ВАҚТЕ КИ БОЛОИ ШАҲР БОРОН МЕРЕХТ

Ромиш боз муддатҳо нишаста буд дар ин ҷо. Нишаста буд бесухан, ғарқи андеша, балки менишаст гӯё болои сузан.
Пасон оҳиста бархоста буд вай.
– Кош туя аз ин ҷо намеёфтаму кофтукобамро давом дода метавонистам,
хомӯширо шикаста тавонист боз Ромиш,
- Охир ман… ба духтарчаат, чӣ гуфта метавонам акнун нисбате, ки туро ёфтам ин ҷо…. ту бошӣ барои он ин ҷо афтодӣ, ки…
- Ромиш боз хомӯш монд ва чунин ноҷумбон истод тулонӣ, пасон карахтона тоб хӯрд, қадамҳои ҳамчунин карахтонааш варо бурд аз палата ҷониби берун.
Дар долони дарози бемористон мерафт Ромиш.
Пасон дар зинапояҳои он тоб хӯрда мефаромад. Печиши зинапояҳо ба ростхата намерасид гӯё. Поён мебурд печишҳо Ромишро ва поён мебурд варо беохир…
Дар як палатаи дигар ҷавонзане менишаст, ки барои суроғи шавҳараш овора гардида буд дар нимашаб ва ӯ Лоҷувард буд. Вай паҳлӯи кате, ки шавҳараш рӯи он буд, менишаст, чизе гуфта наметавонист. Фақат қатраҳои ашк аз рухсораш мешорид ва аз домани плаше, ки онро ба танаш, аз чӣ бошад, сахт мепечонд, ҳамчунин об мечакид:
чакра-чакра, қатра-қатра.
– ...Мана чунин ноумед карданат барои чӣ буд-а? - ниҳоят сухан дарёфта тавониста буд Лоҷувард.
Шавҳари вай– Неъмат, ки як пояш гаҷбаста ва сару рӯву танаш пур аз пайи зарбу захм буд, ҳарф намезад.
– ...Агар бори аввал мебуд…
- сухани Лоҷувард нимбуд монд.
- Агар бори аввал мебуд…
- кадом чизе гулугир карда буд аз нав варо.
– ...Хайр... - ба забон омад ниҳоят шавҳари Лоҷувард, яъне Неъмат.
- Зан маъно…
ба ҳама чиз сабр карданаш лозим… Ҳамту не?
– Ҳатто ба он, ки шавҳараш бо зани дигар?... - боз зӯр зад, ки ҳарфе илова кунад Лоҷувард, ки сахт алағда буд: - Бори аввал нест, ки умедамро барбод додаӣ ту...
- гиряи Лоҷувард боз ларзонд ҷисми варо.
– Хуб воҳима кардӣ-даа… - овози шавҳараш буд.
– Ба ҷойи ман каси дигар мебуд чӣ мекард ҳоло? Аа?!…
– Хайр… мард гоҳе гуноҳ накунад, мард аст магар?..
– Мардӣ, фақат, гуноҳ кардан аст?! Аа?!… - аз миёни гиряҳош саволи Лоҷувард рӯида буд яку якбора ва аз нав.
Лоҷувард, ки ашк ҳамоно ба рухсораш мешорид, аз беморхона мебаромад.
Аз назди мошине гузашт, ки паси чамбари он яке менишаст карахт ва дар нимторикии ин ҷо чунон ғарқи андешаи пурпечу бусарунуги худаш буд, ки атрофро ҳис намекард, ҳатто гузашта рафтани бонӯи мисли худаш хайёлзада ва ғамзада ва карахтро ҳамчунин.
Ҷавонмарди паси чамбари рул ва дар андешаҳои худаш печида, албатта, Ромиш буд. Ромише, ки ба кофтукоби занаш, ин ҷо расида, варо аз шӯъбаи зарбу лат ва шикастабандии ин ҷо дарёфта буд.
…Резиши борон ҳамоно бошиддат идома меёфт ва идома...
Баъд Лоҷувард ба хонааш ворид гардид.
Ва ба он утоқе даромада буд, ки кате дошт, дар кат ёзида буд писарчааш.
Лоҷувард беҳолу хаставу дилшикаста гӯшаи кат биншаст.
Писарчааш, ки аз модар чашм намеканд, зӯр зада, нимхез гардид, сари беҳолашро ба тани модар оҳиста расонд, балки ба он такя кунонд ва ӯро боз сулфа гирифт…
Лоҷувард сари писарашро бари танаш пахш намуд.
Дар танаи девор сурати шавҳараш чун собиқа табассуми фаррохо дошт, балки худбоварона табассум мекард ҷавонмард ҳамоно.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё