Зеҳн

МАФҲУМИ ФАЪОЛИЯТИ СОҲИБКОРӢ ДАР СОҲАИ ИДОРАКУНИИ МУҲИТИ ЗИСТ

ЗЕ
Зеҳн8 октябри 2026 · 9 дақиқа хондан

Пеш аз баррасии мафҳум ва моҳияти фаъолияти соҳибкорӣ, ки бо истифодаи захираҳои табиӣ алоқаманд мебошад, ба мафҳуми умумии фаъолияти соҳибкорӣ таваҷҷуҳ зоҳир кардан зарур аст.

Соҳибкорӣ фаъолияти мустақил буда, бо мақсади гирифтани фоидаи мунтазам аз истифодаи амвол, фурўши мол, иҷроиши кор ё хизматрасонӣ нигаронида шудааст.

Фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи муҳити зист ин коркарду истихроҷи захираҳои табиӣ ва истифодаи самараноки онҳоро ба гардиши иқтисодӣ ҳамчун субъекти фоида дар назар дорад.

Ҳамзамон, соҳибкорони ин бахш ба фаъолияте машғуланд, ки асосан бо табиат ва захираҳои маҳдуди он алоқамандии зич дорад, ба монанди: истихроҷи маъдан ва дигар канданиҳои фоиданок, истифодаи захираҳои об, аз ҷумла, обҳои зеризаминӣ, ҷамъоварии ҳезум ва захираҳои ҷангал, ҷамъоварии растаниҳои доруворӣ, моҳидорӣ ва ғайра, ки бо мақсади ба даст овардани фоида аз фурўш ва коркарди ин сарватҳои табиӣ машғуланд.

Мавриди зикр аст, ки соҳибкорӣ дар соҳаи муҳити зист ва экология метавонад истифодаи ғайримустақими иншооти табииро низ амалӣ намояд. Масалан, истифодаи иншооти обӣ барои истеҳсоли қувваи барқ, таҳқиқоти муҳандисӣ ва геологӣ, сохтмон ва истифодаи иншооти зеризаминӣ ва ғайра. Аммо қайд намудан зарур аст, ки дар баробари ба даст овардани фоида, инчунин ба вайронкунии воқеии қабати замин, хок, сарватҳои табиӣ ва вайрон кардани низоми табиии хокҳои бебаҳо оварда мерасонад. Аз ин лиҳоз, ба фаъолияти соҳибкорие, ки дар соҳаи муҳити зист ба роҳ монда мешавад, зарур аст, ки техника ва технологияи муосирро самаранок истифода бурда, таъсири манфии зарароварро ба объектҳои табиӣ кам намояд.

Дар доираи фаъолияти иқтисодӣ аз истихроҷ, коркард ва фурўши захираҳои табиӣ даромад ба даст меоранд, аммо бевосита ба ҳолати як объекти табиӣ ва дар маҷмўъ, ба муҳити зист таъсир мерасонанд. Яъне, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, аз як тараф, ба рушди босуботи иқтисодӣ мусоидат намуда, вале аз ҷониби дигар, ба муҳити зист таъсири манфӣ мерасонад. Масалан, соҳаи саноати ангишт ва нафту газ яке аз соҳаҳои афзалиятноки мамлакат ба шумор рафта, маҷмўи маъданҳои фоиданок, тиҷорати даромаднок ва инчунин манбаи муҳими даромади буҷети давлатӣ мебошанд.

Ҳамзамон, таъсири соҳаҳои мазкур ба вазъи экологии муҳити зист ба тариқи зайл ифода карда мешавад:

  • ифлосшавии кимиёвии хок, обанборҳои рўизаминӣ ва зеризаминӣ, сарватҳои зеризаминӣ, ҳавои атмосфера бо ашёи истихроҷшуда, моддаҳо ва реактивҳои кимиёвӣ, ки дар чоҳҳои пармакунӣ ва коркард истифода мешаванд;
  • кам шудани ҳаҷм ва сифати канданиҳои фоиданок бинобар сабаби вайрон кардани технологияи истеҳсолот, об, сўхтор ва дигар омилҳо;
  • гирифтанизахираҳоиоб;
  • вайрон кардани низомҳои ҳароратии равандҳои геологӣ, рушди равандҳои геологии экзогенӣ, эрозия, ботлоқшавӣ, пастшавӣ, ярч, пайдоиши сейсмикӣ;
  • тағйирёбии муҳити зисти объектҳои олами ҳайвонот ва бадтар шудани шароити зиёдкунии онҳо, хўронидан, истироҳат ва масири муҳоҷират ва ғайра.

Ба ҳама намудҳои ҷузъҳои табиӣ зарар расонида мешавад.

Вобаста ба ин, дар соҳа зарур аст, ки маҷмўи чорабиниҳо оид ба ҳифз ва барқароркунии муҳити зист, истифодаи оқилонаи захираҳои минералӣ ва дигар захираҳои табиӣ, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои таъсири манфии муҳити зист ба роҳ монда шавад.

Қайд намудан бамаврид аст, ки яке аз роҳҳои беҳтарини ҳифзи табиат оқилона ва сарфакорона истифода бурдани он мебошад. Илова бар ин, бояд зикр намуд, ки принсипи идоракунии оқилонаи табиат на танҳо заминаи танзими ҳифзи муҳити зист, балки яке аз принсипҳои асосии танзими фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи идоракунии табиат мебошад.

Бо вуҷуди ин, Қонун “Дар бораи ҳифзи муҳити зист” истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, иштироки онҳо ба гардиши иқтисодӣ, аз ҷумла ҳама намуди таъсир ба онҳо дар ҷараёни фаъолияти иқтисодӣ ва дигар фаъолиятҳоро муайян менамояд.

Ҳамин тавр, мо метавонем чунин хулоса барорем, ки ҳама гуна фаъолияти соҳибкорӣ вобаста ба истифодаи захираҳои табиӣ ва ё таъсири муҳити зист бо равиши низоми экологӣ маҳдуд аст, яъне амалӣ намудани фаъолияти иқтисодӣ бо назардошти танзими талаботи меъёрҳои экологӣ имконпазир аст.

Умуман, фаъолиятҳои соҳибкорӣ ё дигар фаъолият бояд дар асоси таъсири ҳадди ақали имконпазир ба муҳити зист ба роҳ монда шавад.

Дар робита ба ин, бояд қайд кард, ки фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи идоракунии муҳити зист, пеш аз ҳама, ба принсипи истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ҳангоми анҷом додани фаъолияти хоҷагидорӣ (соҳибкорӣ) асос ёфтааст. Ин намуди фаъолият аз ҷиҳати илмӣ асоснок буда, бояд истифодаи самаранок ва оқилонаи захираҳои табиӣ, ҷалби онҳо ба муомилоти иқтисодӣ бидуни зарар ба муҳити зист, пардохти ҳама намуди таъсири манфӣ ба объектҳои табиӣ, инчунин риояи талаботи меъёрҳои экологӣ дар ҷараёни иҷрои фаъолияти иқтисодиро таъмин намояд.

Маврид ба ёдоварист, ки тайи солҳои истиқлолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ сохта ба истифода дода шуданд, аз ҷумла ҶДММ «Хуаксин Ғаюр семент», «Хуаксин Ғаюр Суғд семент» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, «Чунгтсай Моҳир семент» дар ноҳияи Ёвон, корхона оид ба истеҳсоли гаҷкартон ҶСК «Ху Чан индустриал”-и ноҳияи Ёвон, “Хишти сабук” дар ноҳияи Рўдакӣ ва ғайра мебошанд.

Корхонаҳои истеҳсолии мазкур бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ ва захираҳои табиӣ фаъолият карда, иншооти сохтмониро бо масолеҳи зарурӣ таъмин менамоянд.

Масалан, дар 7 моҳи соли 2019 ба маблағи 1,5 миллиард сомонӣ масолеҳ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 214,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Ҳиссаи соҳа дар маҷмўи маҳсулоти саноатӣ дар моҳи июл 12,4 ва дар 7 моҳ бошад, 10,8%-ро ташкил дод. Истеҳсоли семент ба 2,3 миллион тонна (диаг. 2), хишт 79,3 миллион дона, газоблок 18,2 ҳазор метри мукааб, масолеҳи ғайримаъданӣ 850,0 ҳазор метри мукааб, гаҷкартон 751,0 ҳазор дона ва шифер 533 ҳазор дона баробар шудааст.

Дар зиёд шудани истеҳсоли семент саҳми ҶДММ “Чунгтсай Моҳир семент”-и ноҳияи Ёвон 30,1%, “Хуаксин Ғаюр семент”-и ноҳияи Ёвон 27,0%, “Хуаксин Ғаюр Суғд семент”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 27,5%, “Сементи Тоҷик” 4,8% назаррас мебошад.

Ҳаҷми содироти масолеҳ 41,5 миллион доллари ИМА ва ҳаҷми воридот 24,7 миллион долларро ташкил дод, ки содирот 16,9 миллион доллар зиёд мебошад. Зиёдшавии ҳаҷми содирот аз ҳисоби фурўши семент мебошад, ки маблағи он 41,3 миллион долларро ташкил медиҳад. Қисми зиёди воридотро кошин (11,0 миллион доллар), шиша (5,0 миллион доллар), маснуоти санитарӣ (1,3 миллион доллар), гаҷкартон (1,6 миллион доллар) ташкил додааст.

Дар ин давра 919 ҳазор тонна семент, аз ҷумла ба ҷумҳуриҳои Ўзбекистон 532,0 ҳазор тонна, Афғонистон 342,0 ҳазор тонна ва Қирғизистон 45,0 ҳазор тонна содир гардидааст.

Содироти гаҷкартон 273 ҳазор донаро ба ҷумҳуриҳои Ўзбекистон, Қирғизистон ва Афғонистон ташкил дод.

Инчунин, 356,6 метри мураббаъ сангҳои ороишӣ ба маблағи 86,2 ҳазор сомонӣ аз тарафи ҶДММ “Зиркон”-и шаҳри Душанбе ба давлати Қатар содирот карда шуд.

Корхонаҳои сементбарории мазкур, аз як тараф, ба иқтисодиёти кишвар саҳми муносиб мегузоранд, вале аз тарафи дигар, ҳавои атмосфераро ифлос намуда, ба вазъи экологии кишвар ва муҳити зист таъсири манфӣ мерасонанд.

Соҳибкорие, ки ба муҳити зист алоқамандӣ дорад, ҳамчун соҳибкории экологӣ эътироф гардида, дар заминаи рушди босуботи худ бо чунин корхонаҳои саноатӣ ҳамкориҳои мутақобилан судманд ба роҳ монда, тавассути ворид намудани техника ва технологияи муосири ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгў имкон фароҳам меоварад, то ки вазъи экологии кишвар мунтазам беҳтар гардида, ҳифзи муҳити зист дар асоси талабот ва меъёрҳои экологӣ ба роҳ монда шавад.

Тавре В.В.Петров қайд менамояд, муқовимати иқтисодиёт ва экология яке аз масъалаҳои калидии ҳифзи муҳити зист мебошад. Дар иқтисодиёти фармоишӣ ва банақшагирифташуда кўшиш менамоянд, ки онро асосан бо истифодаи усулҳои маъмурию ҳуқуқӣ таъсир расонида, бо манъкунӣ, маҳдудият ва ҷазои ҷиноӣ ва маъмурӣ ҳал кунанд.

Агар усули таъсири маъмурию ҳуқуқӣ аз муносибатҳои ҳокимият ва тобеият пайдо шуда бошад, пас механизми иқтисодӣ ба манфиати моддии иҷрокунанда барои ноил шудан ба ҳадафи воқеӣ асос ёфтааст.

Моҳияти механизми иқтисодӣ, ки ҳифзи муҳити зистро таъмин месозад, истифодаи усулҳои таъсири иҷтимоию иқтисодӣ ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеие мебошад, ки фаъолияташон ба ҳолати табиат таъсир мерасонад, то онҳоро бо риояи қонунгузории самти экологӣ таъмин намоянд.

Усулҳои иқтисодӣ ва маъмурӣ усулҳои хеле самарабахши ташаккули соҳибкорӣ дар раванди фаъолияти истеҳсолӣ ба шумор рафта, аз ҷиҳати экологӣ асоснок мебошанд. Аммо, дараҷаи самаранокии онҳо асосан аз вазъи рушди иқтисодии кишвар вобаста аст.

Ба ақидаи одилонаи О.И.Крассов, модели идеалии механизми иқтисодии ҳифзи табиат муқаррар кардани қонунҳо барои ситонидани пардохтҳо, андозҳо ва пардохтҳо мебошад, ки мувофиқи онҳо соҳибкор фаъолияти истеҳсолию тиҷоратии худро ба роҳ монда, иҷрои талаботи қонунҳои экологиро таъмин менамояд.

Аз ин рў, яке аз воситаҳои самаранок, ин истифодаи пулакии намудҳои дахлдори табиат ба шумор меравад. Аз истифодабарандаи табиат, тибқи ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо ду намуд пардохт ситонида мешавад: барои истифодаи объекти табиӣ ва таъсири манфии муҳити зист. Пардохт барои истифодаи захираҳои табиӣ, аз ҷумла, барои ҳар як манбаи табиӣ тибқи қонунгузории махсус, инчунин қонунгузории андоз (андози замин, пардохт барои истифодаи об, андози истихроҷи маъданҳо ва ғайра) муқаррар карда мешавад.

Ҳамаи пардохтҳо, андозҳо ва пардохтҳо, ҳаққи иҷора, инчунин пардохтҳои давлатӣ ва пардохтҳои яквақта барои додани иҷозат оид ба истифодаи табиат мебошанд. Бояд қайд кард, ки истифодаи пулакии захираҳои табиӣ бо масъулияти соҳибкор барои вайрон кардани меъёрҳои экологӣ якҷоя карда мешавад.

Ҷавобгарӣ барои ҳуқуқвайронкуниҳои экологӣ як ниҳоди мураккаби иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ мебошад ва мутаносибан ду шакл дорад: иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ. Низоми иқтисодӣ ба фаъолияти қонунӣ асос ёфтааст ва бо усулҳои дар боло зикршудаи иқтисодиёт, пеш аз ҳама, манфиати моддии ифлоскунанда ба коҳиш додани партовҳо танзим карда мешавад ва ҳуқуқвайронкунӣ ба вуҷуд намеорад (ҳамчун ҷавобгарии ҳуқуқӣ), аммо пас аз расонидани зарар ҷавобгар ҳисобида шуда, пардохти ҷуброн менамояд. Ин пардохт барои таъсири манфӣ ба муҳити зист мебошад.

Дар муқоиса бо масъулияти соҳибкорӣ, шарти асосии ба миён омадани ҷавобгарии ҳуқуқӣ, ин мавҷудияти қонуншиканиҳои экологӣ мебошад. Зарар ба муҳити зист аз ҷониби субъектҳои хоҷагидорӣ ва дигар фаъолиятҳо, оид ба аз байн бурдани ҷузъҳои муҳити зист ҷуброн карда мешавад. Ду роҳи ҷуброни зарар вуҷуд дорад - дар шакли аслӣ (воқеӣ) ва пулӣ.

Мо метавонем бо матни консепсияи фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи истифодаи захираҳои табиӣ розӣ шавем, ки онро Ю.Е.Будникова дар асарҳои худ қайд намудааст:

  • фаъолияти соҳибкорие, ки бо истифодаи захираҳои табиӣ алоқаманд аст, ин як навъи соҳибкорие мебошад, ки таҳти низоми махсуси ҳуқуқӣ қарор гирифтааст;
  • бо вуҷуди он, озодии фаъолияти соҳибкорӣ бо тавлиди ҳуқуқи истифодаи захираҳои табиӣ аз ҳуқуқи моликияти давлат ва мақсадноки онҳо маҳдуд карда мешавад.

Дар хулоса, қайд намудан зарур аст, ки вазъи экологие, ки дар он иқтисодиёти муосир бояд инкишоф ёбад, зарурати баррасии мушкилоти ҳуқуқии рушди иқтисодиро барои нигоҳдории муҳити табиӣ тақозо менамояд. Бо мақсади рушди фаъолияти соҳибкорӣ, ки ба истифодаи захираҳои табиӣ асос ёфтааст, муттаҳид намудани ин мафҳумҳо ва принсипҳо дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба танзими давлатии иқтисодиёт мувофиқи мақсад мебошад.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2