ВАҚТЕ КИ БОЛОИ ШАҲР БОРОН МЕРЕХТ

Ва болои торт «Зодрӯз муборак» ҳам навишта шудагӣ буд.
Ҷавонмард, ки ниҳоят ба курсии гӯшаи мизи ороста беҳол биншаст, нигоҳаш ба духтарчае рафт, ки дар гӯшаи дигари миз нишаста буд.
– Ягон чиз бихӯр,
- изҳор намуд ниҳоят вай барои духтараки гӯшаи миз.
– Очам биёд, баъд… - ҷавоби духтарча чунин буд.
Ҷавонмард дигар ҳарф нагуфт, нигоҳаш боз ноайён майл намуд ба танаи девор, ки духтарак он сӯ нигариста буд. Он ҷо сурати очаи духтарак, яъне сурати ҳамсари худи ҷавонмард овезон меистод, яъне ҳамон бонуе буд, ки ҳамроҳи марди дигар, дар хилвати паси теппа, андаруни мошин ишқварзӣ дошт.
– Чаро ин қадар дер кард, очам? - овози духтарчаи гӯшаи миз боз ба гӯш расид. - Дар зодрӯзи худаш-а...
- ба торте, ки болояш «зодрӯз муборак!» навиштагӣ буд, назар андохт. Паҳлӯи торт муғчагулҳо низ ба назар мерасиданд. Яқин онҳо низ барои модари вай оварда шудагӣ буданд.
Вале очаи духтарак, гӯё дар олам чизе рӯй надода бошад, ҳамоно табассум мекард бо тарзи қадим аз сурати танаи девор.
Падари духтарак боз ҷониби тиреза тоб хӯрд.
Дар берун абрҳо ҳамоно мегиристанд ва дар биноҳои баландқабата чароғи паси тирезаҳои мардум фурӯзон метофтанд.
Шаб кайҳо ба ҳукмронӣ шурӯъ карда буд.
Борон ҳамоно болои мошине, ки дар нимҳамвории хилвати бари теппа меистод, мерехт. Балки резиши борон зиёд гардида буд.
Оби борон аз танаи мошин сӯи чархҳо мешорид. Атрофи чархҳо лойқахез мегардид.
Тиқ-тиқи ноороми соат ҳам буд амсоли собиқа.
Навбати дигари шунаҳи барқ, ки аз гӯшаҳои осмон барҷаста буд, имкон дод чашми ҷавонзан ба соати андаруни мошин афтаду нигоҳаш нобоварӣ пайдо кунад, танаш суст гардад, каме аз ҷумбиш бимонад.
– Ин дафъа гузаронидем аз пешина ҳам-изҳор дошт дасташро рӯи пештанаи ҷавонмарде, ки ӯро ҳамоно зери танаш дошта буд, тир карда-Шавҳараму духтарам маро интизор шудагистанд хело боз...
– Ха-айр чиӣ? - мад кашид ҷавонмард, ки Неъмат ном дошт.
- Зани ману писарчаам интизор намешаванд магар? Барои ҳамин рафтан лозим?
– Марду зан куҷое нараванд, хоҳу нохоҳ, баргаштанашон лозим ба хонаву дари худашон?
– Баргаштан лозим, албатта... Фақат… каме… де-ер-та-ар...
Боз ҷавонзанро зери тан фишӯрда, силтав дод.
Дар берун гиряи борон фузунтар мегашт.
Баробари ин аз болои мошин пардаи зиёди об шорида, бехи чархҳо ва рӯи заминро аз аввала ҳам бештар лойқахез гардонда буд…
Дар шаҳр, дари утоқи биное тақ-тақ гардид.
Чун дари утоқ боз шуд, зани калонҷӯссаи азими хилъати сафедпуш, ки дар дасташ ҳамчунин қуттии азими чоркунҷаи духтурӣ дошт, суол намуд:
– Даъват карда будед, духтура? - ба дарун хоста шудани худро мунтазир нагашта, ворид шуд ва ба яке аз ҳуҷраҳои хона рафт, ки дар танаи девораш сурати ҷавонмарде метофт; ҳамон ҷавонмарде буд, ки дар хилваткадаи паси пуштаҳои беруни шаҳр, андаруни мошин бо ҷавонзани дигаре бусу канор дошт. Ин ҷавонмард, яъне Неъмат аз миёни сурат ҳамчунин фаррох табассум мекард. Вале дар поён, бехи девор, кате меистод, болои он писараке дароз кашида буд. Месулфид… Зани бузургҷуссаи хилъати сафедпӯш ҷониби ҳамин писарак хам гардид, варо муоина намуд, зери кашаш ҳароратсанҷ гузошт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё