Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа
матонати нурофарони Роғун ва рӯзгори дигар фарзандони шуҷову баруманди кишвар бо забони фасеҳ ва салис ҳикоят мекунад, балки кору пайкори қаҳрамонони асарҳояшро ҳамчун муъҷизаофарон бо таҳқиқҳои публитсистӣ ва тасвирҳои бадеӣ намо медиҳад. Ба ин маънӣ, дар кулли асарҳои китоб таҳқиқ ва тасвир паҳлуи ҳам қарор гирифта, дар вусъат ёфтани нақли нависанда ва равшан гардидани чеҳраи қаҳрамонон мусоидат намудаанд.
Нависанда ба мавзӯъ ва проблемаҳо танҳо бо назари мушоҳидакорона наменигарад, ба маълумоти аз асноди хаттӣ, суҳбату мулоқотҳо, саволу посухҳо ҳосилшуда қаноатманд намешавад, балки дар такя ба таҷрибаи касбӣ ва ҳаётии худ ба таҳқиқи жарфтари масъалаҳо эътибор дода, ба дарёфти решаву омил ва сабабҳои рух додани мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо мекушад. Бо ин усул ӯ қаҳрамонони асарҳояшро ба ҳаракат медарорад, фикру ақидаашонро пешкадам, азму иродаашонро қавӣ ва рафтору кирдорашонро накутар мегардонад ва ба ин васила ҳислатҳои зоҳиру ботинии онҳоро дар пайванди ҳамдигарӣ нишон медиҳад.
Ҳарчанд воқеаҳои асар сохта ва қаҳрамонони он бофта нестанд, аммо тахайюлу таассуроти нависанда ба онҳо нерӯву тавон ва солорӣ бахшидааст. Нерӯи эҷодии нависандаро ҳам дар банду басти асарҳо ва ҳам дар такмил додани образи қаҳрамон эҳсос мекунем. Аксари очеркҳои маҷмуа сохтори муайян доранд, ки шомили фабула (воридшавӣ ба мавзӯъ), ҳаракат (ҷараён гирифтани воқеаҳо), силсилаи сужаҳо (ба намоиш гузоштани лаҳзаҳои корӣ) ва хулоса мебошанд.
Фабулаҳо кӯтоҳ, аммо гиреҳкушои мавзӯъ ва масъалаҳои мавриди таҳқиқу тасвир мебошанд. Масалан, очерки «Вопасин умеди растагорӣ» бо варақгардон кардани рӯзномаи «Садои мардум» шурӯъ мегардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё