Зеҳн
ВАҚТЕ КИ БОЛОИ ШАҲР БОРОН МЕРЕХТ

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 59 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ва он ҷо зану шӯ ва фарзандон пайдо шуда буданд ғайри чашмдошти онҳо. Бале Неъмату Афсона умедвор набуданд, ки ҳамин ҳозир пайдо мешаванд унҳо-зани яке ва шавҳари дигаре ва фарзандон…
Чор ҷуфт чашмон менигаристанд ба Неъмату Афсона.
Ва сукунат дар миён буд. Вале чӣ қадар пуршиддат ва тӯфондор буд сукунати ҳозира.
Аз ду нафари андаруни палата хоса ранги Афсона бештар меканд, сурх мешуд, сафед мешуд, яқин вай зиёдтар намехост шавҳарашу духтараш шоҳид шуда бошанд ба чизи ин ҷо рӯйдода.
Дар миён ҳамоно сукунат буд, сукунати ноҳинҷор. Сукунате, ки гӯё тамом намешавад ҳаргиз.
– Гумон карда будам…,

  • ҷумбиданд лабони яке,
  • баъди фалокате, ки тасодуф зинда мондед… тавба мекунед аз ин корҳо…
  • ва инро Ромиш мегуфт, яъне шавҳари Афсона мегуфт.
  • Аммо шумо…
  • баъд хомӯш монд, гӯё дигар чизи мегуфтагӣ надошт, ё гуфтан намехост, даме ки ҳамаи ин такрор шуда буд боз.
    Афсонаву Неъмат аз бӯсу канор кайҳо монда буданд ва шахшуда меистоданд кайҳо боз.
    – Аслан айби худи мо, ки беномусӣ карда, омадем хабаргирии Шумо. Хоса, ки ман бояд намеомадам, агар мард мебудам! - сухани Ромиш буд аз нав, ки яқин ҳастиаш ғулғула мезад. Ҳатто салафани ғизои овардаашро якбора бардошта, ба замин барзад.
    Бодирингу мева аз даруни салафан парида, перешон шуд. Ҳатто бодиринге парида, ба Неъмат, ки рӯи кат буд, бархӯрд.
    Ромиш, ки дасти духтарашро кайҳо раҳо карда буд, тоб хӯрд ва садои дур шудани поймонии вай муддате шунида мешуд.
    Вале паси дар ҳанӯз монда буд духтари Ромиш. Менигарист духтарча ба модараш ва хоса ба синаи аз чоки гиребони курта намоёни вай, ки модар яқин дарун кардани онро фаромӯш карда буд аз шахшавии якбораи худ.
    Баъд духтарак ба думболи падар нигарист, ки дар охири долони дарозои бемористони азамат мерафт. Балки аз зинапояҳо поён шуд ва он ҷо ниҳоят нопадид гардид.
    Духтарак аз он сӯ нигоҳашро барканд, боз овард ҷониби модари худ. Модараш, ки дар кати вай нишаста буд марди бегона. Ва марди бегона, гӯё ҳеҷ чиз нашуда бошад, сӯи духтарак эҳсосе зоҳир кардан мехост, балки он ба табассум шабоҳат дошт дар гирди лабони ин мард. Нигоҳи духтарак боз рафт ҷониби долон, ки он ҷо холӣ ва бекас буд, гӯё дар ин беморхона ҳоло дигар касе нест ва касе пайдо намешавад...
    Духтарак аз ҷониби зинапояҳо чашм канда, бори дигар ба модараш ва марди рӯи кат, ки барои вай акнун беибо табассум кардан мехост, нигарист ва гӯё бештар шах мешуд, вале якбора тоб хӯрд ва якбора ҷонибе рафт, ки рафта буд падари худаш.
    Қадамаш тез мешуд. Дар зинапояҳои гардон духтарак тоб мехӯрду дар баъзе поғундаҳо қариб каллапеч мефитод, вале суръаташро суст намекард, балки давидан мехост. Падари ғайбзада ва панаҳгаштаашро ёфтан мехост ва яқинтараш ба падар расидан мехост ин духтарак.
    …Вале паси дари палатаи ошиқон ду нафари дигар монда буданд. Ва ин Лоҷувард буду писараш, яъне зану фарзанди Неъмат. Ва аз даруни палата канда намешуд нигоҳи онҳо, яъне аз ошиқони муштоқи он ҷо канда намешуд. Лоҷувард ба ларза меомад, балки ба гиря меомад. Ва якбора гиря кард. Балки канда-канда овоз андохта, гиря кард.
    Баъд якбора тоб хӯрд. Қадами вай дар долони дарозои бемористон суръат мегирифт.
пешина
аз 59
навбатӣ