МавзӯъҲайвонот

Гӯшти харгӯш на танҳо маҳсулоти парҳезӣ, балки маҳсулоти шифобахш аст. Коллагени табиӣ бар зидди узвҳо: Сафедаҳои беназири таркиби он пӯстро аз дарун нав мекунад, чандириро зиёд ва пиршавиро суст мекунад. Сафедаи "интеллектуалӣ", ки хастагиро бартараф мекунад: Фаъолияти мағзи сарро беҳтар мекунад, стрессро кам ва барои зуд бартараф кардани хастагии музмин кӯмак мекунад. Ҳимоя аз радиатсия ва токсинҳо: организми харгӯш умуман металлҳои вазнин ва токсинҳоро аз муҳити зист ҷаббида намекунад. Ин тозатарин ва безарартарин гӯшт дар рӯи замин аст!
Китоби “Апокалипсис”, ки матнаш рўи коғази тунук – пергамент (пўсти ҳайвонот, ки ба таври махсус коркардшуда, то пайдоиши коғаз барои хатнависӣ истифода мешуд) навишта шудааст, яке аз нодиртарин ва арзишмандтарин китоб дар олам эътироф гардидааст. Барои истеҳсоли пергаменти олидараҷа бо ибтикори ношири сарватманд Ҷозеф Форе зиёда аз 30 ҳазор гўсфанд забҳ шуда, ҷиҳати мураттаб ва саҳифабандии китоб бошад, 14 рассоми барҷастаи фаронсавӣ заҳмат кашидаанд. Матни китоб аз 500 ҳарфи муқаддимавии тиллоӣ ва 93 ҳазор каллиграфӣ (хушнавис) омода гардида, аз соли 1960 то ин дам дар осорхонаи санъати муосири Франсия ҳамчун дастоварди беназир маҳфуз аст. Ин китоб намунаи барҷастаи санъати бадеӣ буда, арзишаш ба чандин миллион франк баробар аст.
Дар баъзе китобҳои ҳадис ривоятҳое ҳастанд, ки дар онҳо аз фармони куштани сагҳо сухан меравад. Ҳамчунин ривоятҳое вуҷуд доранд, ки дар онҳо дар бораи саги сиёҳ сухан гуфта шудааст. Барои бисёре аз одамон фаҳмидани чунин ҳадисҳо душвор аст. Саволе ба
Китоб аз ҳикояҳо ва қиссаҳои гуногун иборат буда, барои хонандагон таҳия шудааст. Дар он ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ тавассути образи ҳайвоноту парандагон баён мешаванд.

Аз натиҷаи таҷрибаҳои гузаронидашуда оид ба омўзиши сифати гўшт ва таркиби химиявии гўшти бедонаҳои зотҳои гуногун дар шароити иқлими гарм ва хушки Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шуд, ки тарзи нигоҳдории бедонаҳо ба сифати маҳсулнокии гўшти ягон
Ҳамаи моддаҳои ғизоии хўрока аз пайвастагиҳои молекулярии баланд иборатанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки дар шакли ғайрифаъол онҳо ба деворҳои меъдаю рўдаи организми ҳайвонот ворид шуда наметавонанд. Вобаста ба ин барои ба таркиби бадан ва бофтаҳои
Барои таъмин кардани амнияти озуқавории ҷумҳурӣ, таъминоти талаботи аҳолӣ ба сафедаҳои пурбаҳо, ташкили ҷойҳои нави корӣ соҳаи моҳипарварӣ мақоми хосаеро ишғол менамояд.Мушоҳида карда истодаем, ки илми хўронидан сол то сол хело пеш рафта, доир ба
Дар организми чорво беист раванди вайроншавӣ ва ҳосилшавии ҳуҷайраҳо ва моддаҳои ғайриҳуҷайравӣ, бофтаҳо ва узвҳо ба амал меояд. Мутаносибан воридшавии беисти моддаҳое, ки хароҷотҳои моддаҳои сафедагиро дар организм пурра мекунанд, аҳамияти ҳалкунанда
Чорводорӣ низ ба монанди рустанипарварӣ яке аз соҳаи асосии кишоварзӣ мебошад. Асосан, чорво гуфта, ҳайвонҳои хонагиро дар назар доранд. Калимаи «чорво» шакли дигаршудаи калимаи «чорпо» мебошад, яъне ҳайвоне, ки чор пой дорад. Дар замони мо чорводорӣ
Буд, набуд, як рӯбоҳ буд. Рӯбоҳи айёру маккор буд. Як pӯз ягон паррандаро дошта хурданӣ шуда, рафта истода буд, ки якбора aз пешаш паланг баромада монд. Рӯбоҳи бечора тарсиду дир-дир ларзиду роҳи гурезро пеш гирифт. Гурехта рафта истода буд, ки ҷарии чукуре баромад. Илоҷи гузаштан набуд, чӣ кор карданашро надониста, ба болои як санги калон баромаду ба гиря cap кард. Паланг ҳайрон шуда, пурсид: - Эй рӯбоҳ, ба ту чӣ шуд, барои чӣ гиря мекунӣ? - Оҳ, ман шуморо дидаму падаратон ба хотирам омаданд. Раҳматӣ, ҷояшон ҷаннат шавад, ҳамин қадар нотарсу чобуку чолок буданд, ки аз чариҳо чашм пӯшида меҷаҳиданд, аз кӯҳ мепариданд, аз дарёҳо мегузаштанд. Сад афсӯс, ки дидани корномаҳои ин хел далерон ба ман муяссар намешавад. Гиряи ман ана барои ҳамин аст. Паланг ин гапро шунида, бо ғypyp cap бардошту дар пеши рӯбоҳ чусту чолокии худро намоиш доданӣ шуда, aз ҷарӣ ҷаҳид. Ҷаҳиду ба қаъри ҷарӣ рафта зад. Рӯбоҳ ба таги ҷарӣ нигоҳ карда, писханд зaдa гуфт: - Ман медонистам, ки шумо дигару падаратон дигар. Ҳар фарзанд падараш барин намешавад.
Ҳайвонҳо на танҳо дар хушкӣ, балки дар об ҳам зиндагӣ мекунанд. Кит, тимсоҳ, делфин, наҳанг аз ҷумлаи онҳоянд. Баъзе аз навъи сангпушту морҳо ҳам сокинони муҳити обӣ ҳастанд. Хирси сафед, тюлен, морж низ дар об ғӯта мезананд ва ба хушкӣ мебароянд. Дар об моҳиҳо зиёдтар мавҷуданд. Онҳоро ҳатто дар ҳавзу ҷӯйборҳои шаҳру деҳот дидан мумкин аст. Дар кӯлу обанбор ҳам дидан мумкин аст. Аз ҳама бештар дар баҳру уқёнусҳо мушоҳида мешаванд. Моҳиҳо ном, шакл ва навъҳои гуногун доранд. Ошноӣ бо ҳаёти рангини моҳиён хеле аҷибу завқовар аст. Моҳиҳо намуди зиёд доранд. Шаклу намуди баъзеашон ҳайратангез аст. Онҳоро соатҳо нигоҳ кунӣ ҳам, аз тамошояшон сер намешавӣ. Ин моҳии кӯчак гуппу ном дорад. Гуппуҳо моҳиҳои ором ва беозоранд. Онҳо ҷангу ситезаро хуш надоранд. Гуппу ҳудуди як сантиметр ва зиёдтар аз он дарозӣ дорад. Моҳии норинҷӣ яке аз зеботарин моҳиҳои уқёнус аст. Вақте хатарро эҳсос мекунад, дар канори шохаҳои марҷон пинҳон мешавад. Фариштамоҳӣ яке аз навъи моҳиҳои зебо ва хушранг мебошад. Баданаш ҳамчун тангаи нуқра дар зери об медурахшад. Рахҳои зарду сиёҳ ва сафед ба бадани вай зебоии дигар мебахшанд. Парвонамоҳӣ ҳам моҳии зебо, аммо бисёр камёб аст. Аз рӯйи чашмҳои он як хатти тасмашакли сиёҳ мегузарад, ки онро ба кабк монанд кардааст. Думи доирашакли он монанди парҳои товус аст. Аспакмоҳӣ мавҷуди бисёр аҷиб аст. Сари ин моҳича ба сари асп монанд аст. Вай шохи гиёҳеро бо думи худ дошта, ба рақс медарояд. Рақси ӯ хеле аҷиб аст. Баъзе моҳиҳо парвоз мекунанд. Онҳо бол доранд. Вақте ба рӯйи об мебароянд, парвоз мекунанд. Парвозашон кӯтоҳ аст. Мисли парандаҳо фосилаи зиёдро парвоз карда наметавонанд.
