Зеҳн
ВАҚТЕ КИ БОЛОИ ШАҲР БОРОН МЕРЕХТ

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 59 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Яъне аз ин ҷо ва аз ин палата дур рафтан мехост Лоҷувард… Бидончаи дасти вай аз гардиши пуртакон лаппидаву ларзида обу равғани шурбо аз он рӯй зада, бари куртаи атласи варо доғдору тар мекард. Вале Лоҷувард яқин инро эҳсос карда наметавонист, ки дар ҳолати бехудӣ буд. Қадаму такони вай ва такони бидончаи дасташ афзун мегашт. Лоҷувард писарашро ҳам мебурд бо чунин шева. Балки модару писар дасти якдигарро дошта, чунин бошитобу осемасар мерафтанд, балки аз ин ҷо гурехтан мехостанд ҳарчӣ зуд ва баробари ин оби шурбо бари либоси ҳардуи онҳоро зиёдтар тар мекард.


Ромиш кайҳо аз ин бемористон баромада, ба мошинаш нишаста буд, аммо мотори мошинро ба ҳаракат оварда наметавонист. Матор инҷиқӣ мекард ва барқасди вай ба гардиш омадан намехост. Ромиш бештар телба мешуд, қаҳрашро аз мошин гирифтан мехост ва забонаи педали маторро сахттар пахш мекард, то маторро ба кор оварда бошад ва рафтанаш мавқуф нашавад, ки дигар ин ҷо, дар ин бемористон ва наздики он истодан намехост…
Хоса, ки духтараш давон аз зинапояҳо сӯи вай мефаромад ва аз вай ҳам гурехтан мехост. Духтараш, ки варо, яъне Ромишро оварда буд ин ҷо-ба ин беморхона. Духтари Ромиш, ки зинапояҳои гардонро бо ҳамон саросемагиву шитобзадагӣ, ки гӯё ҳамин лаҳза дар поғундаҳо лағжида мефитад ва ё по ба по печида, каллапеч мезанад, ниҳоят тай намуд ва бо ҳамон шаст аз беморхона берун шуд.
Мошини матораш якбора ба гардиш омада ва суръатгирифта барои он, ки ба духтарак барнахӯрад, Ромиш чамбари фармонро сахт тоб дод ва мошин тоб хӯрда, миёни ду чинор даромад, ки ин ҷо роҳи пеш рафтан ҳам надошт.
Ва мошин аз нав қафо омад, ба роҳ рост шуд ва суръат гирифт ва рафтан хост.
Духтарак худашро сӯи дари он зада буд ва чанг андохта, дастгираки дари мошинро кашид. Мошин дари кушодаи худро ва духтаракро кашола карда, чанде бурд, то даме, ки падар мошинро тормоз дода, боздошт. Ниҳоят падар аз мошин фаромад, панҷаҳои духтарашро аз дастаи дари мошин бо қаҳр ҷудо кард ва таъкид кард:
– Ту бе очаат наметавонӣ? Ҳамту не? Ман бошам наметавонам дигар бо очаи ту!
Барои он, ки худат дидӣ ҳамаашро ҳоло!… Ва ман ба хотири ту омада будам ин ҷо!...
Набошад!… Хуллас баргаштанат лозим пеши очат! - духтарчаро тела дода, дари мошинро бо зарб пӯшонид ва бо ҳамон шасту зарб паси чамбари рул биншасту мошин бо шасти дигар такон хӯрда, ба ҳаракат омад.
Духтарак аз ин мошине, ки дар роҳи калон суръаташро зиёдтар мекард, балки гӯё ҳамин ҳозир ба ягон чиз бархӯрда, фоҷиа ва садамаи дигар ба миён омаданаш яқин буд, чашм намеканд. Ва мошин миёни мошинҳои дигар печутобзанон ва алвонҷхӯрон панаҳ гардид, вале чашми духтарак ҳанӯз аз он ҷониб канда набуд.
«Ту бе очаат наметавонӣ. Ҳамту не? Ман бошам наметавонам дигар бо очаи ту!
Баргард пеши очат!»– сухани падар монда буд дар гӯши духтарак. Шояд аз ин боис буд, ки нигоҳи духтарча рафт бошаст ҷониби беморхона.
Паси тирезаи як палата дид модари худро духтарак. Модараш ба чоки гиребонаш андохта буд синаи мармарини худашро ва менигарист ҳоло бо хавотир ҷониби духтараш.
Духтарак менигарист аз гӯшаи роҳи мошингузар акнун ба вай.

пешина
аз 59
навбатӣ