МавзӯъЭкология

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Ақрабаки соат қарибии ҳаштро нишон медиҳад. Ҳама шитоб доранд, ҳар кас кӯшиш дорад ба нақлиёти ҷамъиятӣ пештар нишинад ва ба ҷои кори худ ҳозир шавад то аз маъмурияти худ сарзаниш нашунавад. Аз саҳарии барвақт одамон мисли моку раву ой доранд. Касе ба
Тропосфера чист? Қисми калонтарин, аз рӯи масса қабати калонтарини атмосфераи Замин мебошад. Пестисидҳо чӣ гуна модда мебошад? Моддаҳои химиявие, ки барои маҳви касалиҳо ва зараррасонҳои растаниҳо пешбинӣ шудаанд. Омил чист? Сигналҳои
Табиат чист? Ҳамаи он чизе, ки моро иҳота кардааст, маҷмӯи нисбатан собит ва муташаккиле, ки дар ҷараёни эволютсия ба вуҷуд омадааст. Биосфера чист? Калимаи юнонӣ буда, био — ҳаёт, сфера — кура. Қабати махсуси Замин, ки дар он организмҳои
Китоби мазкур ба асрори кӯлҳои шифобахши Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он оид ба гилҳои шифобахши кӯлҳо ва чашмаҳои давой маълумоти мушаххас пешниҳод мегардад.
Пеш аз баррасии мафҳум ва моҳияти фаъолияти соҳибкорӣ, ки бо истифодаи захираҳои табиӣ алоқаманд мебошад, ба мафҳуми умумии фаъолияти соҳибкорӣ таваҷҷуҳ зоҳир кардан зарур аст. Соҳибкорӣ фаъолияти мустақил буда, бо мақсади гирифтани фоидаи мунтазам аз
Китоб ба ҳифзи муҳити зист ва пос доштани сарватҳои табиӣ бахшида шудааст. Он аҳамияти экологияро шарҳ медиҳад.

Дар қисми зиёди хонаҳои иқоматии имрӯза маркази гармидиҳӣ мавҷуд аст. Он аз дегҳое, ки дар онҳо об гарм мешавад, термостати танзимгари гармӣ ва радиаторҳо иборат аст. Тақсимоти гармӣ ба хонаҳо ва утоқҳо ба тариқи зайл сурат мегирад: 1. Деги марказ обро аз 70 то 1000С гарм мекунад. 2. Оби гарм ба воситаи насос (обкашҳо)-ҳо ва лӯлаҳои обгузар ба радиаторҳои хонаҳо фиристода мешавад. 3. Гармии радиаторҳо ҳарорати хонаро муътадил менамояд. 4. Вақте ки фаъолияти дегҳои маркази гармидиҳӣ муддате қатъ мешавад, оби гарми радиаторҳо тадриҷан хунук мешавад. 5. Оби хунукшудаи радиатори хонаҳо ба воситаи лӯлаҳо боз ба маркази гармидиҳӣ бармегардад ва аз нав гарм шуда, такроран фиристода мешавад.
Неруи барқ тозатарин ва мувофиқтарин навъи истифодашавандаи энергия мебошад, ки аз худ пасмондаҳо ва газҳои ғайрирадиоактивиро боқӣ намегузорад. Албатта, истеҳсоли неруи барқ дар натиҷаи истифодаи ашёи хом дар раванди истеҳсолот ба андозаи муайян ба муҳити зист таъсир мерасонад, ғайр аз ин таҷҳизот ва дигар воситаҳои техникии дар шабакаҳои барқ истифодашаванда ҳусни манзараи табиатро коҳиш медиҳанд.
