Зеҳн

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

ЗЕ
Зеҳн12 декабри 2024 · 3 дақиқа хондан

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад.

Дар ҳар як қарор, дар ҳар як амал ту масъули сарнавишти худ ҳастӣ. Ба осмони орзуҳо парвоз кун, вале фаромӯш макун, ки фурудгоҳҳои зиндагиатро боақлона интихоб намоӣ. Зеро танҳо ту — қудрати идора кардани ҳавопаймои ҳаёти худро дорӣ.

Бовар кун ба худ ва дар роҳат устувор бош. Чунки пилоти ҳақиқӣ ҳамеша самти худро медонад.

Накӯӣ куну дар об андоз...

Дар деҳе марди миёнаҳоле зиндагӣ мекард. Ӯ боре бо нияти гӯсфандхарӣ барои қурбони ба бозор рафт. Гӯсфандеро маъқул карду харид. Баъд ба мошини дӯсташ бор карду худ аз паси дигар кор шуд. Дар ҳамсоягии ин мард як оилаи қашшоқ зиндагӣ мекард. Хонаҳояшон бисёр монанд буд. Ронандаи мошин омада иштибоҳан гӯсфандро дар пушти хонаи ҳамсоя монду рафт. Ҳамсоязан садои мошинро шунида берун гашт ва пушти хона гӯсфандро дида ҳайрон шуд ва ба шавҳараш хабар дод. Онҳо гумон карданд, ки ягон шахси саховатпеша дар арафаи иди қурбон гӯсфандро ба онҳо ҳадя овардааст. Аммо айнан кӣ намедонистанд ва барои Худоро шукр мегуфтанд. Он марде, ки гӯсфанд харида буд, бегоҳ аз бозор омада аз завҷааш пурсид:

— Гӯсфанд куҷост?

Зан мард:

— Гӯсфандро кӣ оварда буд?

Гуфт:

— Фалон дӯстам.

Зан гуфт:

— Интавр бошад ӯ иштибоҳан гӯсфандро ба пушти дари ҳамсоя гузошта рафт. Онҳо гумон карданд, ки нафаре онро ба онҳо хайр кардааст. Падараҷонаш, акнун хеста раваду вазъиятро нағзакак фаҳмонда гӯсфандамонро гирифта биёред.

— Эй зан ту чӣ мегӯӣ? Ҳоло фарзандонаш бисёр шод будагистанд. Пагоҳ ид бошад, ман чӣ гуна дили онҳоро меранҷонам. Беҳтараш пагоҳ барвақтар рафта як гӯсфанди дигар харида меорам.

Пагоҳ саҳар барвақт бархост ва ба бозор рафт. Дар торики назараш ба марде афтод, ки як чанд гӯсфанд мефурӯшад. "Эй Худо, кош аввалин харидории ман бошам то як гӯсфандашро ба ман арзонтар бифурӯшад." Рафту наздаш ба ӯ салом кард як гӯсфанди ӯро харид кардани шуд. Он мард гуфт:

— Бародар, медони ҳамин ҳоло наздик буд, ки ба садама дучор мешудем. Худоро шукр Худо ҷони ману гӯсфандонамро харид. Аз ин рӯ ман ният кардам, аввалин харидоре, ки меояд, кадом гӯсфандеро, ки интихоб менамояд барояш ҳадя мекунам. Бародар беҳтарин гӯсфанди маро интихоб карда гир, муваффақ мешавӣ!

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ, шояд пур аз душвориҳо ва монеаҳо бошад, вале муҳим ин аст, ки қадамҳои худро идома диҳӣ. Муваффақият танҳо ба онҳое мерасад, ки аз тӯфонҳо намеҳаросанд ва аз нокомӣ дилшикаста намешаванд. Ҳар қадам, ҳатто хурдтарин қадам ҳам бошад, туро як қадам наздиктар ба ҳадафҳоят мебарад.

Муваффақият на дар аввалини қадамҳо, балки дар охирин қадами устувор аст. Агар тарк накунӣ, агар пешравӣ кунӣ, ҳатман ба он чизе ки мехоҳӣ мерасӣ. Зеро танҳо онҳое, ки то охир мерасанд, маззаи пирӯзиро эҳсос мекунанд. Дар ҳар як лаҳзаи вазнин ба худ бигӯ: "Ман идома медиҳам ва ман комёб мешавам."

Мақолаҳои маъмул

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва