Зеҳн
ВАҚТЕ КИ БОЛОИ ШАҲР БОРОН МЕРЕХТ

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 59 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Баъд Лоҷувард писарашро хобонида буд.
Паҳлӯи писараш боз тулонӣ ва андешаманд менишаст.
Дар берун шаб ҳукмрон шуда буд.
Ниҳоят Лоҷувард оҳиста бархост, бо қадамҳои оҳиста хонаи дигар гузашт.
Назди ҷевони хона муддате истод, баъд онро оҳиста бикшод.
Кадом чиҳоро кофту аммо чизи даркориро дарёфта натавонист.
Вале кофтукобро идома ҳамедод ва ногаҳ кадом чиҳо аз ҷевон афтоданд ба пеши пояш. Лоҷувард яке аз онҳоро бардошт, миёнашон сурате дарёфт. Сурати буридае буд, ки нисфи дигараш наметофт. Яъне сурати худаш буд ва шавҳараш Неъмат, вале аз гӯшаи даридааш бармеомад, ягон вақт паҳлӯи сурати ин ду нафар боз сурати кадоме ҳам буда, ки баъд ҷудо карда шудааст.
Лоҷувард муддате ба ин сурати як бараш набуда нигарист, пасон боз кофтукобро идома дод ва чанде баъд нисфи дигари суратро дарёфт. Дарёфта буд аз ҷойи дигар.
Чанде ба ду ҳиссаи сурат нигарист, сипас бо дастони пурҳаяҷон ду ҳиссаро ба ҳам наздик овардан гирифт...
Сурати се нафар ҳосил гардид паҳлӯи ҳам: ду ҷавону миёнашон бонуи ҷавони дигаре. Бонуи ҷавон, худи Лоҷувард буд, ки бо дастони пурҳаяҷон ҳоло пораҳои бурида ва ҷудои суратро ба ҳам наздик овардан мехост. Ва ҷавонҳое, ки дар сурат, паҳлӯи Лоҷувард меистоданд, шавҳараш буду дигаре... Дигаре, ки дар пораи буридаву ҷудокардаи сурат меистод, ҷавонмарде буд. Яқинтараш Ромише буд, ки зани вай, яъне Афсона, бо шавҳари Лоҷувард, яъне бо Неъмат аз ҷарӣ парида буданд бо мошин ва ҳоло дар бемористон буданд…
Ҳаяҷон ва ҳатто ларзаи дастоне, ки пораҳои суратро ҳоло ба ҳам наздик доштан мехостанд, айёнтар шуду он се нафар, ки аз навҷавонӣ ва аз дунёи нуронӣ шод буданашон яқин метофт, боз аз ҳамдигар канда ва ҷудо гаштанд, яқинтараш сурати онҳо боз чунин шуд, ки Лоҷувард пораҳои онро дигар ба ҳам наздик дошта наметавонист...
Чаро онҳо-се нафар якҷо буданд дар навҷавонӣ ва чӣ хел якҷо буданд?
Чаро якҷо буданд ин се нафар дар навҷавонӣ: яъне Лоҷувард, Неъмат ва Ромиш? Ва чӣ сиру асрор буд дар ин муаммо?
*
Шаҳри азим пурасрор метофт паси тиреза. Шаҳри чароғонаш даргирон, вале бо вуҷуди ин дар торикии шаб печида. Яқин асрорҳои гузаштаро басо медонисту дар худ ниҳон медошт шаҳристони азамат. Шаҳрҳои азим, ҳамин тавр, асрорҳои азим ниҳон доранд дар синаи худ.


Беморхона.
Неъмат зӯр зада, ба асобағал такя карда, аз ҷой бархост.
Тақо-туқ қадам ниҳода, ҷониби дар рафт.
Ба долон баромад.
Дар долон каме рафту дари як палатаро бо нуги асобағал тела дод. Ба даруни он назар барафканд.
Афсона ин ҷо буд, болои рахти хобаш андешаманд менишаст.
Паю осори зарбу лати рухсору дасту оринҷи Афсона акнун кам метофт ва аҳволаш гӯё беҳтар барин буд, бармеомад аз миён чанд рӯзи дигар даргузашта.
Неъмат он ҷо ворид шуд ва ҳамчунин дар гӯшаи рахти хоби ҷавонзан биншаст.
– Чанд рӯз боз дигар наомадӣ пеши ман? - чунин гуфта буд Неъмат.

  • Қаҳр кардӣаа?
    Афсона чанде андешаманд менишаст, баъд мавзӯро сӯи дигар бурдан хост:
    – Мумкин, як-ду рӯз баъд маро барои аз бемористон рафтан ҷавоб диҳанд,
  • сухани Афсона буд, ки баъди муддатҳо шунида шуд.
    – Хуллас гуфтанӣ, ки маро танҳо монда рафтаниӣ ту? - шухӣ кардан хост Неъмат омехтаи гила.
пешина
аз 59
навбатӣ