки баробари аз
Оё боре эҳсос кардаед, ки зиндагии шумо ба як садои беохири иттилоотӣ табдил ёфтааст? Стресс, изтироб ва ҳазорон андешаи беҳуда дар зеҳни мо як навъ бесарусомонии квантиро ба вуҷуд меоранд. Донишмандон чунин ҳолати бесарусомониро бо мафҳуми «энтропияи
Дӯстони азиз, лутфан фикр кунед. Се нафар айнан як амали ҷисмониро анҷом медиҳанд: ҳар се аз тиреза ба дохили хона медароянд. Барои дурбини назоратӣ ё як раҳгузари одӣ амали ҳар се як хел менамояд. Аммо аз нигоҳи майдони квантӣ воқеиятҳои онҳо комилан
Яке аз хушктарин ва беобу гиёҳтарин минтақаҳои ҷаҳон биёбони Саҳрои Кабир аст. Аммо ин биёбон бо ҷангалҳои Амазонка, ки дар қитъаи дигар — Амрикои Ҷанубӣ ҷойгиранд, чӣ робита дорад? Чӣ
Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Сарвату шуҳрат нишонаи он нест, ки Худованд касеро бештар дӯст медорад, ва фақру беморӣ ҳам далели он нест, ки инсон ҳатман бадкор аст ё Худованд аз ӯ норозист. Қуръон ҳатто ин андешаро ислоҳ мекунад: инсон гоҳе вақте неъмат мебинад, мегӯяд «Парвардигорам маро гиромӣ дошт», ва вақте ризқаш танг мешавад, мегӯяд «маро хор кард». Сипас мефармояд: «Калло» — чунин нест (Сураи Фаҷр, 15–17). Яъне ҳам неъмат ва ҳам сахтӣ метавонанд имтиҳон бошанд. Касе, ки мол дорад, бо моли худ санҷида мешавад: оё шукр мекунад, ба дигарон ёрӣ медиҳад, ҳалолу ҳаромро риоя мекунад? Касе, ки ба беморӣ, камбизоатӣ ё ғам гирифтор шудааст, бо сабр, умед ва рафтораш дар он ҳолат санҷида мешавад. Бисёр паёмбарон, ки аз маҳбубтарин бандагони Худованд буданд, сахтиҳои бузург диданд. Айюб (а) бемории сахт кашид, Юсуф (а) ба чоҳ ва зиндон афтод, Паёмбар Муҳаммад ﷺ аз даст додани наздикон, озору таъқиб ва гуруснагиро аз сар гузаронд. Пас сахтӣ маънои «Худо туро дӯст намедорад» надорад. Аз тарафи дигар, сарвати зиёд ҳам ҳатман мукофот нест. Баъзан метавонад имтиҳони бисёр вазнин бошад. Қуръон мегӯяд: «Молу фарзандони шумо танҳо озмоишанд.» Сураи Тағобун, ояти 15 Пас беҳтар аст зиндагии одамонро чунин набинем: «ӯ сарватманд аст — пас назди Худо беҳтар аст; ӯ камбағал ё бемор аст — пас гуноҳе кардааст». Мо сабаби ҳамаи мусибатҳои шахсиро намедонем. Меъёри аслии арзиши инсон назди Худованд тақво аст, на сарват, мансаб ё шуҳрат: «Гиромитарини шумо назди Худованд парҳезгортарини шумост» (Ҳуҷурот, 13).
Озмоиши инсон барои он нест, ки Худованд чизеро, ки намедонад, бифаҳмад. Илми Худо комил аст ва Ӯ пешакӣ медонад, ки ҳар инсон чӣ интихоб мекунад. Ҳикмати озмоиш бештар ба худи инсон вобаста аст: то он чизе, ки инсон бо ихтиёри худ интихоб мекунад, дар амал зоҳир шавад ва подош ё ҷазо бар асоси амали воқеии ӯ бошад, на танҳо бар асоси дониши пешакии Худо. Мисоли сода: омӯзгор метавонад аз шогирди худ хуб огоҳ бошад ва бидонад, ки ӯ эҳтимолан аз имтиҳон мегузарад ё ноком мешавад. Аммо ба ҳар ҳол имтиҳон мегирад, то натиҷа бо амали худи шогирд собит гардад. Ҳамин тавр: Худованд медонад, вале инсонро маҷбур намекунад; инсон интихоб мекунад ва барои интихоби худ масъул аст; зиндагии дунё майдони озмоиш аст, то имон, сабр, адолат, некӣ ва дигар амалҳои инсон зоҳир шаванд. Қуръон мефармояд: «Ӯ марг ва зиндагиро офарид, то шуморо биозмояд, ки кадоматон некӯкортаред.» (Сураи Мулк, ояти 2) Яъне озмоиш барои зиёд шудани илми Худо нест, балки барои зоҳир шудани интихоби инсон ва барпо шудани адолат аст. Яъне озмоиши дунё барои он нест, ки Худо фаҳмад инсон чӣ мекунад, балки то худи инсон ҳам худро бишиносад: фаҳмад, ки дар интихобҳо, душвориҳо, неъматҳо ва масъулиятҳо чӣ гуна рафтор мекунад. Масалан, инсон шояд фикр кунад: «Ман сабр дорам», аммо сабр вақте маълум мешавад, ки бо мушкилӣ рӯ ба рӯ гардад. Ё мегӯяд: «Ман ростқавлам», вале ростқавлӣ ҳангоми манфиат ва зарар санҷида мешавад. Пас метавон гуфт: дунё майдони озмоиш аст, то инсон бо интихоби худ ҳақиқати ботинии худро дар амал бинад ва бишиносад.
Худованд оламро аз рӯйи ниёз наофаридааст, зеро Ӯ ба ҳеҷ чиз муҳтоҷ нест. Офариниш ба ирода ва ҳикмати Ӯ вобаста аст. Қуръон мефармояд: «Ман ҷинну инсро танҳо барои он офаридам, ки Маро ибодат кунанд.» (Сураи Зориёт, 56) Яъне яке аз ҳикматҳои офариниши инсон ин аст, ки Худоро бишиносад, Ӯро ибодат кунад ва дар имтиҳони зиндагӣ роҳи худро интихоб намояд. Аммо саволи «чаро Худо оламро пештар наофарид?» каме нозук аст. “Пештар” ва “дертар” ба вақт вобастаанд, дар ҳоле ки худи вақт низ қисми олами офаридашуда аст. Пеш аз офариниши олам, ба маънои одии мо “вақти гузашта” вуҷуд надошт, ки бигӯем Худованд муддате интизор шуд ва баъд оламро офарид. Ба забони сода: Худованд танҳо чизҳои дохили оламро не, балки замонро низ офаридааст. Аз ҳамин сабаб, пурсидани «чаро пештар?» монанди он аст, ки бипурсем: «Аз нуқтаи оғози вақт боз ҳам чанд соат пештар чӣ буд?» — худи “соат” ва “пештар” ҳанӯз вуҷуд надошт. Пас дар ақидаи исломӣ олам дар ҳамон ҳангоме офарида шуд, ки Худованд бо ирода ва ҳикмати худ хост; на аз рӯйи маҷбурият ва на аз сабаби тағйир ёфтани ниёзе дар Ӯ.
Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
