ВАҚТЕ КИ БОЛОИ ШАҲР БОРОН МЕРЕХТ

Ромиш ҳам гӯё акнун ба худ омада бошад, нопечон ба ҳаракат омад ва аз як гӯшаи замбарғалтак дошт, барои ба лифт ворид кардани он, ки болояш ҷисми модари мардаки ҳамсоя буд, ёрӣ додан мехост.
…Баъд Ромиш аз назди лифт бозгашт, аз воридгоҳи бино берун гардид. Борони бошиддат аз нав ба сару рӯи пакаршудааш бархӯрд. Ромиш боз муддате дар поғундаи зинапоя таваққуф кард, шояд барои он, ки аз бархӯриши резаҳои борон ба пешонаву рӯяш андак ба худ омада тавонад.
Ва аз паси тирезаи яке аз утоқҳо духтарчааш ба шиша часпида, ба ӯ менигарист.
Ромиш қадам ниҳод ниҳоят ҷониби «Жигулӣ», ки қатори мошинҳои муқимиёни бинои баландошён, дар саҳни фаррохои иморат ба назар мерасид. Ба он расиду гӯё кадом чиз ба хотираш омад, ки боз нигоҳаш рафт ҷониби иморат. Он ҷо, паси тирезаи яке аз утоқҳо духтарчаи худаш ба шиша часпида меистод.
Ромиш билохир дари мошинро кушоду ворид гардид. Мошинаш ба ҳаракат омад, суръат гирифт. Он тоб хӯрда, ба кӯчаҳои шаҳристони азим баромад.
Кӯчаҳо каммошину камодам буданд, шояд ин ҳам аз таъсири борон буд, ё аз он буд, ки чанд соат гузашта аз шаб.
Мошини Ромиш ҳанӯз дар кӯчаҳо медавид. Нигоҳи Ромиш мерафт гоҳ ба як сӯ ва гоҳ ҷониби дигар. Аммо аз кӯчаҳои ду тараф, миёни одамони дар дасту сар чатрдошта ва ё бе чатр каси дилхоҳро пайдо намекард.
Боз ба кӯчаҳои дигар ва дигар мегузашт мошин.
Ва миёни одамони каммонда занҳо камтар метофтанд дар кӯчаҳо.
Ромиш, ниҳоят, дар ҷое мошинро боздошт, ба хоначаи шишагии «телефон-автомат»
ворид гардид.
– Наомадааст, очам…
- шунид аз гӯшаки телефон овози духтарчаи худашро вай.
- Ман ҳам хавотир, дада...
Ромиш баъди гӯшакро ба ҷояш овехтан, ба худ фурӯ рафт, чанде дар ин телефонхонаи кӯчак истод, пасон аз он баромад. Муддате боз зери борон буд. Баъд назди мошинаш баргашт.
Ҷавонзане ҳам, ки шавҳараш наомада буд, писарчаи беҳолашро хона монда, берун шуда буд. Безобитагиаш яқин аз ҳад гузашта буд, ки бозарбаву бошитоб мерафт дар кӯчаҳо. Ба боронии танаш печида қадам мениҳод. Ҳар куҷое, ки аҳён-аҳён мардҳо ба назар расиданд, суст гашта, назар меафканд.
– Э, нозанин-а, шояд маро кобӣ-а? - аз миёни се мард, ки бо ҳам буданд, яке аз онҳо ҷониби ҷавонзан, яъне Лоҷувард гардан ёзонид. Вай марде буд, ки дар даст шишаи нимхӯраи шароб дошт. – Шояд барам туро ман ҷое, ки борон набошад-а, гарму нарм бошад-а мисли оғӯши худам!…
Лоҷувард бо зарбу суръати бештар роҳашро идома бахшида буд.
Марди дар даст шишадор, ки ҷониби вай қадам ниҳода буд, қафо монданашро эҳсос намуда, овозашро баландтар кард:
– Эю, вақте ки қабат ба қабати устухонат нам кашид, баъд мефаҳмӣ қадри сухани маро, қадри ба хонаи хушку гарм даъват карданамро… Лек дер мешавад баъд. Баъд ун вақт худат маро мекобӣ, намеёбӣ. Афсус мехӯрӣ, ки куҷо шуда чунин марди меҳрубон!... Эюю!…
Лоҷувард наистода, миёни борони бошиддат ғӯттида буд.
Мард бошад умедашро аз ӯ канда, қадамашро суст мекард.
Дар кӯчаҳои шаҳристон ҳанӯз медавид мошине, ки паси чамбари он менишаст Ромиш ва бо нигоҳ мекофт кадом касеро аз атроф, яқинтараш зани худашро мекофт.
Ҳушаш ба ҳар тараф буд ва ҷое якрӯя шуда аз думболи кадом зани пайдогашта нигаристанӣ шуд ва нигоҳаш муддате аз пеш барканда гардид ва чун нигоҳро ба пеш овард, мушоҳида кард, мошинаш рост ҷониби касе меравад, ки дар канораи роҳ равон бошад. Ромиш барои он, ки мошинаш ба вай барнахӯрад, чамбари рулро якбора тоб дод ва баробари ин тормозро пахш намуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё