Зеҳн
ВАҚТЕ КИ БОЛОИ ШАҲР БОРОН МЕРЕХТ

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 59 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

То дараҷаи ҳарорати бача муайян шудан зани азими калонҷусса бо нигоҳ хонаро аз назар гузаронид ва ба сурати танаи девор ба ҷавонмарде, ки табассумаш фаррохо буд, таваҷҷӯҳ намуд.
– Шавҳарат? - суолаш ба модари бача равона шуда буд. Зани калонҷусса барои он чунин пурсид, ки гуё ягон чиз гуфтанаш лозим меомад дар вазъи мунтазираи ҳозира.
Модари бача, ки ба кадом хаёл печида буд, баъди тааммул ба тасдиқи гуфтаи занак калла ҷумбонд, ки «дар ҳиқиқат, шавҳарам».
– Наметобад? - зани калонҷусса дар хона набудани ҷавонмарди дар сурат ҳувайдоро дар назар дошта буд.
Бонуи хона ҷавоб надод, вале ноайён оҳ кашид.
– Яъне рафтааст? - афзуда буд вай: - Тамоман?…
Бонуи хона гӯё рад кардан мехост, аммо аз чӣ бошад, чунин накард ва ба сони пешина хомӯш монд.
Вале айёли азимҷусса шояд барои он, ки боз ягон чиз гуфтанаш лозим буд, идома дод:
– Аз зани худ мегурехтагӣ шудаанд мардо, барои чӣ бошад, ки…
Зани калонҷусса ниҳоят ҳароратсанҷро аз зери каши бача гирифт ва аз назар гузаронид.
– Он қадар набудааст, ки вақти телефон карданат, ба мо, воҳима кардӣ-а, - ва афзуд:

  • Ҳаа, занҳо, ки танҳо монданд, ҳамин хел дилашон тангӣ меорад, воҳимашон зиёд мешад…
  • ва боз илова кард: - Ҳаа… зан, ки танҳо монд, шӯ карданаш лозим. Шӯ ором мекунад занро. Бешухӣ. Ана, худи ман чанд бор шӯ кардам… Ту бошӣ ҳоло ҷавон,
  • аз қабул шудан ва нашудани суханаш, ё зидди ақоиди вай будан ва ё набудани соҳибаи хона эътибор надода, аз сумкаи чоркунҷаи духтурӣ чанд ҳубба дору гирифта, пеши ҷавонзан бимонд: - Ҳаминро ба бача, бидеҳ, кифоя, тасфаш мегузарад, дигар хатаре нест,
  • вале аз чӣ бошад боз чор ҳубаи дигар дору гирифту пеши соҳибаи хона бигзошт: - Инаш барои худат; барои ором кардани асабҳот. Асабот чунон хароб шудаанд, ки…
    Зани азимҷусса ниҳоят аз ҷой бархоста буд.
    – Вале ҳақи гапро гӯям, ягон дору, занро ун қадар ором карда наметавонад мисли доруе, ки «мард» ном дорад, «шавҳар» ном дорад,
  • ва занаки азимҷӯсса чӣ хеле ки салому алейк накарда, ворид гардида буд, ҳамон зайл хайрухуш накарда, аз ин хонадон бадар рафт.
    Соҳибаи хона чанде беҳаракат биистод, пасон бемадор назди кати писараш биншаст. Баъдан нигоҳи вай низ рафт ба сурати ҷавонмард, ки дар танаи девори хона фаррохо табассум дошт. Хории бону биомад, нигоҳашро аз сурати шавҳараш барканд, ба ҳуббаҳои дору овард. Доруе, ки духтурзанак махсус барои худи вай монда буд. Ва ниҳоят ҷавонзани хона дутои ин доруҳоро рӯи дастони пурҳаяҷонаш гирифту якбора ба ҳалқаш партофт, бо оби пиёла фурӯ кашидаш. Вале ҷавонзанро гиря ҳам гирифта буд.
    Писараш аз вай чашм намеканд ва бачаро ҳам сулфа гирифт аз нав.
    Модараш ниҳоят инро ҳис карда, ба писараш ҳам дору хӯронид.
    Писарак ҳамоно аз модар ва хоса аз чашмони тари вай чашм намеканд.
    – Оча, гиря накун,
  • ниҳоят ба забон омад бачаяк.
  • Дадам меомадагист, ҳамин лаҳза…
    Чун модараш, ҳанӯз гиря мекард, боз афзуда буд:
    – Хоҳӣ, худат ба кофтани дадам рав. Ман то омадани ту тоқат мекунам…
    Модараш, ки Лоҷувард ном дошт сахттар гиря мекард ҳолиё.

Мошини сабз ҳанӯз дар як каф нимҳамвории хилвати бари теппа меистод – дар беруни шаҳристон буд ин. Балки аз он дур буд. Аз болои мошин пардаи зиёди об шорида, бехи чарх ва рӯи заминро бештар обшор ва лойқахез мегардонд…

пешина
аз 59
навбатӣ