Зеҳн
ВАҚТЕ КИ БОЛОИ ШАҲР БОРОН МЕРЕХТ

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 59 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Лоҷуварду Ромиши ба суроғи шавҳару занашон омада, балки нозири навбатдор ҳам ба нозири навомад, ки либосҳояш ҷо-ҷо лойолуд буд, дида андохта буданд.
– Тасодуфи аҷиб аз даруни як мошин ёфт шудани ин ду нафар аст,

  • ҷониби суратҳо ишора кард вай боз: - Ёфт шуданд онҳо аз таги ҷарии беруни шаҳр.
    Ромишу Лоҷувард ва нозири навбатдор ба нозири навомад то ҳаде бо ҳайрат нигоҳ карданд, ки «чӣ хел шуда бошад-а?…»
    – Ин садама, азбаскӣ дар бари бероҳаи хилват рух дода буд, аз ин бармеояд, ки садама аз боиси ҷойи хилват кофтани мошиннишастаҳо барои кадом муносибате ва инчунин аз таъсири бориши зиёди борон сар зада,
  • шарҳ дод нозири навомад-Агар як корманди подстансияи электрикии наздик садамаи шударо тасодуф намедид ва хабар намедод, он гаҳ кормандони милис ва бозрасии автомобилӣ ба зудӣ расида, аз пайи наҷот шуда ҳам наметавонистанд...
    – Ҳанӯз ҳам бовар намекунед? - тааҷҷуби физояндаи андоми Лоҷувард ва Ромишро ҳис карда, давом дод, нозире, ки лойҳои ҷо-ҷойи либоси танашро аз нав тоза карданӣ мешуд.
  • Вале ба ҳар ҳол Шумо толеи нек доштаед, ки на инатон бе шавҳар мондаед ва на унатон бе зан. Яъне инҳо,
  • ба ду сурати паҳлӯи ҳам ишора кард нозири навомад: - зинда… Бовар намекунед?… Беморхона раведу бо чашматон бинед… Боз кӣ медонад, шояд онҳо зану шавҳари шумо набошанду аз кадом ҷиҳат ба онҳо монандӣ доранд ва шояд ман хато карда бошам; охир зери ҷарии сойи обканда торику ваҳмхез буд, чеҳраҳо дуруст дида намешуданд. Ба ҳар ҳол унҳо, касе, набошанд, толеи нек доштаанд, ки аз ун қадар баландӣ парида ва боз зинда мондаанд…
    Ромишу Лоҷуварди ба суроғи шавҳару зани худ омада ҳанӯз аз нозири ин хабарро расонда, чашм канда наметавонистанд. Баъд нигоҳи ин ду нафар омаданд ба ҳамдигар.
    Магар онҳо, яъне Лоҷуварду Ромиш ҳоло ба якдигар часпиданӣ ва якдигарро гунаҳкор карданӣ, ки «айби шавҳари ту» ва ё «айби зани ту» гуфта...
    Вале ҳаракате зоҳир карда наметавонистанд ҳарду ва фақат ҳайратзада аз якдигар нигоҳашонро меканданд ва боз ба ҳам меоварданд... Ё шояд гумон мекарданд ун касҳои ёфташуда зан ва ё шавҳари худашон набошанду?…
    Суратҳои паҳлӯи ҳами шавҳари яке, яъне Неъмат ва зани дигаре, яъне Афсона дар бари якдигар, дар гӯшаи мизи нозири навбатдор беғамона табассум доштанд сони собиқа. Чунон табассум, ки гӯё дар дунёи азими печон чизе рӯй надода бошад дар ҳаёти онҳо ҳамчунин…

…Ин зане, ки дар сурат фаррох табассум мекард, яъне Афсона дар ҳақиқат рӯи кати яке аз палатаҳои шӯъбаи зарбу лати беморхона мехобид.
Ва нигоҳашро аз нигоҳи шавҳараш-Ромиш, ки ин ҷо расида буд, мегурезонид.
– …Ин тараф меомадаму…

  • зӯр зада, ҷумбиданд лабони Ромиш.
  • …Ин тараф меомадаму…
  • сухане дарёфтанӣ мешуд вай….
  • …бовар намекардам, ки каси милитсаҳо мегуфтагӣ… ту бошию…
    Зани вай– Афсона нигоҳашро гурезондан мехост аз шавҳараш ва дар миён сукунати пуртуфон буд...
    – Пас ту танҳо набудӣ дар беруни шаҳр, дар бероҳа, ки…
  • сухани канда-кандаи Ромиш буд.
    Ба ҷойи ҷавоб тани ҷо-ҷо дорумолида ва харошхӯрда ва ҷо-ҷо ба докаҳо бастаи бону, яъне Афсона ба кат бештар пахш хӯрд, рӯяш яктарафа рафт, ҳатто чашмонашро пардаи об гирифт.
пешина
аз 59
навбатӣ