
Ахбор
Огоҳӣ аз рӯйдодҳои ҷаҳон - аз воқеаҳои иқтисодӣ, илмӣ, технология ва фарҳанги кишварҳои гуногун бохабар мешавед.
ҚУВВАТ ДАР ҲАМҶИҲАТИСТ
Дар як деҳа чор ҳамсоя зиндагӣ мекарданд. Ҳар яке фикру одати худро дошт. Боре байни онҳо нофаҳмӣ пайдо шуд ва ҳар кас танҳо ба манфиати худ меандешид. Кори деҳа суст шуд, ободонӣ қатъ гашт. Як рӯзи дигар пири хирадманде ба деҳа омад. Ӯ чӯбдастаро оварда, аввал як-як шикаст. Сипас чанд чӯбро якҷо баст ва гуфт: — Акнун бишканед. Ҳеҷ кас натавонист онҳоро шиканад. Пир гуфт: — Ин мисоли зиндагист. Агар пароканда бошед, суст мешавед. Агар ҳамҷиҳат бошед, қавӣ мегардед. Ҳамсояҳо дарк карданд, ки танҳо бо ҳамдигарфаҳмӣ метавонанд пеш раванд. Онҳо боз бо ҳам даст ба даст дода, деҳаро обод карданд. Аз ҳамон рӯз ин панд дар дили мардум монд: ҳамҷиҳатӣ калиди пешрафт аст.
Ду рӯбоҳ
Ду рӯбоҳ дар миёни деҳа бо ҳам ҷанҷол мекарданд ва мардум ҳам гирд омада, ба тамошо машғул буданд. Ҳама дар ҳайрат буданд ва сабаби ин ҷанҷолро меҷустанд. Буме аз болои дарахт ин саҳнаро тамошо карда, механдид. Яке пурсид: Ту чаро механдӣ? Бум гуфт: Дар паси ин ҷанҷол як ҳилае ҳаст. Инҳо ҳама дар як минтақа зиндагӣ мекунанд ва ҳеҷ гоҳ бо ҳам ҷанҷол намекунанд. Ин ҷанҷол сохта аст. Онҳо шуморо машғул кардаанд, то дигар рӯбоҳҳо битавонанд оромона мурғу хурӯсҳоятонро бибаранд. Вақте мардум ба хонаҳояшон бармегарданд, доду фарёд баланд мешавад. Яке мегӯяд: Хурӯсам нест! Дигаре фарёд мезанад: Мурғам куҷост? Аз ҳар гӯша садои «Ай дод!» баланд мешавад. Бум сарашро меҷунбонад ва ба содалавҳии мардум афсӯс мехӯрад, зеро ин кор чанд бор такрор шуда буд. Баъзан дар ҷаҳони имрӯз низ чунин саҳнаҳоро мебинем: ду нафар, масалан, блогерҳо, бо ҳам баҳс мекунанд, якдигарро танқид мекунанд ва мардумро ба тамошои ин ҷанҷол мекашанд. Мардум бошад, ба ҷонибдории ин ё он тараф машғул шуда, вақт, қувва ва оромии худро сарф мекунанд. Шояд мо ба ҷанҷоли онҳо чунон машғул шавем, ки фаромӯш кунем: дар ин миён чӣ чизеро аз даст медиҳем? Мумкин аст, ки вақти мо диққати мо, қувваи мо, баъзан ҳатто пул ва оромии мо аз даст раванд. Пас, пеш аз он ки ба ҳар ҷанҷол ҳамроҳ шавем, як лаҳза андеша кунем: шояд ин ҳамон «ҷанҷоли рӯбоҳҳо» бошад?
Адабиёти форсӣ
Ҳенри Моссе дар донишгоҳи Сурбании Фаронса дар робита ба адабиёти форсӣ чунин гуфтааст: Ман умрамро вақфи адабиёти форсӣ кардам ва барои ин, ки ба Шумо, устодон ва равшанфикрони чаҳон бишносонам, ки ин адабиёти аҷиб чист, чорае надорам ҷуз ин, ки ба муқоиса бипардозам ва бигӯям, ки адабиёти форсӣ бар чор сутуни аслӣ устувор аст: Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҳофиз ва Мавлоно Ҷ.Балхӣ Фирдавсӣ ҳамсанг ва ҳамтои Ҳумери юнонӣ аст ва бартар аз ӯ... Саъдӣ Анатол Франси файласуфро ба ёди мо меорад ва донотар аз ӯ Ҳофиз ба Гётеи олмонӣ қобили қиёс аст, ки ӯ худро шогирди Ҳофиз ва зинда ба насиме, ки аз ҷаҳони ӯ ба машомаш расида, мешуморад... Аммо, Мавлоно Дар ҷаҳон хеч чеҳраеро наёфтам, ки битавонам Мавлоноро ба ӯ ташбеҳ кунам, ӯ ягона аст ва ягона боқӣ хоҳад монд. Ӯ фақат шоир нест, балки бештар ҷомеашинос аст ва бавижа равоншиносе комил, ки зоти башар ва Худовандро дақиқ мешиносад. Қадри ӯро бидонед ва ба василаи ӯ худро ва Худоро бишносед ва ман агар то поёни умрам дигар ҳарфе назанам, ҳамин чанд ҷумла бароям кофӣ аст.
ҲИФЗИ ВАТАН ШАРАФ АСТ!
Хиёнат манфуртарин амал аст ва хиёнаткор ба ҳеч ваҷҳ бахшиданӣ нест! Замон имрўз аз мо талаб мекунад, ки ҳар чи бештар ба ин масъала диққат диҳем. Зеро дар шароити ҷаҳонишавӣ, ки ҳама ҷо бонги изтироб аз хатари терроризму ифротгароӣ ба гўш мерасад, мубориза бо тахрибкорон зарурати бештар пайдо кардааст. Ҳифзи Ватан амали ифтихорию пуршараф аст. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» аз ҷумлаи муҳимтарин аснодест, ки даъвати ҷавононро ба сафи Артиши миллӣ ба танзим медарорад. Мутобиқи моддаи 7и қонуни мазкур дар ду даъват – баҳор ва тирамоҳ ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ фаро гирифта мешаванд. Ба назар мерасад, ки ҳисси ватандўстии ҷавонон сол то сол қавитар мешавад. Дар ин самт саҳми муассисаҳои таълимӣ ва кормандони комиссариатҳои ҳарбии шаҳру навоҳӣ дар ҳамбастагӣ бо мақомоти маҳал хеле бузург аст. Дар шаҳри Роғун лейтенанти калон Абдуқодир Раҳимов яке аз кормандони фаъоли комиссариати ҳарбӣ мебошад. Ин ҷавон маълумоти олии омўзгорӣ дошта, айни ҳол дар курси 3и Академияи идоракунии назди Президенти Тоҷикистон таҳсил мекунад. Чун хидмати ҳарбиро хуб ба анҷом расонид, ўро ба вазифаи сардори зершуъбаи даъват ва тайёрии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ таъйин карданд. Кордонӣ, муносибати хуб бо мардум ва масъулиятшиносияш ўро ба зудӣ миёни ҷомеа соҳибэҳтиром гардонданд. Ҳар куҷо чунин ҷавонон бошанд, ҳисси ватандўстии аҳли ҷомеа бештар мегардад.
Анҷумани дӯстӣ
Аё устод шогирд аз ту розӣ, Зи иқболи баландат сарфарози . Ниҳолони дабистонат гулафшон, Кабӯтарбачаҳои ту парафшон. Дар олам кошта тухми накӯӣ, Ҳамеша растагориро биҷӯӣ. Макони панду лоиқ бандаи ту, Ба поят сар ниҳам арзандаи ту. Гулу гулдастаҳо бошад нисорат Худовандо ҳамеша бод ёрат Баҳори умратон бодо гулафшон, Дуогӯи шумо бошад дурахшон Имрӯзҳо дар сартосари кишвари азизам ид аст иди омӯзгор. Иди Шоирону нависандагон ва иди тамоми аҳли қалам аст, чунки ҳама омӯзгоранду ҳама тарбиятгар. Имрӯз дар ноҳияи Деҳнав дар сарои Афсона бо ташаббӯси маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони ноҳияи Деҳнав бахшида ба рӯзи устодон ва мураббиён зери унвони "Анҷумани дӯстӣ" чорабинии бошукӯҳе баргузор гардид. Дар чорабинӣ омӯзгорон, шоиру нависандагон, фаъолони марказҳои мухталиф, суханварон ва ҳофизон иштирок доштанд. Дар ин чорабинии хотирмон омӯзгороне, ки бо фаъолиятҳои назарраси худ саҳми арзандаи хешро дар роҳи таълиму тарбияи насли наврас, илму фарҳангу миллат гузоштаанд бо лавҳи сипос ва нишони сарисинагӣ тақдиронида шуданд. Фаъолияти бистсолаам дар роҳи таълим ва талошҳои пайвастаи бандаро ба инобат гирифта маро низ бо ин тӯҳфаи арзанда нишони Эҳтироми бузург мушарраф намуданд. Ман ин лаҳзаҳои хотирмонро Бо қалби лабрез аз эҳтиром ва шукри беандоза , ки бо нишони ифтихории Маркази мадании тоҷикон сарфароз гаштам, бо эҳсоси ифтихори бузург истиқбол менамоям. Қадрдонии Шумо — ин танҳо як унвон нест, балки ин оинаест, ки дар он меҳнати солҳо, муҳаббат ба миллати хеш ва садоқат ба арзишҳои волои фарҳанги форсӣ инъикос ёфтааст. Ин нишони муқаддас маро ба андеша водор мекунад, ки роҳи интихобкардаам роҳи дуруст аст — роҳи хидмат ба миллат, роҳи нигоҳбонӣ аз ганҷи фарҳанг, роҳи бедорсозии худшиносӣ ва ваҳдати миллист. маркази муҳтарами тоҷикон бо фаъолияти фарҳангӣ ва инсонпарваронаи хеш, қалбҳоро ба ҳам наздик ва рӯҳҳоро бо ифтихори миллӣ пурнур месозад. Мо ифтихор дорем, ки меҳнати мо дар назари чунин маркази бонуфуз арзишманд дониста шуд. Аз самими дил ба Шумо ва кулли аъзои марказ барору муваффақият, дили гарму нияти пок ва тавоноии бештар дар роҳи хизмат ба миллати тоҷик орзумандам. Бо иродаи ва самимияти бепоён
Дар вилояти Суғд неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори умумии 200 МВт бунёд карда мешавад
Дар вилояти Суғди Тоҷикистон неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори умумии 200 МВт бунёд мегардад. Ин ва дигар масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар шаҳри Душанбе зимни мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо ноиби президенти ширкати «China Energy Overseas Investment Co., Ltd.» Ли Яҳонг баррасӣ гардиданд. АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки мусоҳибон дар мулоқот масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, аз ҷумла бунёди неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори умумии 200 МВт дар вилояти Суғдро баррасӣ намуданд. Ҷонибҳо барои идомаи ҳамкорӣ ва таҳкими муносибатҳои шарикӣ ба хотири татбиқи лоиҳаи муштарак изҳори омодагӣ карданд.
Дар Тоҷикистон сомонаи сифати ҳаво фаъол гардид
Аз ҷониби Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ сомонаи сифати ҳаво таҳия гардида, ба фаъолият шуруъ намуд. АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносӣ иттилоъ медиҳад, ки шаҳрвандон метавонанд вобаста ба ҳолати воқеии сифати ҳаво дар мамлакат аз ин сомона бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ маълумоти дақиқ пайдо намоянд.


Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Дунё