Рӯшноӣ ва гармие, ки ба мо аз Офтоб мерасанд, зиндагиро осон мекунанд, аммо гармии Офтоб доимӣ набуда, балки аз вақти шабонарӯз, мавсими сол ва мавқеи ҷуғрофӣ вобаста аст. Масалан, дар экватори Замин ҳаво доиман гарм, аммо дар Қутбҳои Шимолу Ҷануби он ҳамеша хунук аст. Барои он ки аз Офтоб гармӣ гирифта шавад, бояд энергияи Офтоб ба ягон восита табдил дода шавад. Масалан, барои оби гарми ҳарораташ то 700С ҳосил кардан, дастгоҳи одии иборат аз пластина ва ё панелҳо, ки бо маводди махсуси нигоҳдорандаи гармӣ ва шиша рӯпӯш шудааст, истифода мешавад. Ин лавҳаҳои рӯ ба Офтоб гарм шуда, оби дар дохили онҳо бударо гарм мекунанд. Об аз зарфҳои захиракунанда барои истифода бурдан тақсим мешавад. Агар оби ҳарораташ баландтар зарур бошад, дастгоҳҳои оинадорро истифода мебаранд, ки он шуоъи Офтобро дар як нуқта ҷамъ мекунад ва ҳарорати он то ба 40000С мерасад. Ин усул бештар дар саноат истифода мешавад.
Офтоб энергияи худро дар шакли мавҷ ба замин мефиристад. Ин гуна интиқолёбии энергияро радиатсия ва ё афканишоти электромагнитӣ мегӯянд. Қисмати зиёди афканишот дар қабати болоии атмосфера гум мешавад ва танҳо қисми ночизи он – шуоъҳои ноаёни гармӣ, ки мавҷашон нисбат ба мавҷи шуоъҳои сурхи Офтоб хеле дароз аст, ба замин мерасанд. Шуоъҳои сурхи Офтоб ба мо гармӣ мебахшанд ва тавассути афканишоти нурҳо мо рангҳои гуногунро фарқ мекунем.
Энергияи кинетикии бод барои ҳосил намудани барқ аз дастгоҳҳое истифода мекунад, ки онҳоро аэрогенератор меноманд. Аэрогенераторҳо асосан аз се ҷузъ: пропеллер ё ротор, сафина (заврақ) ва манора иборат мебошанд. Тарзи кори онҳо чунин аст: шамол парраҳои сафинаро ба ҳаракат медарорад ва ин ҳаракат ба вал, сипас ба генератор мегузарад, дар натиҷа неруи барқ ҳосил мешавад. Ҳарчанд, истифодаи энергияи шамол ба муҳити атроф зиён надошта бошад ҳам, азбаски насби аэрогенераторҳо масоҳати зиёдро ишғол мекунанд, онҳо ҳусни маҳалу мавзеъро коҳиш медиҳанд.
Энергияи ҳастаӣ ё атомӣ энергияи дохилии Замин мебошад, ки дар тамоми қитъаҳои он мавҷуд аст ва Замин онҳоро аз замони пайдоиши худ захира кардааст. Дар чандин ҷисмҳо энергияи мазкур хеле кам ва ё истифодаашон душвор аст. Ин дар ҳолест, ки аз ҷисмҳои дигар, масалан, уран чунин энергия ба осонӣ ҳосил карда мешавад. Уран ба қатори канданиҳои фоиданок дохил мешавад. Он аз атомҳои ниҳоят неруманд иборат мебошад, ки ҳастаи онҳо дар натиҷаи таъсир расондан пора-пора мешавад. Ин ҷудошавӣ таҷзияи ҳастаӣ номида мешавад. Раванди таҷзияи ҳастаӣ миқдори зиёди энергияро ба вуҷуд меорад, ки дар камераҳо ва ё реакторҳои ҳастаӣ дида мешаванд. Энергияи дар натиҷаи ин ҳодиса бавуҷудомада барои ҳосил намудани бухори об истифода мешавад. Бухори об бошад, барои ба ҳаракат даровардани турбинаҳову генераторҳое, ки неруи барқ ҳосил мекунанд, истифода мегардад.
Ангишту нафт ва гази табиӣ тавре ки гуфтем, дар давоми миллионҳо сол ба вуҷуд омадаанд. Захираи ин сӯзишвориҳо маҳдуд буда, дар натиҷаи истифодаи мунтазам ба охир мерасад. Олимон ҳисоб кардаанд, ки дар натиҷаи суръати имрӯзаи истифода захираи нафту гази табиӣ ба 50 сол ва ангишт ҳамагӣ ба 300 сол мерасад. Бино бар ин ояндаи инсоният кашфу истифодабарии шаклҳои нави манбаъҳои энергия, дар навбати аввал энергияи барқароршавандаро тақозо мекунад.
Нафт, ангишт ва гази табиӣ аз ҷумлаи сӯзишвориҳои табиианд, зеро онҳо чандин миллион сол пеш аз боқимондаҳои рустаниҳо ва ҳайвоноти баҳрӣ ба вуҷуд омадаанд. Ангишт аз дарахт ва рустаниҳои дигар, ки аз энергияи офтоб барои сабзиши худ истифода бурдаанд, ҳосил шудааст. Дарахтон ва рустаниҳо дар давоми ҳазорсолаҳо бо хок пӯшида шудаанд. Ин хоку гил дар натиҷаи мунтазам афзудани зичиашон ба санг табдил ёфтаанд. Дар зери фишори сангҳо рустаниҳои зери онҳо мунтазам сӯхта ба ангишт мубаддал мешаванд. Нафт бошад, аз рустаниҳои хурд ва ҳайвонҳои зериобие ҳосил мешавад, ки пас аз марг дар қаъри баҳр боқӣ мондаанд. Дар қаъри баҳр онҳо зери рег ва гили ба санг табдилшуда монда, дар давоми миллионҳо сол ба нафт мубаддал мегарданд. Гази табиӣ низ аз ҳамин манбаъҳо пайдо шудааст ва дар қишрҳои бузурги кӯҳҳо, баъзан дар зери шахҳои қаъри баҳрҳо низ вомехӯрад.
Замин яке аз сайёраҳои хурдтарини Манзумаи Офтоб мебошад ва бешак ҷоест, ки миқдори зиёди энергия дорад. Агар мо дар боғу майдон, дашту ҳомун, баҳру уқёнус ба атрофи худ назар афканем, мебинем, ки тамоми чизҳои атроф дар ҳаракатанд: Одамон рафтуомад мекунанд, ҳайвонот, тайёра, мошин, зузанабҳо (кометаҳо), инчунин шамол (бод), оби баҳр, дарё ва амсоли инҳо дар ҳаракатанд. Ҳамчунин он чизҳое, ки мо бо чашми одӣ дида наметавонем (бактерияҳо, атом ва ғайра) низ ҳаракат мекунанд. Ҳамаи ин чизҳо барои он дар ҳаракатанд, ки энергия доранд. Аз ин рӯ энергия ҳаракатдиҳандаи тамоми мавҷудот аст. Энергияе, ки ҳаракат мекунад, энергияи кинетикӣ ном дорад.
Мутобиқи ҳисоботҳои пешакӣ, то соли 2030 зиёдшавии истифодвбарии об дар Осиёи Марказӣ 15-20%-ро ташкил медиҳад. Агар боз камшавии ҷараёни дарёҳоро дар натиҷаи тағйирёбии иқлим ба ҳисоб гирем, вазъияти бавуҷудомада хатарбор мегардад. Аз ин рӯ, ин
Барои дар амал ҳал кардани масъалаи таъмини озуқаворӣ, тараққӣ додани бозори озуқаворие, ки ба талабот ҷавобгў бошад хеле муҳим аст. Яке аз омилҳои асосии рушди бозори истеъмолӣ баланд бардоштани қобилияти харидории аҳолӣ ба ҳисоб мервад. Дар солҳои
Дар марҳилаи кунунии рушди системаи иҷтимоию иқтисодии ҷомеа ҷаҳонишавӣ ва динамизм хос аст, ки аз як тараф ба афзоиши суръати рушди иқтисодӣ мусоидат намуда, ба ин васила имконияти қонеъ гардонидани талаботи рӯзафзуни ҷомеаро таъмин намояд ва аз тарафи
Минералҳои гидроксиди оҳан ва алюминий Ба ин гурӯҳ асосан гематит ва гетит аз минералҳои дорои оҳан ва гибсит аз гурӯҳи минералҳои алюминий дохил мешаванд. Ин минералҳо бештар дар қабатҳои иллювиалии хокҳои хокистарранг, хокҳои
Тоҷикистон дар қисми марказии Осиёи Марказӣ ҷойгир буда, бо шароити гуногуни табиӣ ва релефи кӯҳистонӣ дорои гуногунии зиёди наботот мебошад. Қисми зиёди ҳудуди кишварро кӯҳҳо ташкил медиҳанд. Фарқияти зиёди баландӣ, гуногунии иқлим, ҳарорат, намнокӣ,
Дар соҳаи кишоварзӣ яке аз масъалаҳои муҳим нигоҳ доштани намии хок, мубориза бар зидди алафҳои бегона ва ҳифзи ҳосилхезии замин мебошад. Хушкшавии хок, таъсири шадиди офтоб, боришоти зиёд, шамол ва эрозия метавонанд ба нашъунамои зироатҳо таъсири манфӣ
Поруи ҳайвонот ва парранда яке аз манбаъҳои муҳими моддаҳои органикӣ барои тайёр кардани компост ба ҳисоб меравад. Аз ҷумла, поруи мурғ, гов, гӯсфанд ва асп дорои нитроген, фосфор, калий ва дигар моддаҳои барои хок зарурӣ мебошанд. Аммо истифодаи
Компост яке аз нуриҳои муҳими органикӣ буда, барои беҳтар намудани ҳосилхезӣ ва сохтори хок васеъ истифода мешавад. Он дар натиҷаи таҷзияи маводи гуногуни органикӣ, аз ҷумла боқимондаҳои растанӣ, пору ва дигар партовҳои органикӣ ҳосил
Тайёр кардани компости босифат аз риояи дурусти таносуби маводҳои органикӣ, намнокӣ ва дастрасии ҳаво вобаста аст. Одатан ин раванд аз 3 то 6 моҳ давом мекунад. Маводҳои зарурӣ барои тайёр кардани компост Барои ба даст овардани компости хуб
Дар кишоварзии муосир нигоҳдорӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокии хок, инчунин истеҳсоли маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ бехатар аҳамияти калон дорад. Яке аз роҳҳои самаранок ва нисбатан арзони парвариши растаниҳо истифодаи нуриҳои органикӣ мебошад. Самараи
Дар асри XXI масъалаи барқарорсозии ҳосилнокии хок ва ба даст овардани маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ пок ба яке аз вазифаҳои муҳимтарини соҳаи кишоварзӣ мубаддал гаштааст. Истифодаи беҳадду ҳисоби нуриҳои химиявӣ ва пеститсидҳо дар даҳсолаҳои охир боиси
Барои омӯхтани хок ва пӯшиши хокии сайёраамон, хокшиносӣ бо дигар фанҳои табиатшиносӣ алоқаи зич дошта, ба таври васеъ усулҳои тадқиқотии онҳоро кор мефармояд. Географияи хок ба таври васеъ нишондодҳои методии фанҳои геологиро истифода мебарад. Баробари
Мақсади омӯзиши фанни географияи хок бо асосҳои хокшиносӣ аз он иборат мебошад, ки донишҷӯёнро бо асосҳои назариявӣ ва амалӣ донишҳои илми географияи хок ва хокшиносӣ мусаллаҳ намояд. Донишҷӯён бо омилҳои пайдошавии хок ҳамчун натиҷаи бо ҳам алоқамандии
Об асту ҳаёт пойдор аст, Об асту замину кишту кор аст. Маҳсули ҳамаи ҷаҳони ҳастӣ, Аз ҳастии оби файзбор аст. Оре, об манбаи ҳастии ҳамаи мавҷудоти олам аст. Об захираи бузургест, ки воқеияти он ҷаҳонро таровату зебоӣ ва сарсабзиву озодӣ мебахшад.
