ВАҚТЕ КИ БОЛОИ ШАҲР БОРОН МЕРЕХТ

Чашмони Ромиш хавотирии бештар пайдо мекард.
Ниҳоят вай аз берун чашм канду тоб хурда, ба духтараш нигарист, ки паси мизи пур аз ғизо менишаст.
– Ту як худат хона истӣ, наметарсӣ? - ниҳоят ба забон овард Ромиш, аз чӣ бошад.
Духтарак мақсади падарро нафаҳмид, ки китф ба ҳам даркашид.
– Ин ҷо будани ту шарт,
- шарҳ дод падар.
- Очаат телефон кунад, ё даромада ояд, ту ба ман хабар метӣ; ман аз кӯчаҳо ба ту занг мезанам...
Падар дар даст плаши боронӣ, аз назди дари баромад, бори дигар ба духтарча назар андохт.
Ва даме, ки бо лифт поён мерафт, плаши борониашро мепӯшид.
Баъд дар ошёни аввал аз дари кушодаи лифт баромада, ҷониби баромадгоҳи иморат қадам бинҳод.
Ҳамин вақт аз роҳи калон мошини «Ёрии таъҷилӣ» тоб хӯрда, сӯи бино омад. Оби борони зери чархҳои вай пош хӯрда, ба Ромиш, ки тугмаҳои борониашро гузаронидан мехост, чарахса кард ва боиси таваққуфи вай гардид.
Мошини «Ёрии таъҷилӣ» аз вай ду-се қадам гузашта, истод. Дари паҳлӯи мошинро кушода, як марди чирминапӯш берун омад ва аз думболи вай ду хилъати сафедпӯш замбарро аз даруни нимтираи мошин кашида, берун гирифтан хостанд. Замбаре, ки болояш пайкари шахшудаи беҳаракат ба назар мерасид.
Чашми Ромиши ба суроғи занаш баромада, ба пайкараи хиратоби болои замбар афтоду хавотирии андомаш фузуда гашт, балки хаёлҳои мағшуш варо ҳамлавар гардид. Шояд ҷасади рӯи замбар, ба хаёлаш, зани худаш тофта буд.
– Тинҷӣ ҳаст? - ҳатто пурсид зӯр зада аз чарминапӯш, ки дар поғундаҳои зинапоя қариби вай қарор гирифта буд.
Чарминапуш нигоҳашро бар вай овард.
– Куҷо тинҷӣ? Намебинӣ?
Ромиши ба суроғи занаш баромада пакар гардида буд.
Чарминапӯш аз паҳлӯ афзуд?
– Ҳаа… ҷон ба ҷаббор супорид, бечора… - дареғи ниҳон буд дар сухани чарминапӯш.
Ранги Ромиш тамоман канда буд.
– Акнун ба хонааш овардем, ки ҳеҷ не, имшаб «меҳмон» бошад, пеш аз он, ки ба гӯристон бурда, ба гӯрхона супорида шавад.
Ромиши ба суроғи занаш баромада, бештар пакар гардид.
– Ҳаа, мурд... - пичиррос зад чапминапӯш аз нав. Ва баъди тааммул илова кард: - Мурд, очам...
Ромиши ба суроғи занаш баромада як такон хӯрда, нигоҳашро ҷониби чарминапӯш гардонд ва аз сари ҳайрати беҳад ба забон овард:
– ...Очаат?...
– Нашнидӣ магар?…
– ...Ман… ман… ба суроғи занам баромада будам-у...
– … Чӣ дахл дорад ба марги очаи ман ба суроғи занат баромадани ту? - чарминапӯши ҳамсоя нигоҳашро ба Ромиш оварда буд.
Ромиш бештар дар ҳолати нобоб монд ва ҷавоб дода наметавонист.
Хилъатпӯшон, барои он, ки ҷасади болои замбарро борон тар накунад, болои вай суф (простин) партофта, баъд аз мошини «Ёрии таъҷилӣ» берун кашида, ҷониби дари даромадгоҳи бино бурдан хостанд. Лек шамоли борономехта матои сафеди болои ҷисми замбарро бозӣ доронда, як бари онро сӯе партофт ва як бари рӯи шахшуда дар партави чароғҳои шаб намоён гардид, ки Ромиш аз он чашм канда наметавонист.
– Ҳаштодсола буд-а, очам, - овози чарминапӯш омад аз паҳлӯ.
- Вале ҳайф шуд, бо вуҷуди ин... Ман бо вай сахт одат карда будам. Акнун намедонам, чӣ мекунам. Худо ҳеҷ касро бе модар накунад-а…
- чарминапӯш гуфта-гуфта, ба онҳое, ки ҷасади модари варо дохили бино дароварданӣ буданд, расидан мехост.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё