Зеҳн

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

ЗЕ
зеҳни сунъӣ4 ноябри 2024 · 5 дақиқа хондан

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем:

Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода натавонем.

Коҳиши тавонои таҳлил ва тафаккури интиқодӣ. Мутолиаи китобҳои мухталиф ба тақвияти маҳорати тафаккури интиқодӣ ва мантиқӣ кумак мекунанд. Бидуни китоб хондан ин маҳоратҳо заъиф мешаванд.

Аз даст додани дониши ҷадид. Китобҳо манобеи ғании иттилоот ва донишанд. Бидуни мутолиа мумкин аст аз пешрафтҳо ва ёфтаҳои ҷадид дар ҳавзаҳои мухталиф бехабар бимонем.

Коҳиши халлоқият. Китобҳо ба тавсеаи халлоқият ва таҳрики тахайюл кумак мекунанд. Бидуни хонадони онҳо халлоқият ва тавоноии фикр кардан ба ғояҳо (идеяҳо)-и ҷадид мумкин аст уфт кунад.

Заъф дар ҳалли масъала. Мутолиаи китобҳои мухталиф ба фард кумак мекунад то роҳкорҳои мутанаввеъе барои мушкилот пайдо кунад. Бидуни китоб хондан маҳоратҳои ҳалли масъала коҳиш меёбад.

Коҳиши ҳамдилӣ. Китобҳо ба афрод ин имконро медиҳанд то аз нигоҳи дигарон ба дунё бингаранд ва эҳсосоти онҳоро дарк кунанд. Бидуни мутолиа ин ҳамдилӣ ва дарк мумкин аст коҳиш ёбад.

Заъф дар маҳоратҳои навишторӣ. Нахондани китоб боиси коҳиши тавоноӣ дар навиштан мешавад, зеро мутолиа ба беҳбуди сабки навишторӣ ва баён кумак мекунад.

Афзоиши ҳаяҷон (стрес). Мутолиаи китоб метавонад ба коҳиши ҳаяҷон ва изтироб кумак кунад. Агар китоб нахонем, мумкин аст равишҳои муассири муқобила бо ҳаяҷонро аз даст бидиҳем.

Коҳиши диққат ва тамаркуз. Хондани китобҳо ниёз ба тамаркуз дорад ва боиси тақвияти ин тавоноӣ мешавад. Бидуни китоб хондан мумкин аст тавоноии тамаркуз ва таваҷҷӯҳ ба ҷузъиёт коҳиш ёбад.

Кунд шудани ҳофиза. Мутолиаи муназзами китобҳо ба тақвияти ҳофиза кумак мекунад. Бидуни ин одат мумкин аст ҳофиза заифтар шавад.

Маҳдуд шудани дунёи зеҳнӣ. Китобҳо ба шумо дидгоҳҳои мутанаввеъе аз ҷаҳон медиҳанд. Бидуни онҳо додгоҳҳо ва афкори мо маҳдудтар хоҳанд шуд.

Коҳиши эътимод ба нафс. Афроде, ки иттилооти бештаре доранд, маъмулан дар баҳсҳо ва муколимот эътимод ба нафси бештаре доранд. Бмдуни китоб хондан мумкин аст дар муколимот эҳсоси заъф кунӣ.

Заъф дар иртибототи иҷтимоӣ. Китобҳо мавзуъҳои ҷолибе барои баҳс дар муколимоти иҷтимоӣ фароҳам мекунанд. Бидуни мутолиа мумкин аст доира муколимот маҳдудтар шавад.

Коҳиши ангеза барои ёдгирӣ. Мутолиаи китоб ба таври доимӣ ангеза ва алоқа барои ёдгириро афзоиш медиҳад. Бидуни он мумкин аст ин ангезаро аз даст бидиҳем.

Аз даст додани илҳои ва ғояҳо (идеяҳо)-и ҷадид. Китобҳо метавонанд илҳомбахш бошанд ва ғояҳои ҷадид ба зеҳни ту биёранд. Бидуни онҳо мумкин аст дар фикр кардан дар идеяҳои наву халлоқона дучори мушкил шавем.

Уфти таҳсилӣ ё ҳирфаӣ. Дар муҳитҳои таҳсилӣ ва корӣ мутолиаи доимӣ барои пешрафт зарурӣ аст. Бидуни он мумкин аст дар масири таҳсилӣ ё ҳирфаии худ пешрафти камтаре дошта бошем.

Афзоши замони талафшуда. Афроде, ки мутолиа намекунанд, мумкин аст заони бештареро сарфи фаъолиятҳои беарзиш ё вақтгир кунанд. Хондани китобҳо як фаъолияти созанда аст, ки аз талаф шудани замон ҷилавгирӣ мекунад.

Адами ошноӣ бо фарҳангҳо ва дидгоҳҳои дигар. Китобҳо ба шумо ин фурсатро медиҳанд, то бо фарҳангҳо ва дидгоҳҳои мухталиф ошно шавед. Бидуни мутолиа дидгоҳи мо мумкин аст маҳдудтар ва тангназаронатар шавад.

Коҳиши қудрати тасмимгирӣ. Мутолиаи китобҳо ба беҳбуди маҳоратҳои тасмимгирӣ кумак мекунад. Агар мутолиа накунем, мумкин аст дар шароити буҳронӣ ва муҳим тасмимҳои нодуруст ва зиф бигирем.

Эҳсосӣ пучӣ ва беҳадафӣ. Китобҳо метавонанд ба фард маъно ва самт диҳанд. Бидуни хондан мумкин аст эҳсосӣ беҳадафӣ ё адами рушди шахсӣ дошта бошем.

Ин паёмадҳое ҳастанд, ки бо адами мутолиа метавонанд дар зиндагии фард зоҳир шаванд ва бар кайфияти зиндагии шахсӣ, иҷтимоӣ ва ҳирфаӣ таъсир бигзоранд.

Илм ба кор судманд бувад,

Илми бекор пойбанд бувад.

Илм, дониш, маърифат, фарҳанг, ақл, хирад чароғи равшани олами фонист. Инсон ба василаи он ҳар гуна мушкилотро ҳал менамояд ва ба рӯи худ дари бахту саодатро мекушояд. Дарки оламу одам, ҳаводиси мухталифи табиат, бадию некӣ, асрори фалак ба андозаи ақли инсон марбут аст. Ҳар қадар кас ба умқи ҳодисот бирасад, ҳамон қадар асрори дигаре зуҳур меёбад. Яъне дар ин олами бекарон ҳазорон асрор нуҳуфта аст, ки ҳар якеро бо заҳмати зиёд кашф мекунанд.

Бешубҳа, шахси донишманд бо зӯрии хирад дили кӯҳро мешикофад, дар як соат роҳи дарозеро тай мекунад, дар фазо парвоз мекунад. Бале, бо мурури замон оинаи ҷаҳоннамо, мӯъҷизаҳои парвози аз олами хаёлот ба воқеият табдил ёфтаанд. Албатта, яку якбора не, бо гузашти айём, дар натиҷаи илмомӯзӣ ва амал.

Инсони донишманд дар гуфтору рафтор низ намуна аст. Ба ин маънӣ Фирдавсии Тӯсӣ гуфта:

Касе, к-ӯ ба дониш тавонгар бувад,

Зи гуфтору кирдор беҳтар бувад.

Пешрафти тамоми ҷабҳаҳои рӯзгор ба илм вобаста аст. Ақли инсонӣ пайваста бозёфтҳои навро рӯи кор оварда, заҳмати мардумро ба маротиб осон мекунад.

Камолиддин Биноӣ фармудааст:

Зи дониш шавад кори гетӣ басоз,

Зи бедонишӣ кор гардад дароз.

Омӯхтан бо амал судманд аст. Яъне дониши назарӣ ҳамон вақт комил аст, агар бо амал созгор гардад:

Илмат ба амал чӯ ёр гардад,

Қадри ту яке ҳазор гардад.

Ё ки-

Кори бе илм бору бар надиҳад,

Тухми бемағз бас самар надиҳад.

Абдулқодири Бедил ба омӯхтани дониш баҳои баланд дода, гуфтааст:

Фалакро чу нақши по кунӣ паст,

Вале гар донише нагзорӣ аз даст.

Хулоса, илму амал дар инкишофу рушди саноат, кишоварзӣ, дар кушодани сирру асрори табиату коинот ва ҳал намудани муаммоҳои зиёд ниҳоят бузург аст. Мо ҷавонони бояд ҳамеша илм андӯзем ва дар амал онро татбиқ намоем.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва