Зеҳн

Мегӯянд, ки бо гузашти замон Қуръони Карим ҷавонтар мешавад. Инро чӣ гуна шарҳ медиҳед?

ЗЕ
Зеҳн15 октябри 2026 · 10 дақиқа хондан

Қуръон аз азал омадааст ва то абад боқӣ мемонад. Қуръони муъҷизулбаён, ки аз илми азалии Худованд сарчашма мегирад, масъалaҳои замони мо ва замони ояндаро бо вазъи феъливу аҳволи ояндаи инсон ба таври хориқулода шарҳ медиҳад. Муъҷизаи Қуръон аз ҳамин иборат аст. Бале, Қуръон чордаҳ аср пеш нозил шудааст, аммо он аз Арши Аъло, аз илми азаливу абадии Худованд маншаъ мегирад. Худованде, ки Ҳокими тамоми махлуқот аст; Худое, ки дирӯзу имрӯзу фардоро дар дасти қудраташ чун донаҳои тасбеҳ давр мезанонад; Худое, ки сохтори коинотро идора мекунад; Худое, ки аз тапиши қалби инсон ҳам хабардор аст.

Воқеан бо гузашти вақт Қуръон ҷавонтар мешавад. Чуноне ки одами солхӯрдаро баъзе рагҳои асабаш ботадриҷ васеъ гардида, шояд боиси сустии хотира мешавад, вале дар натиҷа ӯ беҳтару солимтар фикр мекунад ва қарорҳои ҳадафрас мегирад. Инро на танҳо дар мавриди фарди алоҳида, балки дар ҳаққи ҷамъият ва замона ҳам гуфтан мумкин аст. Яъне бо гузашти замон гӯё якчанд ноқил ва ё рагҳои тағзиякунандаи вақт ҳастанд, ки васеъ мешаванд ва бо саъю кӯшиши инсонҳо вақтро қимат бахшида, илмро ба вуҷуд меоранд, ки асрори коинотро бештар кашф мекунад. Ҳамин тавр физика ҳамчун илм гӯё дар «рагҳои хунгузар»-и вақт инкишоф ёфта, онро бо ғизо таъмин мекунад ё дақиқтар инъикос менамояд. Ҳамчунин кимиё, ситорашиносӣ, астрофизика, тиб ва улуми дигар. Яъне ҳар яке аз ин фанҳо бо мурури замон асрори ҷадиди коинотро кашф мекунанд. Аз ин рӯ ҳар чанде ки рӯзи қиёмат наздиктар мешавад, ҳамон андоза мо дунёро равшантару комилтар дармеёбем. Илм ба мисли мӯйҳои сафед аломати камоли дунё аст. Охират ҳар қадар наздиктар шавад, дунё ҳам комилтар намоён мегардад.

Чунин шароит, хусусан, барои сарфаҳм рафтани фармудаҳои Қуръон кӯмак мекунад ва рӯзе мерасад, ки дар натиҷаи таҳқиқи асрори улум дар Аврупо ҳам инсоният ба ҳақиқати Қуръон рӯ ба рӯ омада, ба саҷда меравад ва нидо мекунад, ки «Худоё, ту чӣ қадар бузургӣ!» Бо телескоп масофаи триллионсолаи рӯшноиро дида, ба мисли Паскал «Худоё, ту чӣ қадар бузург ҳастӣ!» гӯён хитоб мекунанд ва аз ҳайрат оби дида мерезанд.

Қуръони Карим чаҳордаҳ садсола пеш қоидаҳои бунёди ҷомеаи солимтаринро вазъ карда буд, вале мо то ҳанӯз онро дарк накардаем ва ба ин хотир натавонистаем, ки муқаррароти иҷтимоии Қуръонро дар муқобили капитализм, коммунизм, фашизм ва либерализм гузорем. На фақат паҳлӯи иҷтимоӣ, ҳамчунин дигар муқаррароти Қуръонро, ки ба паҳлӯҳои гуногуни ҳаёти инсон тааллуқ дорад, дарк накардаем. Ҳоло мо муваззаф ҳастем, ки ин қонунҳоро шарҳу тафсир кунем ва онро мисли даво ба дардҳои ҷомеаи муосир пешниҳод созем. Бо изни Худо, вақте мо инро иҷро мекунем, Қуръонро ҳамчун манбаи амиқи хирад дармеёбем ва бо вуҷуди мушкилоти дарёфт кардани ин умқ ҳазорҳо ҳақиқати илмро кашф мекунем. Мо ки имрӯз ҳатто мушкилоти иқтисодии худро ҳал накардаем! Аввал сохтори иқтисодиеро рӯйи кор меорем, аммо чун мебинем, ки он моро ба чӣ бунбасте рӯ ба рӯ мекунад, дарҳол эълом медорем: «Танҳо ин сохтор ба пешрафти кишвари мо мусоидат мекунад». Вале бо рӯйи кор омадани сохтори нав ҳам мебинем, ки сафи зиёди бонкдорон ва дар муқобил чандин фиребхӯрдагон, мазлумон ва бенавоён пайдо шудаанд. Ҳамаи ин сохторҳои иқтисодӣ якдигарро иваз карда мегузаранд, вале мо ҳамчун бозичаи дасти онҳо боқӣ мемонем.

Дар баробари ба тозагӣ мавриди таҳқиқ қарор гирифтани Қуръони Карим тавассути илм, ки бо гузашти вақт рушд меёбад, ҳақоиқи ҷадиду ҷайиди қуръонӣ рӯшан мегардад ва Қуръон тавре пеши назар меояд, ки гӯё ҳамакнун нозил шуда бошад. Имрӯз, ҳатто дар ҳоле ки Қуръон мавриди таҳқиқи амиқ қарор нагирифтааст, мо бо донишҳои андаки худ баъзан аз он ҳақоиқеро мефаҳмем, ки лоҷарам мегӯем: «Ин наметавонад сухани инсон бошад».

Воқеан ҳақиқати кашфнамудаи шохаҳои мухталифи илмро Қуръон дар як ҷумла баён карда, пеши назари мо гузоштааст. Аз ин рӯ дар ҳар соҳае, ки таҳқиқот гузаронида шавад, ҳамеша миёни натоиҷи илмӣ ва оятҳои Қуръон мувофиқат ба амал меояд. Ҳамаи ин гуфтаҳо иддаои бедалел нест, балки бо таҷриба ва таҳқиқоти илмӣ таъйид шудаанд.

Саъй мекунам, ин гуфтаҳоро бо мисолҳо шарҳ диҳам: «Пас Худо ҳар касро хоҳад, ки ҳидоят кунад, синаи ӯро барои ислом мекушояд; ва ҳар касро хоҳад, ки гумроҳ кунад, синаи ӯро ниҳоят танг мекунад, гӯё ки ба осмон боло меравад. Ва ҳамчунин Худо нопокиро бар касоне меандозад, ки имон намеоранд» (Сураи Анъом, 6/125).

Ин оят ба як қонуни табиат ишорат мекунад. Дар ояти мазкур калимаи «само» истифода шудааст. Асли феъли «яссаъъаду» — «саъиду, ясъаду» маънии «баромадан, боло рафтан, баланд шудан»-ро дорад. Феъли «яссаъъаду» дар вазни «тафаъул» ба он ҳақиқат ишорат мекунад, ки дар вақти боло рафтан такаллуф, яъне душворӣ пеш меояд. Ҳамчунин дар вақти талаффузи феъли «яссаъъаду» нафаси хонанда қатъ мегардад. Яъне Қуръон ишорат мекунад, ки «Инсон ҳар қадар боло барояд, фишори ҳаво ҳамон андоза коҳиш меёбад ва нафаскашӣ душвор мешавад, зеро дар баробари ҳар 100 метр боло рафтан, фишори ҳаво як дараҷа паст мешавад. Агар инсон бе ҷиҳози махсус, масалан, бе ниқоби оксиген ба баландии 20000 метр боло равад, нафас кашида наметавонад ва ҳалок мегардад».

Як мисоли дигар: «Ва бодҳои бордоркунанда (-и абр)-ро фиристодем ва аз осмон обе фуруд овар- дем, пас шуморо аз он об нӯшонидем; ва шумо ҷамъкунандаи он нестед» (Сураи Ҳиҷр, 15/22).

Ин оят ҳанӯз чаҳордаҳ аср пеш ба ҳақиқати илмие ишорат кардааст, ки олимон онро танҳо дар қарни XX муайян карданд. Масъала ин аст, ки бод абрҳои аз бухори об тавлидёбандаро ба ҳам мезанад. Дар натиҷаи ин бархӯрд электронҳои мусбату манфӣ ба ҳам таъсири мутақобила мерасонанд ва раъду барқ ҳосил шуда, борон меборад. Ҳамчунин боде, ки ба рӯйи растаниҳо мевазад, тухмҳои хӯшагули наринаро ба хӯшагули модина мерасонад ва барои гардолудшавии онҳо кӯмак мекунад.

Ин оят ҳамзамон ба он нукта ишорат мекунад, ки оби боронро тавассути чашмаву чоҳҳо дар зери замин ҷамъ оварда, истифода кардан мумкин аст. Яъне чаҳордаҳ аср пеш Қуръон инсонро ба ин қонуни табиат мутаваҷҷеҳ сохта буд, ки худ далели муъҷиза будани ин Китоб аст.

Ояти дигар: «Ва аз ҳар чизе ҷуфте биёфаридем, бошад ки ибрат гиред» (Сураи Зориёт, 51/49). Вақте калимаи арабии «кулл», ки маънои «умум» ва «том»-ро дорад, бо исми муайян истифода мешавад, ҷузъи умумро ифода мекунад, яъне ҳамаи қисматҳо ба шакли том дар назар дошта мешавад. Вале вақте он бо исми номуайян истифода мешавад, афроди умумро, яъне ҷамъи ашхосро ифода мекунад, ҳамаи одамонро дар бар мегирад. Дар ифодаи «Ва мин кулли шайъин халақно завҷайн» калимаи «шайъ» (чиз) исми номуайян аст. Маънои он чунин аст: «Ҳама чизро мо ҷуфт офаридем». Аз он ки гӯяндаи ин сухан Худованд аст, ба ҷуз Ӯ, ҳамаи мавҷудот ҷуфти худро доранд.

Ҳамаи инсонҳо ва соири мавҷудот ҷуфт офарида шудаанд. Наботот ҳам ҷуфти худро доранд ва аз ҷиҳати ҷинс мутафовутанд. Калимаи «завҷайн», ки дар оят мегузарад, ба ин маънӣ ишорат мекунад. Ҳатто атомҳо, ки асоси ҳамаи мавҷудотро ташкил медиҳанд, ҷуфтанд. Қисме аз онҳо зарраҳои мусбат ва қисми дигар манфӣ ҳастанд. Ҳамчунин ҷуфт будани ашё дар он зуҳур меёбад, ки дар ҳама чиз қувваи кашиш ва теладиҳӣ фаъол аст. Агар ин хосияти ашё аз миён равад, мавҷудот наметавонад ҳастии худро идома диҳад.

Ин ҳақиқат дар як ояти сураи «Ёсин» муфассалтар шарҳ ёфтааст: «Пок аст Худое, ки тамоми ҷуфтҳоро офарид: аз он чи замин мерӯёнад ва аз нафсҳояшон ва аз он чи намедонанд» (Сураи Ёсин, 36/36).

Тавре мебинем, ин ҷо сухан дар бораи ашёе меравад, ки аз мушоҳидаи мардуми он даврон дур буд. Ва низ ин ҷо гуфта мешавад, ки дар миёни мавҷудот ҷуфтҳое ҳам ҳастанд, ки инсонҳо намедонанд.

Ҳоло ояти дигар ва мавзӯи дигар: «Ва Мо бо қудрат осмонро бино кардем ва тавсеа медиҳем; дар ҳақиқат Мо Тавоноем» (Сураи Зориёт, 51/47).

Дар забони арабӣ ҷумлаҳои феълӣ таҷаддуди афкор (навии фикр) ва ҷумлаҳои исмӣ тақвияту давомнокии фикрро ифода мекунанд. «Ва инна ламусиъун» (ин талаффузи як қисмати оят бо забони арабӣ аст) — ҷумлаи исмӣ мебошад, ки аз нигоҳи маънӣ ба замони муайяне (гузашта, ҳозира, оянда — тарҷ.) ишорат накарда, балки давомнокиро баён намудааст. Яъне дар ин оят гуфта нашудааст, ки: «Мо осмонро дар гузашта тавсеа дода будем» ё «Ҳоло тавсеа дода истодаем» ва ё «Дар оянда тавсеа хоҳем дод», балки гуфта мешавад: «Мо (осмонро) пайваста ва ба таври доимӣ тавсеа медиҳем».

Соли 1922 ситорашиноси америкоӣ Эдвард Ҳаббл собит кард, ки ба истиснои панҷ-шаш галактикаи ба замин наздиктарин ҳамаи галактикаҳо бо суръати мутаносиб аз мо дур мешаванд. Масалан, ситорае, ки аз мо дар масофаи як миллион соли рӯшноӣ қарор дорад, аз замин бо суръати 168 км дар сол дур мешавад ва ситорае, ки дар масофаи 2 миллион соли рӯшноӣ аст, ду маротиба зудтар ва оне, ки дар масофаи 3 миллион соли рӯшноӣ аст, 3 маротиба зудтар дур мешаванд. Ин далел иддаои астрофизики белгиявӣ Ҷорҷ Леметраи рӯҳониро дар хусуси тавсеаёбии коинот тасдиқ мекунад.

Тавре мебинем, назарияи ниҳоят арзишманди илмии тавсеаёбии коинот чаҳордаҳ садсола қабл дар Қуръони Карим зикр ёфта буд.

Дар ҳоле ин ҳақиқат ба чашми шахси уммие ҳам намоён аст, тамоми олами илм, ҳамаи олимон бояд талаб дошта бошанд, ки муриди Қуръон шаванд. Мутаассифона, дар бештарин маврид танҳо носипосӣ зоҳир карда мешавад.

Дар ояти дигар чунин фармуда шудааст:

«Осмонҳову заминро (ба тадбири) дуруст офарид; шабро ба рӯз мепечонад ва рӯзро ба шаб мепечонад; ва офтобу моҳро ром сохт — ҳар яке дар замони муайян меравад» (Сураи Зумар, 39/5).

Замин дар натиҷаи фишор дидани қутбҳо ба ку- раи тухмшакле монанд аст. Маънии калимаи ара- бии «таквир» ба даврзанӣ водор кардани чизи дои- рашакл ва ё давр задан дар атрофи ягон чизи гирд мебошад. Аз ин рӯ оят чунин маънӣ дорад: «Ӯ рӯзро бо шаб ва шабро бо рӯз мепечонад». Ба ҳамин тартиб феъли «юкаввиру» курашакл будани заминро ба таври возеҳ нишон медиҳад. Ҳамчунин ояти 30-юми сураи «Нозиъот» инро рӯшантар баён мекунад: «Вал арза баъда золика даҳоҳо — Ва баъд аз ин заминро ҳамвор кард» (Сураи Нозиъот, 79/30).

Яъне ки сайёраи мо тухмшакл (эллипс) аст. Ин ҳақиқат дар Қуръони Карим ба таври хеле сареҳ ифода ёфтааст ва ба шарҳу тафсир ниёз надорад.

Дар ин маврид оятҳои зиёдеро ёдрас шудан мумкин аст, вале бо ҳамин қадар иктифо мекунем.

Ҳамчунин Қуръон қоидаҳои аслии тарбияро вазъ кардааст, ки дар бисёр маврид нисбат ба онҳо беэътиноӣ зоҳир карда мешавад. Дар ин ҳолат тамоми низому тартибот, ҳамаи қонунҳои амаликунандаи равониву иҷтимоӣ як насли ислоҳнопазиру бадмаст ва саргардонеро ба бор меоварад. То даме ки вазъият чунин боқӣ мемонад, инсоният пайиҳам ба буҳронҳо мувоҷеҳ хоҳад шуд. Аммо вақте ки инсоният ба ҳақиқати Қуръон ошно мешавад ва онро сарфаҳм рафта, дарк мекунад, он гоҳ тавассути иҷрои фармудаҳои Қуръон қалбашро оромиш мебахшад, ҳаёташ ба танзим медарояд.

Аз ин нуқтаи назар, бо гузашти замон, аниқтараш, бо камолёбии замон ва дар ҳамин марҳилаи охируззамон, бо ризоияти Худо, ҳақоиқи Қуръон тавассути муҳаққиқон бештару бештар рӯшан мешавад, моҳияти амиқ, созанда ва муътақидсози он возеҳ мегардад ва бори дигар маънии тозаи Қуръон намудор мешавад. Итминон дорем, ки дар пайи таҳқиқи ҳақоиқи қуръонӣ пеши ақли инсони соҳибирода дарҳои зиёде боз мегарданд ва теъдоди бешумори одамон «Ло илоҳа иллаллоҳ, Муҳаммадун Расулуллоҳ» мегӯянд.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2