ВАҚТЕ КИ БОЛОИ ШАҲР БОРОН МЕРЕХТ

– Ин ҷо меҳмонхона нест, ки барои зиёдтар истодан иҷоза бошад.
Неъмат чанде хомӯш буд.
– Баъди рафтанат шавҳари ту мемонда бошад, ин ҷо биёӣ, ба хабаргирии ман? - боз шухӣ кардан хост Неъмат ва ё шояд ҷиддӣ мегуфт вай.
Афсона ҳамоно дар андеша буд.
– Аслан кадом мард иҷоза медиҳад занаш рафта бошад назди марди дигар, ҳарчанд бо ту мерафтам баъзан беруни шаҳр… Акнун?…
- китф ба ҳам кашид, ки «намедонам».
Муддате хомӯшӣ буд дар миён.
– То ман мебарояму якдигарро боз меёбем ва ба ҳамдигар мерасем, дар миён вақти зиёд мегузарад, - сухани Неъмат буд, ки маълум набуд шухӣ мекунад ва ё ҷиддӣ мегӯяд.
– Одамӣ ба ҳама чизи қисматаш тоб меоварад дар ин зиндагӣ, - бар кадом маъние бошад, ки гуфт Афсона…
– Вале… пеш аз он, ки равӣ, наздиктар шин, сер шавам аз ту, вақте ки илоҷи омаданат, назди ман, шояд кам аст.
– Ман наздик, - норизо нимғурма кард Афсона.
Неъмат наздиктар шудани ҷавонзанро мунтазир нашуда, худаш даст ёзонда, варо тарафаш кашид. Бари чеҳраи ҷавонзанро бӯса зад. Шояд аз ин такон, ё шояд аз он, ки дасти Неъмат китфи куртаро кашида буд, аз чоки дарози гиребони куртаи кушоду хосаи беморхона синаи бардамида ва мармарини Афсона падид омада буд.
Аз дидани ин дили Неъмат гум зад, панҷа андохту синаи ҷавонзанро тарафаш кашидан хост...
Ҳарду бехабар буданд, ки зану писар ва шавҳару духтарашон меоянд ҷониби беморхона аз нав.
Балки ба бемористон ворид шуда буданд онҳо.
Бехабари ин буданд ду нафар, яъне Неъмату Афсона…
Ва ана дар роғ шуд.
Шояд беовоз роғ гардида буд ва ё аз боисе, ки Неъмату Афсона ба ҳамдигар овора буданд, инро ҳис накарданд.
Паси остонаи дар истод оне, ки дарро роғ кард.
Шавҳари Афсона буд. Танҳо набуд. Ҳамроҳаш духтарчааш ба назар мерасид. Яқин ба хабаргирии «бемор» омада буданд, ки доштанд дар даст салафанқоғаз, ки дар он метофт мева, бодиринг ва анвои хӯрданӣ.
Вале андаруни палата рӯи кат Неъмат тарафаш кашида, мебӯсид синаи Афсонаро.
Ва Афсона гӯё норизо чашмонашро пӯшида буд, аммо Неъматро аз худ дур накарда буд, шояд барои ин нерӯи теладиҳии вуҷудаш алҳол камӣ мекард.
Онҳое, ки паси дар пайдо шуда буданд, ба ин нигариста, на даромада метавонистанд ва на тоб хӯрда рафта.
Ду каси дигар, ки аз долон гузаро буданд, нигоҳашон ҳамчунин тасодуф афтид ба даруни ин палата.
Онҳо низ кебида, суст гашта, нобовар монданд ва нобовар истоданд, ҳанӯз нобовар менигаристанд ба даруни палатаи дараш кушода. Ва ин касони навбатӣ, ки истода ва даруни палатаи дараш роғшуда менигаристанд, яке зани Неъмат-Лоҷувард буд ва дигар писари вай. Яқин онҳо низ ба айёдати бемори марбути худашон омада буданд, ки дар дасташон метофт халтачаи салафании ғизо ва мева ва бидончаи таъом; ҳарчанд «бемор»– и онҳо дар палатаи худаш неву дар палатаи занаки «бемор» буд...
Хуллас Лоҷувард медид, ки чӣ тавр шавҳараш мебӯсад Афсонаро. Ҳамон Афсонае, ки чашмонаш пӯшида буд ва ин шояд нишонае буд, ки он қадар ризо нест аз чизи шуда, вале аз тарафи дигар гӯё қудрат надошт Неъматро аз худ дур фиканда бошаду озод шавад…
…Ва ин то даме идома ёфт, ки Афсона нигоҳҳои дигаронро аз назди дари нимкушода эҳсос намуд ва гӯё ларзида, ба худ омад ва ду дасташро тир карда, Неъматро аз худ дур барафканд. Азбаскӣ вай бо ҳайрату нобоварӣ сӯи дар менигарист, Неъмат низ, ки то ҳозир синаи Афсонаро мебӯсид, аз ин чизеро пай бурда, нигоҳашро овард ҷониби дар.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё