ВАҚТЕ КИ БОЛОИ ШАҲР БОРОН МЕРЕХТ

Даме, ки ҷорубакҳои рӯи шишаи мошин ниҳоят ба ҷумбиш омад ва пардаи ғафси оби болои шишаро фиреҷ карда, ду тараф бурдан хост ва чароғаки андаруни мошин фурӯзон гардид, ҷавонмарду ҷавонзани андаруни он, яъне Неъмату Афсона якҷоя набуданд, балки ҷудо-ҷудо менишастанд, яқинтараш яке дар нишастгоҳи пеш буд, дигаре дар қафо. Хуллас, акнун, тарзе менишастанд, ки гӯё барои якдигар дастнорас бошанд. Ва тарзе ба назар мерасид, ки дар ин хилваткада миёни онҳо чизе нагузашта ва ишқварзии пуриштиёқи тулонӣ ҳам набуда...
Ниҳоят Неъмат, ки паси чамбари фармон менишаст, маторро ба гардиш овард ва забонаи газро бо нуги пояш пахш намуд. Бармеомад аз ин хилваткада рафтанӣ шудаанд онҳо дар ниҳоят. Хилваткадае, ки ягона шоҳиди ишқварзии ин ду нафар гардида буд.
Ва то гардана, яъне гардиши теппа як порча роҳи сарболо буд, ки он ҷо сарҳади асосии хилваткада ба охир расида, баъд замини ҳамвор ва пасон роҳи фаррох шурӯъ гардида, миёни сабзаҳоро убур намуда, дар охир ба роҳи асосии мумфарш пайваст мехӯрд. Вале барои ин, аввало бояд мошин аз хилваткадаи бари теппа мебаромад, ки он алҳол муяссараш намегардид. Зеро замини хокӣ аз оби борони зиёд лойқахез гардида, дар он чархҳо тоб хӯрад ҳам, ҷисми болояшро пеш бурда наметавонист.
Ҷавонмарди паси чамбар, яъне Неъмат суръати тобхӯрии чархҳоро зиёд кардан мехост. Дар натиҷа мошин алвонҷ хӯрда, оҳиста-оҳиста майли боло рафтан намуд.
Вале баробари ин ҳамчунин оҳиста яклаба ва якёна мелағжид ва ба лаби бурриши азими ҷар наздик мегашт мошин.
Даме ки то лаби ҷар як-ду ваҷаб монд, Неъмати хавотиршуда тормозро пахш намуд; гумон дошт чунин кунад, яктарафа лағжидани мошинро боздошта метавонад.
Албатта, мошин, гар аз лағжиш меистод ва қарор мегирифт, Неъмат, шояд тадбири дигар пайдо мекард ва бо ин васила мошинро аз варта шояд дур бурдан муяссараш мегардид.
Вале тормоз чархҳоро аз гардиш дошта бошад ҳам, мошин бо вазни худаш ҳамоно ҷониби варта мелағжид, ҳарчанд оҳиста буд, вале мелағжид он тараф.
Ҷавонмард тормози дастии мошинро ҳам ба кор андохта буд, вале мошин аз лағжидан бознаистод: ду чархи як тарафи он ба лаби ҷар расида буд. Баъдан якбора аз сари девораи ҷар чархҳои як тарафи мошин кандаву нишеб гардид.
Аз ин боис мошин сахт такон хӯрд, аз зарбаш Неъмату ҷавонзани ҳамроҳашро ҷонибе ҳаво дод.
Вале мошин чаппа нагашта буд, чунки оҳани зери он ба замини лаби ҷар пахш хӯрда, онро «газида» истода буд.
Ба назар мерасид, акнун дигар намеҷумбад аз ин ҷо мошин, ҳарчанд Неъмат ва Афсонаи ба гӯшаи хамхӯрдаи мошин фитодаву лундашуда ҳанӯз тарсхӯрдаву ваҳмзада буданд ва дар қиёфаи онҳо аз асари ишқварзии собиқа заррае нишон намонда буд.
Вале баъди муддатҳо ноҷумбон истодан, Неъмату Афсона ҳар яке дар алоҳидагӣ ба ҷумбиш омада буданд ва ҳар яке дар алоҳидагӣ зӯр мезаданд қади худро аз дари хамхӯрдаи мошин сӯи дари боломонда рост карда тавонанд. Зеро дари поёнро кушодан маънои ба ҷарӣ, яъне ба умқи сойи чуқур парида рафтанро дошт, ки нисфи мошин болои ҷар ҳамоил меистод. Афсонаву Неъмат зӯр зада, ҳоло дари боломондаи мошини яклаба ҳамоилро кушоданӣ мешуданд. Зеро дари боломондаро агар кушодан муяссар мегашт, он гаҳ ҷисмашонро боло кашида ва аз он ҷо ба бари роҳ фаромада, ҷонашонро амон доданашон имкон мегардид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё