Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд, аниқ мегардад, ки бе донишҳои математикӣ омӯзиши ин фанҳо номумкин аст. Физика, химия, биология ва ҳатто география талаб мекунанд, ки шахси ин илмҳоро омӯзанда бояд ақаллан математикаи элементариро донад.
Умуман, қобилияти математикӣ ҳам ба кӯдакон ва ҳам ба калонсолон лозим аст.
Оё метавонед гӯед, ки омӯзиши математика ба шумо чӣ дод? Оё метавонед ба хонанда фаҳмонед, ки омӯхтани математика барои ӯ чӣ зарурият дорад?
Бояд ҳар як шахс ва ҳар як хонанда ҳис кунад ва донад, ки машғул шудан бо математика махсусан зарур аст, ҳатто агар дар оянда ҳаёти ӯ бо математика алоқаманд набошад.
Математика тафаккури мантиқиро инкишоф медиҳад
Математикаро омӯхта истода, хонанда чунин маҳоратҳоро соҳиб мешавад:
- Умумигардонӣ ва муайян кардани фикри асосӣ;
- Таҳлил кардан ва ба тартиб даровардани ақида;
- Қонуниятҳоро дарёфт кардан;
- Муайян намудани сабаб ва натиҷа;
- Муҳокима рондан ва хулосаи дуруст баровардан;
- Мантиқӣ, абстрактӣ ва стратегӣ фикр карда тавонистан.
Чӣ гунае ки варзиши бадан ҷисми инсонро инкишоф медиҳад, ҳамин хел омӯзиши математика майнаи сарро такомул дода, ҷаҳонбиниро васеъ мекунад ва зеҳнро қавӣ мегардонад.
Машғулият бо математика хотираро мустаҳкам мегардонад
Олимони Донишгоҳи Стэнфорди ИМА равиши ҳалкунии масъалаҳои математикиро омӯхта истода, ба хулосае омаданд, ки дар бештари ҳолатҳо маълумот аз хотира дарёфт карда мешавад. Кӯдакон ҳангоми ҳисоб чӯбчаҳо, ангуштон ё предметҳоро истифода мебаранд. Калонтар ки шуданд, аллакай ин амалҳоро дар хотираи худ иҷро мекунанд.
Тадқиқоти аҷиберо олимон дар маҷаллаи «Nature Neuroscience» соли 2014 оварданд, ки он ҷо масъалаи ташаккули фаъолияти омӯзишии кӯдакон мавриди таҳлил қарор гирифта буд. Хулосаи ин тадқиқот чунин аст: ҳалли масъалаҳои математикӣ хотираро мустаҳкам мекунад.
Математика тарбия мекунад
Барои ҳалли дурусти масъалаҳои математикӣ ва мантиқӣ диққатнокӣ, масъулиятнокӣ, вазифашиносӣ, покизакорӣ ва боинтизомӣ зарур аст.
Чӣ қадаре ки кӯдак «мушакҳои ақл»-и худро машқ диҳад, ҳамон қадар бартараф кардани душвориҳо осонтар мегардад.
Математика омӯзиши фанҳои гуманитариро осон мегардонад
Дар омӯзиши илмҳои гуманитарӣ хотираи қавӣ ва диққатнокӣ зарур аст, ки ин хислатҳоро метавон дар равиши омӯзиши математика пайдо кард.
Математика — фаннест барои илмҳо ёрирасон ва бо физика, химия, география ва геология алоқамандии зич дорад. Сотсиология ва иқтисодиёт ҷузъи ҷудошавандаи онанд. Лекин чунин фанҳо, ба монанди лингвистика ва журналистика низ ба мафҳумҳо, моделҳо ва қонуниятҳои мантиқии математикӣ такя мекунанд.
Маҳорати ҳалли масъалаҳои рӯзгорро такмил медиҳад
Тахмин намуда, ба қувваҳои ғайр умед бастанро математика инкор мекунад. Он дуруст муҳокима рондан ва алгоритми амалҳои худро тартиб дода, хулосаи дуруст бароварданро талқин мекунад.
Хулосаи бемантиқ инкор карда мешавад ва амалҳо бо тартиби муайян нақшабандӣ мегарданд.
Маълумот зуд азхуд мешавад. Он на танҳо азхуд мешавад, балки дар натиҷаи фикрронии мантиқӣ хулосаҳои дуруст пайдо мешаванд ва ҳолати баамаломада дуруст таҳлил мегардад.
Математика гарави инкишоф дар зинаҳои касбӣ аст
Агар якчанд сол пеш забондонӣ барои инкишоф дар зинаҳои касбӣ муҳим буд, ҳозир бо донистани якчанд забон касеро ба ҳайрат гузоштан осон нест. Имрӯз зарур аст, ки бо технологияи замонавӣ шинос бошед, соҳиби тафаккури мантиқӣ бошед, масъалаҳои ғайристандартиро ҳал карда тавонед ва умуман, қобилияти математикӣ дошта бошед.
Машғулиятҳои математикии натиҷабахш ба шахс боварӣ ба амалҳои худ, мақсаднок фаъолият намудан ва аз мушкилиҳо наҳаросиданро меомӯзонанд.
Ҳалли масъалаҳо пойдориро дар ҳолати рӯҳӣ (психологӣ) ҳосил мекунад
Ҳалли масъалаҳои математикӣ, мувофиқи хулосаи кормандони Донишгоҳи Дюки ИМА, инсонро аз хавотирӣ озод намуда, ҳолати рӯҳиро ба танзим медарорад. Он барои худидоракунӣ ёрии амалӣ расонда, асабониятро бартараф месозад.
Умуман, ҳалли мисолу масъалаҳои математикӣ ба шахсе, ки математикаро ҷиддӣ меомӯзад, кайфиятеро медиҳад, ки навозандагону сарояндагон онро эҳсос мекунанд ва шоирону нависандагон ҳангоми мутолиаи асари худ аз он лаззат мебаранд. Зебоии формулаву ҳалҳоро математик бо чашмони рассом мебинад.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё