ВАҚТЕ КИ БОЛОИ ШАҲР БОРОН МЕРЕХТ

Ҳарчанд дари боломондаи мошинро бардоштану кушодан осон набуд, вале ҳар яке дар алоҳидагӣ зӯр зада, ун дарҳоро боло бардошта буданд. Гӯё илоҷи наҷот пайдо гардида буд барои онҳо, ҳарчанд ҳарду гӯё ҳамдигарро акнун фаромӯш карда буданд.
Лек ин ду нафари андаруни мошинро зарби дигар такон доду дарҳое, ки боло мебардоштанд, шарақасзанон аз нав пӯшида гашт, Неъмату Афсонаро ин зарб аз нав бехи дари поён партофт. Онҳо ҳайратзада буданд, ки зарбаву такони навбатӣ аз чӣ бошад?
Огаҳ набуданд, ки девораи намкашидаи лаби ҷар зери вазни оҳанини мошин дошт надода, рӯ ба кафидан овардааст ва роғаш васеъ мегардад.
Бехабари ин Афсонаву Неъмат дар бехи поёншудаи мошин аз нав ба ҷумбиш омада буданд ва қоматашонро рост гирифта, ҳар яке ба сари худ дарҳои қисмати боломондаи мошинро аз нав кушоданӣ ва боло бардоштанӣ ва худро ҳамчунин боло гирифтанӣ ва тани худро берун – лаби ҷар партофтанӣ мешуданд.
Боз дарро кушода буданд, балки пурра кушода буданд. Ва акнун зӯр мезаданд аз он берун шуда бошанд... Ва шояд чунин ҳам мешуд ва наҷот муяссар мегардид дар ниҳоят барои ин ҳарду…
Вале боз такон онҳоро аз ҷониби дарҳои бардоштаи мошин ба андаруни худ, яъне поён партофт. Балки такони сахттар чунин карда буд онҳоро. Зеро пораи дарзовардаи зери мошин, яъне пораи лаби ҷар, ҳамроҳи мошин канда гардида буд. Канда гашта буд пораи лаби ҷар ва поён мепарид ҳамроҳи мошин.
Шамшери анвори чароғи пеши мошин, ки ҳанӯз фурузон буд, синаи тираи ҳаворо тобхурон «мебурид», зеро мошин ҳамчунин дар ҳаво чарх мезад ва тобхӯрон поён, ба умқи ҷарии сой мерафт. Ниҳоят ба таги ҷар бархӯрд. Аҷиб, ки бо чархош зада буд он ҷо. Чархҳо, аз ин, то ҳади охир фишор хӯрда, боз боло хез зада, мошинро яктарафа партофта буданд. Мошин болои обу лойи таги ҷар яклаба чанде лағжида рафту пасон чаппа гашт, ғел зад. Ҳамчунин ба кадом сангҳои зери ҷар бархӯрд. Садои шикастани шишаҳо ва оҳан омад ва чароғҳои фурузони пеши мошин ниҳоят милтирросзанон мурданд. Фарёди тарсолуди занона ҳамчунин фурӯ нишаст ва таги ҷарро тирагиву сукунат аз нав фарогир шуд.
Дигар шамшери барқ намепарид, синаи торикиро намедарид, маълум набуд, дар сойи қаъри ҷар мошин чӣ шакл гирифта, ҳамчунин маълум набуд, ду шахси андаруни он зиндаанд ва ё на? Ва ё шояд кайҳо ҳамроҳи шиша ва оҳанҳои мошин шикастаанду беҷон хобидаанд он ҷо. Беҷон шуда ду ошиқи пуриштиёқ. Ин ҳам дида намешуд, ки ҳамагӣ дар коми торикии тираи умқи ҷар фурӯ рафта буданд.
Аз манзараҳои собиқа фақат як чиз монда буд: ин ҳам гиряи абрҳои ситабри осмон буд ва гиряи беохири онҳо…
Дар шаҳри азими зери борон, дар як ҳуҷраи бинои бадандошён, ки сурати ҷавонзани бо мошин ба умқи ҷар парида, яъне Афсона табассум дошт, миёни мизи ороишёфтаро ҳамоно торти хуштарҳ зеб медод ва болояш бо ширавории ранга «Зодрӯз муборак!» навиштагӣ буд. Бари миз ҳамоно духтараке менишаст ва амсоли пешина чизе ба даҳон намебурд ва падари вай, яъне Ромиш бари пардаи тиреза меистод ва берун назар меандохт, яқин пайдо шудани занашро мунтазирӣ мекашид. Рӯи ҳавлӣ, шояд аз таъсири шиддат гирифтани борон бошад, холӣ гардида, касе пайдо намешуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё