ВАҚТЕ КИ БОЛОИ ШАҲР БОРОН МЕРЕХТ

– Дада-ниҳоят баъди муддатҳо ба забон овард духтарак тоқат наоварда.
Падар дуди сигарро чуқуртар кашид.
– Тилевизор боз нишон дод садамаи мошинаҳоро,
- ба забон овард духтарак оҳиста.
Падар ҳарфе нагуфт.
– Ҳамон садамаи мошине, ки дарунаш буд очам.
Ромиш сигари дигар даргиронд.
Духтарак ҳамоно ба вай менигарист.
– Худатон доим мегуфтед, дада, ки мӯҳтоҷу бемора хабар гирифтан шарт, на вобаста ба ҳар чӣ, ки рӯй дода…
Ромиш дуди дамкашидаашро сар дод ва паси он хираву нимпайдо гардид…
Духтарак ҳанӯз аз вай чашм намеканд, ҳарчанд, чизе намегуфт дигар барои падар.
– Дилат хоҳад ман туро ба беморхона мебарам, аммо худам он ҷо намедаром-баъди дуд додани сигари дигар чунин гуфта буд вай.
Мошин ба бемористон баробар шуда, биистод.
– Худат медонӣ, ки ман ин ҷо омаданӣ набудам. Фақат барои ту…
Духтарак чизе намегуфт, ҳарчанд дар қаъри чашмони маҳзунаш андешаҳо чарх мезад, ки падараш аз мошин баромаданӣ ва ё на?
– Аммо ман бе шумо ба ин беморхона даромаданӣ не,
- сухани духтарак буд.
– Он ҷо даромадани ман душвор аст, - сухани падар буд ниҳоят.
- Худат медонӣ инро…
– Дукаса шавем шояд ба якдигар қувват шавем барои даромадан… А?…
Падар ҷавоб надод, ҳарчанд майли аз дар баромадан накард.
Бо вуҷуди ин духтарак баъди аз мошин баромаданаш тулонӣ истода буд, то падар ҳам берун шуда бошад…
Ромиш ҳанӯз ҳайрон буд, ки аз думболи духтарчааш сӯи беморхона қадам бизанад, ё на?
Ромиш аз мошин баромада буд, вале як истод-зӯр зада, аз думболи духтараш, ки дами дари беморхона ӯро мунтазир буд, қадам бинҳод….
Онҳо аз омадану рафтанашон пушаймон буданд магар, ки?… Ё шояд ҳайрон буданд аз кору кардаи худашон ҳоло падару духтарак.
…Ва Афсона ҳам бовар намекард чун шавҳарашу духтараш ворид шуда буданд бар палата, духтараш пешопеш, падар қафо. Онҳо назди дар истоданд….
…Духтарча, ки аз модар чашм намеканд, вале барои ӯ ҳарфе нагуфт, ҳарчанд, падарашро худи вай оварда буд ба ин ҷониб…
Чун Ромишу духтарча рафтанд Афсона тулонӣ ба даре, ки онҳо баромада буданд, назар андохт. Ҳанӯз бовар намекард ба омаду рафти шавҳару духтарчаи худаш вай.
Баъд зӯр зада, хест, яклаба-яклаба пой ниҳода, назди тиреза омад…
Аз паси тиреза назора кард, ки шавҳарашу духтараш хайёлманд, бо сари хам аз беморхона баромада, дур мераванд: онҳо ҳамин тавр карахтона ба мошини дар бари роҳ монда, расида, ба он нишастанд.
Мошин ҳам гӯё карахтона равона гардид ва дур рафт.
Чун мошин панаҳ гардид, Афсона боз муддати мадид паси шишаи тиреза, андаруни палата хайёлманд истод.
Ниҳоят нигоҳашро аз роҳи калони мошингард, ки кайҳо он ҷо дигар мошини шавҳараш набуд, барканд ва оҳиста тоб хӯрд. Ба палата, ки чанде пеш шавҳару духтараш ин ҷо буданд ва пасон ба халтачаи салафании онҳо овардаву монда назар афканд.
Боз гӯшаи кат биншаст Афсона ва боз нигарист ба халтачаи салафании овардаи шавҳарашу духтараш.
Баъд оҳиста даст пеш бурд, бо нуги ду ангушт аз даруни халтачаи салафанӣ ду дона тут, ки марворидгун метофта баргирифт, ба онҳо боз назар афканд, баъд онҳоро ба комаш андохт. Оҳиста фурӯ бурд. Тамъи онҳоро гӯё бо тамоми ҳастиаш эҳсос намудан мехост ҳолиё.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё