Зеҳн

Ахбор

Огоҳӣ аз рӯйдодҳои ҷаҳон - аз воқеаҳои иқтисодӣ, илмӣ, технология ва фарҳанги кишварҳои гуногун бохабар мешавед.

3 аъзоаз 18 июли 2026
Ахбор·Ахбор·2 моҳ пешНашрия

Дар вилояти Суғд неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори умумии 200 МВт бунёд карда мешавад

Дар вилояти Суғди Тоҷикистон неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори умумии 200 МВт бунёд мегардад. Ин ва дигар масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар шаҳри Душанбе зимни мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо ноиби президенти ширкати «China Energy Overseas Investment Co., Ltd.» Ли Яҳонг баррасӣ гардиданд. АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки мусоҳибон дар мулоқот  масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, аз ҷумла бунёди неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори умумии 200 МВт дар вилояти Суғдро баррасӣ намуданд. Ҷонибҳо барои идомаи ҳамкорӣ ва таҳкими муносибатҳои шарикӣ ба хотири татбиқи лоиҳаи муштарак изҳори омодагӣ карданд.

0
Ахбор·Ахбор·3 моҳ пешНашрия

Дар Тоҷикистон сомонаи сифати ҳаво фаъол гардид

Аз ҷониби Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ сомонаи сифати ҳаво таҳия гардида, ба фаъолият шуруъ намуд. АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносӣ иттилоъ медиҳад, ки шаҳрвандон метавонанд вобаста ба ҳолати воқеии сифати ҳаво дар мамлакат аз ин сомона бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ маълумоти дақиқ пайдо намоянд.

0