Зеҳн
ВАҚТЕ КИ БОЛОИ ШАҲР БОРОН МЕРЕХТ

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 59 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ва чанде дар асари лаззати тутҳои шаҳдрез ва асари кадом хаёли дигар нишаст.
Пасон ба хотираш гӯё кадом чизи дигар расиду сӯи дар ва боз сӯи халтачаи тути балхӣ назар бурд. Пасон хест. Халтачаи рӯи курсиро гирифт, оҳиста тоб хӯрда, якбара по ниҳода, ҷониби дар рафт. Оҳиста ба долони дароз баромад.
Чанде истод, чун долонро лаҳза холишудаи духтурону беморон дарёфт, зӯр зада, худро ба палатаи дигар гирифт ва он ҷо аз думболаш дарро пӯшонид. Дар ин палата рӯи бистар каси дигар буд ва он албатта Неъмат буд. Бо пойҳои гаҷкарда ва тани зарбхӯрда буд Неъмат ҳолиё.
Ва ба Афсона ва хоса халтачаи салафании дасти вай назар андохт Неъмат.
Афсона ба курсии паҳлӯи кати Неъмат биншаст. Чанде хомӯшу хайёлманд буд.
Баъд саволе ба забонаш омад:
– Медонӣ, инро кӣ овард?…
Неъмат аз Афсона, ки ин суолро дода буд ва аз халтачаи салафании дасти ӯ чашм намеканд.
– …Шавҳарам овард инро…

  • сухани Афсона буд, ки аз чӣ бошад ба пичиррос монандӣ дошт ва миқдоре аз тутҳоро ба лайличаи пеши Неъмат ҳам рехт бо кадом ҳаяҷон.
    – Хайр-чӣ… Чӣ аҷоибот ҳаст дар ин? - овози Неъмат буд.
    Афсона ба вай нигарист.
    – Охир, зани худат бо шавҳари ман, аз шаҳр берун рафта… чунин мекарданд, ки…
    ману ту кардем… пас худат… меомадӣ… ба хабаргирии занат?…
    Ин суол гӯё тамоман ногаҳон буд ва ба миён хомӯшии ноҳинҷор барафканд.
    – Инҳо бояд… Бояд меомаданд…
  • сухане дарёфтан хост Неъмат.
  • …Ғайри омадан дигар илоҷ доштанд? Ба тақдири худашон бояд тан медоданд… Ё нодуруст гуфтам?…
  • Неъмат боз хомӯш монда буд.
    – …Хайр, зани туро фаҳмидан мумкин,
  • пичирроси Афсона буд.
  • Вай зан аст... Зан ҳар чӣ ба қисматаш ояд, дер ё зуд шояд тан диҳад… Аммо шавҳари ман... Ба ҳар ҳол…
    вай мард...
  • ҳанӯз фаҳмидан мехост сабаби бозомади шавҳари худро Афсона.
    – …Ин «мард» ҳам…
  • ба хайёл рафт муддате Неъмат,
  • шояд дигар илоҷ надошт, ғайри ба ин ҷо омадан... Баъд… шояд… Шояд одат кардааст ба ин хел корҳо вай...
    – Шавҳари ман? Одат кардааст? Ба ин хел корҳо?
    – Ҳоо…
  • Неъмат мад кашида буд боз.
    Афсона ба ҳайрати бештар омада буд ва аз Неъмат чашм намеканд.
    – Ҳоо…
  • Неъмат боз лаҳзае хомӯш буд.
  • Зеро, ягон бор, нагузоштаам, луқмаи ҳалол фақат азони вай монда бошад… ё танҳо азони вай бошад...
    – …Нафаҳмидам…
  • дар ҳайрати бештар буд ҳамоно Афсона.
    – Чӣ гӯям?…
  • Неъмат лаб хоид як муддат.
  • Акнун, ки аз забонам баромад, то охир нагӯям шубҳаат зиёд мешавад… Агар гӯям чӣ?…
    – Акнун, ки гуфтӣ, то охир расониданат лозим.
    – Агар гӯям, шояд қаҳрат биёяд.
    Афсона аз вай чашм намеканд.
    – Акнун, ки гуфтӣ, чӣ фарқ дорад?…
    – Ман зани худамро ҳам,
  • ба забон овард Неъмат,
  • аз вай кашида гирифта…
    будам...
    Ҳайрати Афсона аз ҳаду ҳудуд гузашта буд.
    – Аз шавҳари ман?
    – Ҳоо…
  • ҷавоби Неъмат буд чунин.
    Ҳайрати Афсона паст намегашт.
    – Ту шухӣ мекунӣ-а? Аз рӯи одат-а?
    – Дар ин масъала шухӣ мешавад магар?
    – …Ба ман… дар ин бора… нагуфта будӣ... то ин дам…
    – Аслан…
  • забон хоид Неъмат.
  • Аслан одат надоштам ба касе ҳисобот дода бошам… аз корҳои мардонаи худам… Аммо ҳоло…
  • Неъмат хомӯш гашта буд якбора. Вале давом дод боз– Шояд таъсири аз сари ҷарӣ паридан ва ё зарб гирифтан буд, ки сире аз забони худам ошкор гардид...
пешина
аз 59
навбатӣ