Зеҳн
ВАҚТЕ КИ БОЛОИ ШАҲР БОРОН МЕРЕХТ

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 59 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан
  • Фарзанди бепадара ҳолаш чӣ, худат медонӣ, дугон…
    Ду писари зани гӯянда бехи буттаҳо беҳаракат истода буданд, гӯё ба ягон чиз завқу ҳавасе пайдо карда наметавонистанд.
    – Чаро бозӣ намекунед?
    Онҳо ҷавоб надоданд…
    – Бозӣ кардан, ки нахоҳед, маҷбур хона бармегардем…
  • занак аз ҷояш хест.
    Лоҷувард, ки дар хараки пушт менишаст ва ин ҳамаро мешунид, авзояш тағир мехӯрд. Ё бештар фурӯ рафта буд ба худаш ва хайёлҳои худаш. Аз миёни хаёлҳо менигарист ҳар гоҳ бар писараш. Писараш, ки сари беҳолашро ниҳода буд ба пештанаи вай.
    Занҳои хараки пушт рафта буданд кайҳо ва ду писаракро бурда буданд.
    Аммо Лоҷувард менишаст ҳамоно ноҷумбон ва ба худ фурӯ рафта буд. «– Агар ман, ҳеҷ не, барои фарзандом шуда домани ун мардака раҳо намекардам, аққалан фарзандом бе падар намемонданд. Фарзанди бепадара ҳолаш чӣ мешавад, маълум…»,
  • шунид сухани занҳои сӯҳбаткардаву кайҳо рафтаро Лоҷувард гуё аз миёни андешаҳои худаш.
    Ва ӯ ларзида нигарист ба сари писараш, ки ба пештанааш такя зада буд.
    Боғи паҳно амсоли Лоҷувард ва амсоли писари вай ба андешаи дигар ғутида мезад.
    – Меравем,
  • хест ниҳоят Лоҷувард аз ҷо.
    – Ба хона? - гумон кард писарак.
    – Ҷойи дигар.
    – Ҷойи дигар? - писарак нафаҳмида буд мақсади модарро ҳамоно.
    – Барои ту шуда…
    – Барои ман?
    – …Дигар чӣ кор ҳам кунам? Барои фарзанд ғайри модар, падар ҳам лозим будагист, шояд, ки… Ҳаа, ҷое меравам боз, ки рафтанам лозим нест.
    Дасти писарашро ба кафи даст фишӯрда, қадам мезад ҷониби баромадгоҳи боғистон Лоҷувард.
    Писараш ҳанӯз ҳайрон менигарист ба вай ҳар гоҳе.

Баъд Лоҷуварду писараш менишастанд дар палатае, ки ҷавонмарди пояш миёни гаҷ ин ҷо буд, яъне падари писарак ин ҷо буд.
Лоҷуварду писараш менишастанд, вале акнун сухани мегуфтагӣ гӯё надоштанд барои падари писарак, ки хомӯш буданд. Лоҷувард, ҳарчанд худаш писарашро ба ин ҷо оварда буд, дам ба дарун менишаст.
– Ба сари мард…

  • ниҳоят ин вожаро аз куҷое дарёфта, гуфтан хост падари писарак, яъне Неъмат..
  • Ба сари мард, ҳамин тавр, ҳар чӣ ояд, бигзарад,
  • шояд хомӯшии вазнину гаронро хотима додан мехост вай.
  • Хуб, ки ту Лоҷувард, инро фаҳмидӣ, омадӣ… Хуб, ки омадед ҳардуи шумо. Ҳоо… барои зан шавҳар лозим, фарзанд ҳам бояд падари худашро дошта бошад. Ҳамту не-ъ?…
    Рухсори Лоҷувард бештар тағир хӯрда буд, балки ба он ду қатра ашк чакида буд.
    Аҷиб, ки вай худаш бозомада буд ва боз худаш ашк мерехт. Шояд аз он, ки мақсади ниҳони омади онҳоро шавҳараш Неъмат дарёфта буд.
    – Ҳамин тавр зан ба толеаш тан медиҳад ҳамеша,
  • сухани Неъмат буд боз.
    Гиряи Лоҷувард зиёдтар гардида аз ин ва тани ӯро меларзонд.

Дар як хонаи биноҳои баландошёни шаҳр расми ҷавонзане аз танаи девор фаррохона табассум мекард. Ва ин расми Афсона буд.
Шавҳари Афсона-– яъне Ромиш ғарқи андешаҳои худ дуди тамокуро чуқур-чуқур фурӯ мекашид.
Духтараки хонадон, гӯё ба андешаҳои падар халал расонидан нахоста, хомӯшона тамошо мекард оинаи нилгунаро.
Ромиш дуди сигарро чуқуртар фурӯ мекашид.
Духтараш ниҳоят оинаи нилгунаро хомӯш намуда, қариби падар омад ва биншаст.
Ба падараш менигарист вай.
Падараш миёни дуди тамокуи худаш гоҳ хира ва гоҳ айён буд.

пешина
аз 59
навбатӣ