Зеҳн
ВАҚТЕ КИ БОЛОИ ШАҲР БОРОН МЕРЕХТ

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 59 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Сулфаи бачаяк ист намекард. Лоҷувард сари писарашро сахттар ба қафаси сина пахш намуд ва аз нав канда-канда гиря кард. Балки ларзида ва кебида гиря мекард акнун. Балки бо тамоми ҳастӣ ашк мерехт ҳоло вай.
– Барои кадом гуноҳҳом ин хиёната кард, додот-аа? Барои кадом гуноҳҳом-аа?!...
Писараш сарашро аз тани вай намеканд.
Гиряи ҷавонзан дигар ист намекард…


Ромиш аз мошинаш, ки ба шафати бинои баландқабата омада истода буд, берун гардид. Пакару карахт метофт ҳамоно. Аз паси шишаи тирезаи ошёнаҳои мобайн нигоҳеро ниҳоят эҳсос намуд. Вай дахл дошт ба духтарчаи худаш. Духтарча пешониашро ба шишаи тиреза бештар часпонда, гӯё дар бораи модараш ягон чизи навро аниқ кардан мехост...
Ромиш пеш аз он, ки аз мошин ҷудо шаваду сӯи бино қадам ниҳад муддатҳои тулонӣ аз миён даргузашта буд.
…Баъд Ромиш ба хонааш даромада буд, меистод беҳол назди дар.
Духтарча аз падар чашм намеканд, ҳарчанд, саволе намедод доири модараш акнун вай.
Нигоҳи Ромиш, аз чӣ бошад рафт ба мизи миёни хона. Мизи ороста, ки болояш торт дошт ва болои он навиштае бо ранги тирукамон ба назар метофт: «зодрӯз муборак!».
Паҳлӯи торт дастаи муғчагули зебо худнамоӣ мекард. Ин ҳама ба мавлуди бонуи хонадон омода гардида буд.
Аммо ун занак…
Зане, ки аз сураташ беғамона табассум мекард гӯё парвои ин ҳама надошт…
Ромиш якбора пеш қадам ниҳод, чанг зада, тортро гирифт ва бо тамоми кин ба замин барзад. Навиштаҳои «зодрӯз муборак!» нест гардиданд. Ва Ромиш ба ин қонеъ нашуда гулҳоро низ миёни панҷаи пурҳаяҷон ва телбашудаи худ канда, реза карда, рӯи фарш барафканд.
Баъди ин гӯё дигар коре карда наметавонист, ки беҳол ва бемадор ба курсии гӯшаи мизи дар собиқ ороста ва ҳоло бетартиб биншаст.
Торту гулҳо рӯи замин парешон мехобиданд...


Осмон гиря мекард ҳамоно.
Бештари чароғи шаҳристони азамат куштагӣ буданд, ҳарчанд дар ду хона фурӯзон монда буданд ҳанӯз ҳам: дар хонае, ки Ромишу духтараш бари мизи бенизомшуда менишастанд ва рӯи замин торту пораҳои гул парешон мехобиданд; ҳамчунин дар хонаи дигари бинои дигар чароғ фурӯзон монда буд, ки ҷавонзан Лоҷувард ва писари шамолхӯрдаи бемадораш бедор буданд, балки хоб намебурд онҳоро акнун…


Омадани рӯзи дигар шаҳрро бедор карда буд, ба ҳаракат оварда буд. Яъне ба ҳамон ҳаракату гардиш оварда буд, ки ба ҳар шаҳри азим хос бошад.
Одамон ба ҳар сӯ мешитобиданд, аз пайи кору ташвиш мерафтанд, ғайри Лоҷуварду писари бемори ӯ ва ғайри Ромишу духтари вай, ки монда буданд дар хонадони худшон.


Баъд духтарча ба шишаи тиреза часпида, медид, ки чӣ тавр рӯи ҳавлӣ мурдаи модари чарминапушро мебаранд одамон болои тобут.
Ва чарминапуш аз думболи тобути модараш қадам ниҳода, овоз мебаровард:
– Маро танҳо партофта рафтӣ-а, оча! Ман бе ту чӣ кор мекунам, дар танҳоӣ?… – чарминапуш гӯё хурдсол бошаду модараш варо ба ин аҳвол партофта рафта, ки чунин навҳа мекашид. : - Ман ба ту одат карда будам, оча?… Ман бе ту чӣ кор мекунам, акнун, очаҷон?…
Падари духтарак, яъне Ромиш ҳамчунин аз ин ҳама чашм наканда, сахт андешаманд буд ва болои поғундаи зинапояи берун истода, маълум набуд аз қафои тобут меравад ва ё қафо ба сӯи хонадонаш бармегардад.

пешина
аз 59
навбатӣ