Тоҷикистон, ки бо силсилакӯҳҳои боҳашамат ва водиҳои бузургаш машҳур аст, инчунин макони як қатор беҳтарин чашмаҳои гарми Осиёи Марказӣ мебошад. Ин чашмаҳои бойи минералӣ аз қадим барои хосиятҳои шифобахшашон макони муқаддас ба ҳисоб мерафтанд ва якҷо
Ҳар фасл дар табиат маънои худро дорад. Аз миёни онҳо тирамоҳ фасли хомӯшӣ, оромӣ ва зебоии андеша аст. Дар ин айём табиат гӯё нафас мегирад, то барои эҳёи нав омода шавад. Ҳамин хомӯшиву тағйироти табиат инсонро водор мекунад, ки ба худ ва зиндагияш назар андозад. Қисми асосӣ Тирамоҳ бо баргҳои заррин, бо ҳавои мулоими сард ва абрҳои сабук, симои табиатро дигар мекунад. Дарахтон, ки дар тобистон сарсабз буданд, акнун баргҳои рангин мепӯшанд ва аз шохаҳо ором меафтанд. Ин манзара на танҳо зебо, балки пур аз маънӣ аст — гӯё табиат ба мо мегӯяд, ки ҳар зебоӣ давом надорад, вале ҳар поён оғози нав дорад. Ин фасл барои бисёр одамон фасли андеша ва илҳом аст. Дар чунин рӯзҳо шоирон шеър менависанд, нависандагон эҷод мекунанд ва мардум бештар ба хотироти гузашта менигаранд. Тирамоҳ гӯё замоне аст, ки табиат ва инсон якҷо сукут мекунанд, то ба умқи худ назар андозанд. Тирамоҳ ба зиндагии инсон монанд аст: пас аз ҷавонӣ, марҳилаи оромии хирад меояд. Ҳамин тавр, мисли баргҳои афтида, инсон низ аз таҷрибаҳои гузашта мегузарад ва ба донишу покӣ мерасад. Хулоса Тирамоҳ на танҳо фасли баргрезон, балки фасли бедории дилу андеша аст. Он ба мо меомӯзонад, ки ҳар чизе дар зиндагӣ замони худашро дорад: гул мешукуфад ва як рӯз мерезад, вале аз паси он боз гулҳои нав мешукуфанд. Пас, ҳар лаҳзаро бояд дӯст дорем, чунки ҳар поён оғози чизи нав аст.
Замоне як подшоҳ буд, ки кишваре бой аз неъматҳои зеризаминӣ дошт: нефт, газ ва тилло. Мардумаш бо осудагӣ зиндагӣ мекарданд. Подшоҳ боре хост, ки бифаҳмад: — Оё мардум қадри ин неъматҳоро медонанд ё не? Ӯ либоси деҳқон пӯшида, ба миёни мардум баромад. Дар роҳ дид, ки баъзеҳо мегӯянд: — Мо бой ҳастем! Замин худаш ба мо тилло медиҳад. Нефт худ берун мешавад. Газ худ аз зери хок мебарояд. Пирмарде, ки дар канор менишаст, сухани онҳоро шунида гуфт: — Эй мардум, ин ганҷ аз шумо нест. Ин амонат аст. Агар амонатро ҳифз накардӣ — неъмат ба офат табдил мешавад. Мардум хандиданд: — Замин калон аст, ба мо ҳам мерасад! Пир чизе нагуфт. Солҳо гузашт. Заминро бидуни андоза кофтанд. Дарёҳо ифлос шуданд. Ҳаво ғафс ва дудолуд гашт. Хоки зироат камҳосил шуд. Мардум ба тангӣ афтоданд ва дарахтон хушк шуд. Онгоҳ мардум ба ёди сухани пирамард афтоданд ва назди ӯ рафтанд: — Чӣ кунем, ки баракат баргардад? Пирамард гуфт: — Ганҷи зери хок, бе ҳифзи рӯи хок ҳеҷ нест. Агар тилло мегиред — обро тоза нигоҳ доред. Агар газу нефт мебардоред — ба ҷой дарахт шинонед, ҳаворо пок доред. Зеро табиат мисли инсон аст — нафас мехоҳад. Мардум ба гуфтаи ӯ амал карданд: Дарёҳоро тоза карданд. Дарахтони нав шинонданд. Аз захираҳои зеризаминӣ бо тадбир истифода бурданд. Чанд сол пас кишвар боз пур аз баракат гашт. Мардум фаҳмиданд: Ганҷ дар зери замин аст, вале ҳаёт — дар рӯи замин. Панд: неъматҳои зеризаминӣ амонатанд, молики мо нестанд. Ҳар қадар онҳоро бидуни фикр истифода кунӣ, ҳамон қадар табиат аз ту мегирад. Табиатро ҳифз кунед, то сарват барқарор бимонад.