Мо дар бораи мурғе гап мезанем, ки ба шутурбача бисёр монанд аст. Гардани дарозу камоншаклаш ӯро ба шутурбачаи ҳақиқӣ монанд кардааст. Барои ҳамин ҳам вайро шутурмурғ меноманд. Вай дар миёни парандаҳо аз ҳама калон аст. Қади баъзе шутурмурғҳо аз қади одамон ҳам баландтар мешавад. Баландии қади шутур аз рӯйи замин то болои сараш тахминан аз 2 метр зиёд аст. Шутур ва шутурмурғҳо пойҳои дарозу ғафс ва боқувват доранд. Ҳар ду дар дашту биёбон зиндагӣ мекунанд. Мижгонҳои дарозу ба ҳам монанд доранд. Сохти чашмонашонро дида, гумон мекунед, ки аз як оила бошанд. Аммо шутур чор пой дорад. Шутурмурғ ду пойи дароз дорад. Пойи дароз ба шутурмурғ барои чӣ лозим аст? Барои дар як соат 70 километр давидан пойҳои дароз ва пурқувват лозим аст. Ҳар қадами шутурмурғ сеюним-чор метр аст. Шумо даҳ қадам зада, баъд ба як қадами шутурмурғ расида метавонед. Шутур бача таваллуд мекунад. Шутурмурғ тухм мегузорад. Шутур пар надорад, шутурмурғ пар дорад. Шутур нӯл надорад, шутурмурғ дорад. Шутурмурғ аз бисёр ҷиҳат ба мурғ монанд аст. Мисли мурғ тухм мегузорад ва чӯҷа мебарорад. Ҳам чӯҷаи мурғ ва ҳам чӯҷаи шутурмурғ вақти аз тухм баромадан роҳ мегарданд. Мустақилона ғизо мехӯранд. Шутурмурғ аз чанд ҷиҳат ба шутур ва аз чанд ҷиҳати дигар ба мурғ монанд аст. Гӯё ҳам шутур асту ҳам мурғ. Барои ҳамин ба он шутурмурғ ном гузоштаанд. Шутурмурғҳо ҳам рустанӣ мехӯранду ҳам ҳашарот. Онҳо алафҳои гуногун ва тухму меваи рустаниҳоро истеъмол мекунанд. Аз ҳашарот малах, гамбӯсак, кирмҳоро мехӯранд. Калтакалосу муш ҳам хӯроки онҳост. Барои осон шудани ҳазми хӯрок сангчаҳои майдаро низ фурӯ мебаранд. Сангчаҳо дар сангдони шутурмурғ барои майда кардани хӯрок ёрӣ мерасонанд.
Бабри барфӣ ё паланги барфӣ ба оилаи гурбашаклҳо дохил шуда, номи илмиаш «пантера» мебошад. Ин ҷонвари кӯҳии ваҳширо дар Тоҷикистон баъзеҳо шерпаланг ё озодапаланг ҳам мегӯянд. Ин ҳайвон бисёр чолоку зирак буда, дар баландтарин кӯҳҳо танҳо гаштугузор мекунад, вай ҳеч гоҳ ба одам ҳуҷум намекунад. Дар Тоҷикистон бабри барфӣ дар қаторкӯҳҳои минтақаҳои Дарвоз, Ванҷ, Язғулом, Рӯшон, Шохдара, Аличур, Зарафшон, Ҳисор ва Вахш зиндагӣ мекунад. Ҷисми бабри барфӣ он қадар калон нест. Бадани он 112 – 140 см дарозӣ дошта, вазнаш аз 40 то 100 кг-ро ташкил медиҳад. Сабаби бабри барфӣ ном гирифтанаш дар он аст, ки хунукиҳо ва барфу яхро дӯст медорад ва дар фасли зимистон дар баландиҳо зиндагӣ мекунад. Бабри барфӣ ҳайвони даранда буда, асосан ҳайвонҳои калони кӯҳӣ, аз қабили архар ва морхӯр шикор мекунад. Вай сайди худро бо чолокӣ таъқиб карда медорад. Агар ҳайвони калон ёфт нашавад, бабри барфӣ, инчунин ҳайвонҳои хурдтар, аз ҷумла мушҳо, харгӯшҳо ва парандагонро низ шикор мекунад. Бабри барфӣ ҳайвони хеле нодир аст. Шумо медонистед, ки бабри барфиро танҳо дар 12 кишвари ҷаҳон дидан мумкин аст. Дар кишвари мо, Тоҷикистон, тақрибан 300 бабри барфӣ зиндагӣ мекунад. Аз ин рӯ, ин ҳайвон махсус муҳофизат карда мешавад. Номи бабри барфӣ ба Китоби Сурхи Тоҷикистон, ки дар он ҳайвонҳо ва набототи камёб навишта мешаванд, дохил карда шудааст.
Саг ё гурбаро бе дум тасаввур кардан мушкил аст. Ба ҳайвонот дум барои чӣ лозим аст? Баъзе ҳайвонот думро барои рондани пашаҳо истифода мебаранд. Говҳо, аспҳо дар фасли тобистон паша, хомӯшак ва магасҳоро бо думашон меронанд. Аммо сагҳо бо думашон … «гап мезананд». Вақте ки саг соҳибашро пешвоз мегирад, вай думашро меликонад, яъне шодӣ мекунад. Агар думи саг камтар боло бардошта шуда бошад ва онро аз як тараф ба тарафи дигар ликонад, дониста бошед, ки вай мегӯяд: «Ман туро кордор нестам, ту низ ба ман кордор нашав, агар кордор шавӣ, аҳволат бад мешавад». Агар думи саг ба поён хам шуда бошад, ин маънои онро дорад, ки саг ба соҳибаш итоат мекунад ё аз ягон чиз метарсад. Гург ва рӯбоҳ думашонро ҳамчун кӯрпа истифода мебаранд. Дар фасли зимистон онҳо дар барф чуқурие мекананд, дар он хоб рафта, бо думашон биниашонро мепӯшонанд, то хунук нахӯранд. Ба гургу рӯбоҳ дум ҳамчун чанбарак низ хизмат мекунад ва ҳангоми давидан барои ба зудӣ ба як тараф гаштан ёрӣ мерасонад. Санҷоб низ ба ҳамин мақсад думашро ҳангоми аз як дарахт ба дарахти дигар ҷаҳидан истифода мебарад. Шумо медонистед, ки дум ба маймунҳо барои дарёфти ғизо ёрӣ мерасонад? Онҳо бо думашон ба шохаи дарахт часпида, сарашонро хам мекунанд ва бо дастонашон меваҳоро чида мехӯранд.