Зеҳн
ВАҚТЕ КИ БОЛОИ ШАҲР БОРОН МЕРЕХТ

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 59 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ниҳоят, аз чӣ бошад, аз думболи тобут қадам бинҳода буд вай.


Лоҷувард бошад дар хонадони худаш ҳамчунин ба гирдоби андеша печида буд.
Писараш аз вай чашм намеканд.
Ниҳоят Лоҷувард бо дастони аз ҳаяҷон ларзон ду ҳубба доруи боқимондаро, ки духтурзанак барояш шаби гузашта монда рафта буд, гирифта, боз ба комаш партофту аз болояш оби пиёларо ошомид.
Писараш ҳамоно аз ӯ чашм намеканд.
Ниҳоят писараш тоқат накарду гуфт:
– Оча, ман дилтанг шудам аз ин ҳама. Аз зиқии ту зиёд… Аз ин хона ҳам хело боз набаромадаам. Дилам ба кафидан наздик шудааст, оча…
Лоҷувард аз миёни хаёлҳои пурпеч худашро берун кашидан хост.
– Ҳаа,

  • мад кашид ниҳоят ҷавонзан, ки ба писараш нигариста буд.
  • Ба ғурбати худам овора шуда, чанд рӯз боз туро набаровардаам берун, ба ҳавои кушод… Охир ту беҳолу… Сайругашт зарур буд барои ту,
  • боз тулонӣ сукут кард ва ба андешаи худ ғӯтта зада буд: писарашро магар ҳанӯз аз хона берун бароварданӣ нест вай?

Вале боғистони баъди борон пурфасона мерасид ба назар.
Боғистоне, ки ба ин ҷо овардааст писарашро Лоҷувард барои гардиш.
Дар пайроҳи миёни гулу буттаву дарахтҳо қадам мениҳоданд онҳо.
Ягон-ягон донаҳои бозмондаи борон дар сари хамхӯрдаи навдаву баргҳо ба назар расида, аз таъсири партави хуршеди рӯйзада мерахшиданд.
Пайроҳи бороншустаи боғ дилнишин буд, ба гардиш созгору мувофиқ метофт.
Ҳарчанд дар онҳо паҳлӯи писараш Лоҷувард қадам мениҳод, вале вай гӯё дар олами дигар монда буд ва аз олами хаёл ва андешаҳои печхӯрдаи худаш халосӣ ёфта наметавонист.
Боғ пурфасона меистод, овози мурғони сари шохсорон эҳёгару давобахш буда метавонист ба ҳар чиз.
Лоҷувард, ки писарашро ба оғӯши табиат оварда буд, ҳанӯз дар олами пурпечи дигар монда буд.
Баъд писари вай шояд аз бетарафӣ ва ё хаёлзадагии модар хаста гардида буд, ки нишаст ба хараке. Модараш Лоҷувард ҳам биншаст паҳлӯи вай. Ин хараке буд миёни анбӯҳи дарахтони пурфасонаи боғ. Балки ин ҷо ду харак буданд пушто ба пушт. Дар як харак менишастанд Лоҷуварду писарак, дар хараки пушти онҳо менишастанд рӯ ба сӯи дигар ду зани миёнасоли дигар, ки миёни худ сӯҳбати хоси занона доштанд:
– Дар ҳаёти ман,

  • мегуфт яке аз занҳои дар пушт нишаста ба дугонаи ҳампаҳлӯи худ-албатта, мард буд,
  • ва баъди чанде тааммул афзуд: - Баъд ун мард ба зани дигар майл кард… Ман ба ҷойи домани ун марди худама сахт доштан, қаҳру ароз кардам, аз баҳри вай баромадан хостам... Вале… аз қаҳру итобу дуршавии ман, зани дигар фоида бурд, марди маро чунон печонд, ки дигар варо аз чанголаш халос карда, гирифта натавонистам. Ун зан марди мана пурра аз худ карда гирифт... Дар мобайн ман зарар дидам...
  • гӯянда муқаддам аз он, ки фузуда бошад чанде хомӯш монд: - ҳол он, ки барои зан шавҳар ёфтан душвортарин кор аст дар дунё...
    – Ҳаа, хоса барои зане, ки аллакай як бор шӯ дидааст-тасдиқ кард дугонаи вай.
    – …Ман мардаки худама, агар барои худам набошад ҳам, ҳеҷ не, барои фарзандом, аз доманаш сахт бояд медоштам, ки шояд занаки дигар варо бурдаву пурра аз худ карда наметавонист, фарзандони ман ҳам бе падар намемонданд.
  • занак чанде хомӯш монда буд ва ба фарзандонаш, ки баъди гулбуттаҳо буданд, назар афканд.
пешина
аз 59
навбатӣ