Зеҳн
ВАҚТЕ КИ БОЛОИ ШАҲР БОРОН МЕРЕХТ

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 59 саҳифа

Қисса

Рофеи РАБИЗОД
ВАҚТЕ КИ БОЛОИ ШАҲР БОРОН МЕРЕХТ
Дар хилвати канорае роҳаки нимнамоён, ки миёни майсаҳо аз аҳён-аҳён гузаштани мошин пайдо гардида буд, аз роҳи асосӣ, яъне аз роҳи мумфарш ҷудо шуда, теппаро тоб хӯрда, паси он панаҳ мегардид.
Паси теппа бошад ҳамааш шуда як порча нимҳамвории кӯчаки яклаба ба назар мерасид, ки онро ҷарии чуқур, яъне сойи селгаҳ пешбур карда буд. Дар ин нимҳамворӣ мошине меистод, ки амсоли танаи теппаи ин ҷо сабзина ба назар мерасид. Андаруни мошин ҷавонзан ва ҷавонмарде менишастанд, балки паҳлӯи ҳам буданд, балки шуғл доштанд ба бусу канор ва висол. Пуриштиёқу печон буданд ҳардуи онҳо. Дар хилваткада касе ба онҳо халал расонида наметавонист. Дар подстансияи электрикӣ, ки паси ҷарӣ, яқинтараш дар он тарафи дигари селгаҳ ба назар мерасид, ҳамчунин касе наметофт…
Вале баногаҳ чизе бо чунон азамате тарақотуруқ кард ва гулдуррос зад, ки замину осмон аз таъсираш ба ларза биомад. Магар подстансияи электрикии он тарафи сой якбора таркидааст, ки шӯълааш чунин тезу бурранда бошад? Аз бими ин ҷавонзану ҷавонмарди нимаурёни андаруни мошин кебида аз ҳам ҷудо гардиданд. Ҳамчунин нигоҳи ҳаросони худро берун бурданд, ки чӣ шуда бошад?
Гулдурроси ба ларза оваранда ва дурахши чашмро хиракунанда такрор гардид ва танаи нимаурёни ҷавонмарду ҷавонзанро як зуъми дигар рӯшан ва намоён кард.
Ҳайрати ҳарду ҳанӯз аз он буд, ки дар ин хилватҷо гулдурросу дурахши якбора аз чӣ бошад? Ё магар касе дар хилваткада падид омада ва анвори тези чароғро тарафи онҳо рост намудааст?
Дар асл гулдурросу дурахш ба раъду барқи абрҳои ситабри осмон дахл дошт, на ба ягон нафари ин ҷо падидомада. Касе ҳам пайдо нашуда буд дар хилваткада, ки он ҷо фақат мошин меистод ва андарунаш фақат худашон буданд, яъне ду ошиқи печида…
– …Ай, заб чиз тарсидем-а?...

  • аз ҳолати ноҳинҷор худашро ва ҷавонзанро берун кашидан хост ҷавонмард ва як чизи ба табассум шабеҳ гирди лабонаш падид омад.
    Боз раъд гулдуррос зад, барқ аз нав шӯъла пошид.
    – Ишқварзӣ, ки дуздӣ шуд, кас аз овози ҷисми худаш ҳам ҳарос мекашидааст,
  • сухани ҷавонзан буд.
    Табассум гирди лабони ҳарду фаррохтар гардид ва онҳо боз ба оғӯши якдигар фурӯ рафтанд.
    Ҳарчанд раъду барқ бо қувваи ғулғулабори собиқа ва шунаҳпошии пешина такрор гардид, вале акнун ду нафарро, яъне ҷавонзану ҷавонмардро, ки ба ҳамдигар часпида, тани худро ба якдигар бештар месовиданд, дигар ҷудо карда натавонист. Фақат аз раъду барқи навбатӣ қиёфаи ҷавонмард завқи бештар бардошта буд, қиёфаи ҷавонзани зери тани вай бештар кушода гардид...
    Пасон аз абр қатраборон ба шишаи мошин рехт ва рӯи он пардаоб кашид ва ҷавонмарду ҷавонзанро ва дохили мошинро ва соати андаруни мошинро, ки ақрабакаш аз як рақам ба рақами дигар мегузашт, аз олами берун бештар хираву ҷудо кардан гирифт.

Ақрабаки соат ҳамоно аз як рақам ба рақами дигар мегузашт.
Вале ақрабаки соати мошин набуд, ҳарчанд ба соати мошин шабоҳат дошт аз кадом ҷиҳат.
Ва ин соат ба назар мерасид дар яке аз хонаҳои шаҳри зери тури борон монда.
Ҷавонмарде, ки аз ин соат чашм канда буд, муддатҳо ба берун дида дӯхт. Вай назди тиреза меистод. Ниҳоят тоб хӯрда, ба мизи ороишёфтаи пурнози дар миёнаш торти хуштарҳ гузошта назар афканд: аслан чунинашро барои азизи хонадон омода месозанд.

аз 59
навбатӣ