Зеҳн
Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа

МаърифатҶомеаТаърих

ТАСВИР ВА ТАҲҚИҚ ДАР «НУРОФАРИН»

Дар публитсистикаи бадеӣ, хосса жанри очерк таҳқиқ ва тасвир аз вижагиҳои асосӣ маҳсуб меёбанд. Зеро дар ин навъи публитсистика моҳиятан иртиботи инсон ва воқеа мавзӯи меҳварӣ маҳсуб ёфта, баррасии масъалаҳо, тасвири фаъолият ва корномаи одамон дар ҳолати саҳнавӣ шакл мегирад. Дар ин ҳолат таъйиноти асосии жанрҳои бадеии публитсистӣ, хосатан очерк ба вуҷуд овардани таъсири эмотсионалӣ ба хонанда ва тарбияи маънавии ӯ мешавад.

Маҷмуаи асарҳои публитсистии Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо – «Нурофарин», ки очеркҳои бадеии проблемавӣ, портретӣ ва дигар асарҳои публитсистии ӯро фаро гирифтааст, аз чунин вижагӣ ва таъйинот хуб бархурдор аст.

Мундариҷаи китоб аз нигоҳи моҳият ва мазмун тарҳрезӣ шуда, маводи он ба ҳам иртиботи қавии мантиқӣ доранд. Ин иртибот, пеш аз ҳама, нерӯи фаъоли созандагӣ аст, ки ҷавҳари аксари асарҳоро ташкил медиҳад. Ин нерӯ вазъи муташанниҷи кишварро дар солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ ором мекунад, умеди мардумро ба зиндагии осоишта ва фардои дурахшон қавӣ мегардонад, ихтилофоти бунёдии сохтмони НБО-и Роғунро аз байн мебарад, ба бунёди ин сохтмони азими аср суръат мебахшад, ҷавонони тоҷикро ба кори сохтмон ҷалб месозад, бригадаҳои аввали накбканиро ташкил медиҳад. Ин нерӯ бо кору пайкор, ҷасорату мардонагӣ ва меҳнатқариниву заҳматпешагӣ ба зиндагии худу дигарон нуру зиё мебахшад, руҳияи меҳнатдӯстӣ ва бунёдкориро талқин мекунад.

Нависандаи публитсист Бахтиёр Муртазо на танҳо дар бораи воқеаҳои бузурги замони мо, бахусус Иҷлосияи шонздаҳуми фараҳбахш, қадамҳои аввалини қаҳрамононаи Пешвои муаззами миллат, корномаи ва садоқату

аз 216
навбатӣ