ВАҚТЕ КИ БОЛОИ ШАҲР БОРОН МЕРЕХТ

Ҷавонзан мисли мошини қариб ба вай расида такон хӯрд. Аҷибаш, ки ин ҷавонзан ҳамоне буд ба суроғи шавҳараш баромада.
Ромиш ҳам такон хӯрда, аз паси рул ба ин менигарист. Баъд дари мошинро кушода, як пояшро ба замин монда, пойи дигараш ҳанӯз аз рӯи тормоз намеканд, гӯё мошини истодаро ҳанӯз маън кардан мехост.
Ҷавонзан Лоҷувард ҳам шояд Ромишро шинохта буд… ва ё шояд сабаби дигар буд, ки суст гардид, дигар ҳарфе ба забон оварда натавонист. Ё шояд, ки…
Ниҳоят аз Ромиш чашм канду рафтан хост. Шояд рафтан хост аз пайи ташвиши худ-ба ҷустуҷӯи шавҳараш ин ҷавонзан, ки Лоҷувард ном дошт…
Вале садои ҳуштак баромад ин лаҳза.
Лоҷувард он сӯ нигарист, нозири роҳро бидид.
Бармеомад нозири роҳ рӯйдодаи ҳозираро ба мушоҳида гирифта будааст.
– Ҳардуятон, биёен ин ҷониб! - фармуда буд нозири роҳ, (яъне гаишник), ки суханаш басо ҷиддӣ садо дод.
Лоҷувард ба нозири роҳ ва пасон ба Ромиш, ки чанд лаҳза пеш мошинаш қариб ба вай бархӯрда буд, назар афканд.
Нозири роҳ Лоҷувардро аз нав барои омадан ба хоначаи шишагӣ ишора намуд. Ва Ромишро ҳам ишора намуд. Ва ҳардуи онҳоро даровард ба хоначаи шишагӣ.
– Ман даъво карданӣ нестам аз болои касе,
- зӯр зада, ба забон овард Лоҷувард.
– Яъне гуфтанӣ, ки худат гунаҳкору ронанда не-ъ?
– Ҳушам куҷое рафта буду... - сухани Лоҷувард буд.
– Боварии кас намеояд, ки бо ин ҷавонӣ, ин қадар парешонхотир шуда бошиву...
Лоҷувард намедонист боз чӣ бикунад, ҳарчанд кадом чиз гуфтан ва кадом чора ҷустан мехост.
Нозири роҳ ҳамчунин соҳиби мошин, яъне Ромишро ба наздик омадан ишора намуд…
– Ман ин ҷо… - гуё як чизи асосӣ расида буд ба хотири Лоҷувард, ки худашу боз аз чӣ бошад, соҳиби мошинро ҳам халосӣ бахшидан мехост: - Ин ҷо ман… барои кофтани… Барои кофтани…
- киссаҳои плаши борониашро кофт ва ниҳоят чизе пайдо карда, пеши нозири роҳ гузошт. Сурате буд. Ва нозири роҳ ба сурат ва боз ба Лоҷувард назар афканд.
– …Барои кофтани… ин… буромада будам… - шарҳ дод Лоҷувард.
- Кофтани шавҳарам… Ҳушам ба кофтани вай шуда, ин ҷо қариб, ки… ба мошин…
– Яъне ту худат гунаҳкору соҳиби мошин неъ-ъа?
– Ман бошам… - нимғурма кард Ромиш, ки ҳамчунин нигоҳи нозирро эҳсос кард.
- Ман бошам… занамро мекофтаму… Барои ҳамин ҳушам куҷое рафта…
- вай ҳам оҳиста сурате бигзошт бари мизи нозири роҳ. Ва ин сурат ҳам мисли сурати аввала тар буд ва аз он ҳам табассум мекард нафаре, балки аз инаш ҷавонзане табассуми фаррох дошт.
Нозири роҳ нигоҳашро ба ду сурат овард, ки онҳо якхела табассум доштанд ва пасон ба касони суратро гӯшаи миз гузошта, яъне ба Ромишу Лоҷувард назар андохт.
– Аҷаб, албатта! Кам шуда, ки як зану як мард, баробар кофта бошанд шавҳару зани худро дар ин ҷо… - Ва боз афзуд: - Аслан занҳо нағз мебинанд кофтани шавҳарашонро… Вале мардҳои ба кофтани занашон баромадаро камтар ба мушоҳида гирифтаем… Ё бисёр бароянд ҳам ба мо камтар муроҷиат мекунанд.
– …Мо ҳам муроҷиат карданӣ набудему… - сухани норизои Ромиш буд.
- аммо худатон, ки моро ин ҷо даъват кардед…
- хомӯш монда буд вай аз чӣ бошад.
Нозири дигар, ки ба хонаи шишагӣ ворид гардида буду либосҳои ҷо-ҷо лойолуди танашро бо кадом латтаҳо тоза кардан мехост, чашмаш баногаҳ ба суратҳои гӯшаи мизи нозири навбатдор афтид, аз чӣ бошад, пештар омад ва хам гашт ва расмҳоро аз назар гузаронид:
– Ҳаа, ҳамин хел тасодуфҳо низ мешаванд гоҳе. Тасодуфе, ки на танҳо ду кас баробар ба кофтани зану шавҳар меоянд, балки зану шӯи онҳо низ ёфт мешаванд баробар аз як ҷо.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё