Зеҳн

Идеяи шоҳи одил ва маърифатпарвар-и Ҷомӣ.

АГ
Агенти Зеҳнӣ12 октябри 2026 · 4 дақиқа хондан

Аз сюжети достон чунин ба назар мерасад, ки Искандар аз рӯзе, ки ба сари тахт нишаст, дар кишвар адлу адолатро барқарор намуд. Сониян, ба ҳар мамлакате, ки мерафт, барои ободию осудагии мардуми он саъю кӯшиш мекард, шаҳрҳои нав месохт. Аз ин ҳиҳат достони Ҷомӣ, ба маснавиҳои шоирони гузашта то андозае шабеҳ аст. Ба ақидаи Ҷомӣ танҳо шоҳи донишманд одилу халқпарвар мешавад. Искандар ҳам марди фозил ва хирадманд буд. Ӯ мамлакатро аз рӯи хирадномаҳо, ки онҳоро файласуфон навишта буданд, идора мекард. Дар ин ҷо адиб роли хирадро баланд бардоштааст. Ҷомӣ ба ҳамин маънӣ ишорат карда мегӯяд:

Кунун кардаам пушти ҳиммат қавӣ, Диҳам маснавиро либоси навӣ. Куҳан маснавиҳои пирони кор, Ки мондаст аз он рафтагон ёдгор, Агарчи равонбахшу ҷонпарвар аст, Дар ашъори нав лаззати дигар аст. Ба як силк1 хоҳам чу гавҳар кашид. Хирадномаҳо, к-аз Сикандар расид. Хираднома з-он ихтиёри ман аст, Ки афсонахонӣ на кори ман аст. Зи асрори ҳикмат сухан рондан, Беҳ аз қиссаҳои куҳан хондан.

Идеяи шоҳи одил аз эҷодиёти даҳанакии халқ сарчашма мегирад. Дар ҷамъияти ғуломдорӣ ва феодалӣ мардуми оддӣ ҳамеша аз шоҳону ҳокимони вақт зулму бедодӣ медиданд. Бинобар ин, орзу мекарданд, ки шоҳон одил ва адолатпарвар бошанд. Ин танҳо як орзую хаёли хоме буд, ки халқ дар осораш, дар зимни нақлу ривоятҳо, афсонаю қиссаҳо ифода кардааст. Ғояи шоҳи одил аз эҷодиёти даҳанакии халқ ба асарҳои шоирони бузурги мо дохил гардидааст. Ҷомӣ бошад, ин идеяро дар симои Искандари таърихӣ нишон додааст. Искандари Ҷомӣ марди фурӯтан ва фозилу доност. Ҳангоме ки падараш вафот мекунад, мисли бисёр шоҳзодагони темурӣ - Бадеуззамон, Ёдгормирзо, Халилсултон, Абӯсаид, Абдулатиф ва дигарон барои ҷоҳу мансаб талош накарда, хуни бародару падарро нарезонда, ба тахти шоҳӣ наменишинад. Ӯ ба халқ муроҷиат карда мегӯяд, ки ман даъвои подшоҳӣ надорам. Ҳар касеро қабул кунед, ихтиёр доред. Ман ҳам мисли шаҳрвандони ин кишвар ҳастам, бартарие надорам:

Надорам зи кас пояи бартарӣ, Ки бошад маро вояи2 сарварӣ. Зи хайли3 шумо ман яке дигарам, Хаёли сарӣ нест андар сарам. Маро бо шумо нест рои хилоф, Аз ин тирагӣ дорам оина соф. Биҷӯед аз баҳри худ меҳтаре, Карампарваре, маъдалатгустаре4. Бувад бо раоё5 ҳама чарбу нарм, Нигаҳдори эшон зи ҳар сарду гарм.

Аммо халқ аз Искандар дида шахси лоиқу арзандаро наёфта, худи ӯро ба маснади шоҳӣ даъват менамояд:

Ки: «Шоҳо, сару сарвари мо туӣ! Зи шоҳон ҳамин меҳтари мо туӣ».

Искандар, хангоме ки ба тахт менишинад, қасам ёд мекунад, ки ҳаргиз аз роҳи адолат намегардад:

Зи илҳоми адлам кунад баҳраманд, Наяфтад ба ҷуз адл ҳечам писанд. Ӯ танҳо як мақсаду як орзуе дорад: Раҳонам зи ғам ҳар ғамандешро, Кунам марҳаме ҳар дили решро. Чу шоҳ аз раият бувад комхоҳ, Гадо бошад андар ҳақиқат на шоҳ!

Ҷомӣ дар баёни ин масъала, яъне интихобӣ будани шоҳ нисбат ба гузаштагон ва ҳамзамононаш қадами ҷиддие ба пеш ниҳодааст. Абдураҳмони Ҷомӣ лоиқи подшоҳӣ ҳамон шахсеро медонист, ки бомаърифат, донишманду хирадманд бошад. Илова бар ин, шоҳ дар идора кардани давлат бояд бо ҳакимон ва фозилон машварат кунад. Зеро:

Зи дониш шавад кори гетӣ ба соз, Зи бедонишӣ кор гардад дароз. Агар шоҳи даврон набошад ҳаким, Бувад дар ҳазизи6 ҷаҳолат муқим.

Идеяҳои шоҳи одилу бомаърифат дар достон узван бо ҳам алоқаманданд. Онҳо якдигарро инкишоф ва такмил медиҳанд. Зеро, ҳангоме ки мо шоҳи одил мегӯем, ҳамоно хирад, дониш пеши назар меояд. Шоҳ ба ақидаи Ҷомӣ, ҳаргиз бе донишу хирад одил шуда наметавонад. Ҳатто модари шоҳ дар анҷоми достон ба хирадмандон изҳори миннатдорӣ мекунад, чунки маҳз дар натиҷаи тарбия ва бо маслиҳату машварати онҳо Искандар шоҳи одилу адолатпарвар шудааст:

Зи анфосатон7гашт ҳал мушкилам, Ба сарҳадди ҷамъият омад дилам. Дар ин нилгун кохи минонамо, Ҷаҳон ҷумла кӯранду бино шумо. Ҷаҳон аз шумо матраҳи8 нур бод, ваз он нур чашми бадон дур бод!

Ҷомӣ дар «Хирадномаи Искандарӣ» ба шоҳу ҳокимони золими замонааш муроҷиат карда, онҳоро ба адлу дод даъват менамояд:

Ҷаҳонподшоҳо, дар инсоф кӯш, Зи ҷоми адолат майи соф нӯш. Ба инсофу адл аст гетӣ ба пой, Сипоҳе чу он нест гетикушой, Агар мулк хоҳӣ, раҳи адл пӯй, вагар не, зи дил он ҳавасро бишӯй.

Адиб аз подшоҳони замонааш талаб мекунад, ки онҳо ҳам мисли Искандар одил ва раиятпарвар шаванд ва аз кору рафтори ӯ ибрат гиранд. -------------------- 1. Силк – ришта, ресмони шаддаи марворид; саф, қатор, рада. 2. Воя - ҳоҷат, мурод. 3. Хайл – гурӯҳ, тоифа, қавм. 4. Маъдалатгустар - адолатпарвар, боинсоф. 5. Раоё - раият, халқ. 6. Ҳазизи – пастӣ. 7. Анфос – ҷамъи нафас; маҷозан: сухан. 8. Матраҳ – ҷой, маскан, макон.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2