ВАҚТЕ КИ БОЛОИ ШАҲР БОРОН МЕРЕХТ

- боз хомӯш монд.
Авзои Афсона, ки ҳанӯз аз Неъмат чашм намеканд, тамоман дигар шуда буд. Ва инро ҳис карда, Неъмат аз нав ба сухан омад:
– Чӣ хел гӯям буд дар ин бора пештар ба ту-а? Пештар гӯям буд, ки зани худамро ҳам аз шавҳари ту кашида гирифтаам?… Хайр, ҳар мард ягон сиру асрор доштанаш лозим-а? Ҳамту не? Марди бе сиру асрор намешавад дар ин дунё…
– Хуллас, шавҳари маро мешинохтӣ-а? Пештар? - қонеъ нашуда буд ҳанӯз Афсона ва боз баъзе чизҳои дигарро барои худаш аниқ кардан мехост.
Неъмат лабханд заданӣ буд, яъне масъаларо мулоим кардан мехост. Ошкоргӯии минбаъдааш низ ба ин мақсад равона шуда буд:
– Мешинохтам, албатта, шавҳари туро… Аз наздик… Чӣ рангат дигар мешавад?
Қаҳр мекунӣ ту? Пас дар ин бора, пешакӣ бояд ҳисобот медодам, ба ту? А?
Афсона ҳайратзада меистод ҳанӯз.
– Хуллас ҳамин тавр гӯ? - ниҳоят аз ҷой бархост Афсона.
– Хайр чӣ? - сухани Неъмат буд, ки аз Афсона чашм намеканд. - Ин як чизи муқарар. Ин хелаш дар ҳама ҷо шуданаш ва вомехӯрданаш мумкин…
Афсона, ки назди дар расида буд, истод.
– Барои ман ин чизҳои шунидаро ҳамл кардан душвор...
– Яъне «қаҳр кардам» гӯ?
Афсона назди дар муддате андешаманд биистод.
– Ҳарчанд баъди ҳар чизи шуда, қаҳр карданам ноҷоя, ё дер шуда… вале чизҳои шунидаро ҳамл карданам, шояд вақт талаб кунад... Ё шояд, ки…
Вай ба долон баромада буд. Гӯё акнун аҳмият надошт, ки варо мебинанд дар долон одамон ва духтурон, ё на?
Неъмат бошад ҳанӯз аз дари бозмонда, ки аз он Афсона баромада рафта буд, чашм намеканд.
…Дар ҷое, ки Афсона то рафтанаш нишаста буд, халтачаи тути овардаи вай, балки овардаи шавҳараш ва духтараш монда буд. Нисфи тут рехтагӣ буд дар лаълича.
Неъмат ба онҳо нигоҳашро бозовард. Тутҳо марворидранг буданду иштиҳоро меоварданд. Шояд барои ҳамин бошад, ки Неъмат, як вақт сӯи онҳо даст бурд, чандто гирифт, ба комаш андохт. Як чизи ба табассум шабеҳ гирди лабонаш падид омад, шояд аз тамъи меваҳо буд ва ё аз андешаи андаруни худаш буд, маълум нашуд…
Вале ҳарчӣ набошад боз тут гирифту ба даҳонаш андохт. Ва гӯё ҳар чизи шударо фаромӯш мекард ва ё фаромӯш кардан мехост…
Шавҳари Афсона, яъне Ромиш ба хонадони худаш баргашта буд. Баргашта буд ҳамроҳи духтараш.
Ва падару духтарак акнун дар ду гӯшаи мизи хона менишастанд.
Ҳар яке дар алоҳидагӣ банд буданд ба андешаи худ.
Миз акнун дигар чизе надошт, ороста набуд, на аз торт, на аз гулу гулдон. Умуман холӣ буд болои миз ҳолиё.
– Ман он ҷо барои ту рафтам…
- ниҳоят гуфт падари духтарак. Вай ҳарчанд сарашро набардошта мегуфт, вале маълум буд, ба духтараш мегӯяд. Ва баъди чанде ғарқи хаёл нишастан афзуда буд: - Набошад кадом мард мерафт, баъди ҳар чизе, ки шуд…
Боз ба андешаҳои пурпечи худаш рафта буд падар…
Духтараш ҳам чизе нагуфт, андешманд менишаст.
Ва аз сурати девор Афсона-модари духтарак, фаррох табассум дошт бо зайли қадим.
Зани Неъмат, яъне Лоҷувард, ки ҳамчунин аз шӯъбаи зарбу латҳои беморхона кайҳо ба хонадони худаш баргашта буд, гӯшаи кате менишаст, ки писари беҳолаш ба он ёзида буд аз нав, вале сарашро рӯи зонувони модар ниҳода буд.
Ва ҳардуи онҳо ба андешаи худ ғуттавар буданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё