Зеҳн
Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа

ҶомеаТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

Нависанда нашрияи парлумонии «Садои мардум»-ро зодаи Истиқлолияти Ватан ҳисобида, мутмаъин аст, ки он «музаффариятҳои гаронқадри Истиқлолияту ваҳдатро бо ҷоннисорӣ ҳимоят кардааст». Воқеан дар солҳои мудҳиши ҷанги бемаънии ҷудоиандоз «Садои мардум» ягона нашрияе буд, ки бетанаффӯс интишор гардида, рӯйдодҳои муҳимро аз мавқеи ҳукумату миллат пайваста инъикос намуд. Сармуҳаррири нахустини ин нашрия Муродуллоҳ Шерализода ҳангоми иҷрои вазифаи хидматии худ ҷонашро фидо кард. Аммо мақсади муаллиф тавсифи ин нашрия ва зикри хидматҳои Муродуллоҳ Шерализода нест, балки бозтоби вазъи фоҷеабори кишвари азизамон дар солҳои аввали Истиқлолият аст, ки дар заминаи маводи ин рӯзнома ва мушоҳидаву таассуроти бевоситаи нависанда шакл гирифта, бо музокираву хулосабарориҳои публисистӣ намои тоза пайдо кардааст.

Унвони очерк - «Вопасин умеди растагорӣ», ки аз як сармақолаи рӯзномаи «Садои мардум» гирифта шудааст, басо мантиқӣ ва ҷолиб буда, тору пуди матн ба он сахт иртибот мегирад. Умеди вопасин Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор шуд. Ин Иҷлосия ба таъбири нависанда «ба нерӯи муассири Кирдигор бадал гардид». Ба шарофати ин нерӯ муборизаву талошҳо дар самти гирифтани пеши роҳи хунрезиҳо, ҷудоиандозиҳо, воқеаҳои шадиди нанговар, бархӯрду худситоиҳои бемаънӣ қавӣ ва боварибахш шуд.

Очерки «Вопасин умеди растагорӣ» нигоришеро мемонад, ки ба хонанда панорамаи нисбатан васеи иттилооту маълумотро доир ба вазъияти иҷтимоиву сиёсии кишвар, зуҳури гурӯҳҳои мусаллаҳи ба ҳам муқобил, амалиётҳои хиёнаткоронаву хатарнок, кӯшишу талошҳои ором кардани вазъияти ногувор ва мисли ин ироа медорад.

пешина
аз 216
навбатӣ