Зеҳн

ТАЪСИРИ ПРЕМИКСҲО БА МУБОДИЛАИ НИТРОГЕН ВА СУЛФУР ДАР БУҚҚАЧАХОИ ЗОТИ СИММЕНТАЛӢ

ФЕ
Фермер15 сентябри 2026 · 8 дақиқа хондан

Дар организми чорво беист раванди вайроншавӣ ва ҳосилшавии ҳуҷайраҳо ва моддаҳои ғайриҳуҷайравӣ, бофтаҳо ва узвҳо ба амал меояд. Мутаносибан воридшавии беисти моддаҳое, ки хароҷотҳои моддаҳои сафедагиро дар организм пурра мекунанд, аҳамияти ҳалкунанда доранд.

Дар тақиқотҳои як қатор олимон нишон дода шудааст, ки ҳангоми норасоии протеин дар таркиби хўрок боиси суст гаштани афзоиш ва инкишофи ҷавонаҳо, вайроншавии мубодилаи моддаҳо ва паст гардидани муқовимати организм ба бемориҳо мегардад (П.С. Попехина, 1964, Г.Г. Ибатова, Е.С. Семянова, 2014 ва диг.).

Аз меъёр барзиёд будани протеин низ мисли норасоии он зараровар мебошад. Ҳангоми барзиёд будани протеин дар ратсион эҳтимолияти вайрон шудани мубодилаи сафеда гардад, ки ин ба бемории вазнини чорво оварда мерасонад. Ба организми чорво сафедаҳо танҳо бо хўрок дохил мешаванд, чунки онҳо аз таркиби дигар моддаҳо ба монанди равғанҳо ва карбогидратҳо синтез шуда наметавонанд. Баъд аз дохил шудан ба канали ҳозима сафедаҳо барои синтези пайвастагиҳои гуногуни биологии фаъол, барои аз нав барқарорсозии ҳуҷайраҳо, ҳосил намудани маҳсулот истифода мешаванд.

Ба таркиби сафедаҳо сулфур низ дохил мешавад, ки манбаи ягонаи тамоми миқдори сулфурро дар организми чорво ташкил мекунад. Организми чорво ба элементи сулфур талабот дорад ва он бояд дар шакли дастрас мавҷуд бошад. Як қатор растаниҳо сулфурро дар таркибашон аз ҳисоби сулфатҳои таркиби хок ҳосил мекунанд.

Мавҷудияти сулфурро дар таркиби аминокислотаҳои таркиби сафеда фаъолнокии биологии он муайян мекунад. Дар таркиби маводҳои биологӣ қариб ҳама типҳои ғайриорганикӣ ва органикии пайвастагиҳои сулфур маълум карда шудааст. Фаъолияти қисми зиёди аз ин пайвастагиҳо муайян карда нашудааст, аммо муҳимияти сулфур барои равандҳои зиёди биохимиявӣ муайян карда шудааст.

Аминокислотаҳои сулфурдор барои амалӣ намудани реаксияҳои муҳофизавӣ, ки асосан бо роҳи оксидшавии ферментативии сулфури аминокислотаҳои нишондодашуда ба кислотаи сулфур, ки ба моддаи заҳрнок пайваст гардида, кислотаи сулфури дучанда ва ё эфири ин кислотаро ҳосил менамояд.

Мисол, систин сарчашмаи таурин мебошад, ки дар навбати худ яке аз маҳсулоти охирони мубодилаи сулфур буда, бо талха дар пайвастагӣ бо кислотаҳои талха хориҷ мешавад. Маҳсулоти охирони асосии мубодилаи сулфур ва метионин таурин ва кислотаи сулфур мебошад.

Мақсади тадқиқот – омўзиши таъсири премикси бентонитдори «Буққача» ва «Кауфит Имунно Фертил» ба дараҷаи метоболизми нитроген ва сулфур дар организми буққачаҳои зоти симменталӣ дар шароити водии Ҳисори Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Мавод ва услуби тадқиқот. Кисми таҷрибавии тадқиқот дар шароити хоҷагии зотпарварию кооперативии ба номи А. Юсупови шаҳри Ҳисор гузаронида шуд. Дар таҷриба таъсири премикси витаминию минералии «Буққача» ва «Кауфит Имунно Фертил» дар хўронидани буққачаҳои синни 6-моҳа омўхта шуд.

Барои гузаронидани тадқиқот аз рўйи принсипи ҳаммонандӣ ва вазнафзункунии шабонарўзии вазни зинда се гурўҳ гўсолаҳои зоти симменталӣ интихоб карда шуд. Иловатан ба ратсиони асосии (РА) гурўхи I тачрибавӣ иловатан 80-100 гр премикси бентонитдори «Буққача», гурўҳи II таҷрибавӣ РА+100 г «Кауфит Имунно Фертил» илова карда шуда, ба гўсолаҳои гурўҳи III санҷишӣ ратсиони асосии хўрокҳои дар ҳоҷагӣ истифодашаванда хўронида шуд.

Шароити нигоҳдорӣ ва хўронидани ҷавонаҳои ҳамаи гурўҳҳо монанд ва баробар буд.

Бо мақсади омўзиши ҳазмшавии моддаҳои ғизонок, мубодилаи нитроген, аминокислотаҳо ва моддаҳои минералӣ ду таҷрибаи физиологию мувозинатӣ (балансӣ) гузаронида шуд: якум дар синни 3-моҳагӣ, дуюм дар синни 6-моҳагӣ. Дар давраи таҷрибаҳои мувозинатӣ (балансӣ) дар баробари дигар нишондодҳо, инчунин нишондодҳои мубодилаи нитроген, калсий, фосфор ва сулфур низ омўхта шуд. Нишондодҳои ба даст омада бо усули омории вариатсионӣ (Н.А. Плохинский, 1972, 1996), дар компютери фардӣ бо истифодаи барномаҳо бо муайянкунии дараҷаи саҳеҳии Стюдент коркард карда шуд.

Натиҷаҳои тадқиқот. Дар таҷрибаҳои мо ҷавонаҳо ба ҳар 1 воҳиди хўрока 174 гр протеини ҳазмшаванда қабул намудаанд. Ба ин нигоҳ накарда дар он хусус, ки миқдори протеини ҳазмшаванда аз меъёр 70% зиёд буд, ягон нишондоди клиникие, ки дар бораи таъсири манфии миқдори барзиёди протеин аз тарафи мо мушоҳида нагардид. Дар баробари ин ҳамаи чорвоҳои таҷрибавӣ ба таври хуб афзоиш ва инкишоф ёфта, дараҷаи вазнафзункуниашон қаноатбахш буд. Дар таҷрибаҳои мо омўзиши мубодилаи нитроген дар ҳамбастагӣ бо омўзиши ҳазмшавии ратсион гузаронида шуд.

Чуноне, ки аз нишондодҳои ҷадвал дида мешавад ҷавонаҳои гурўҳҳои таҷрибавӣ ва санҷишӣ миқдори баробари нитрогенро бо хўрок қабул намудаанд, аммо аз организм хориҷ намудани нитрогени гурўҳи санҷишӣ дар муқоиса бо гурўҳҳои таҷрибавӣ зиёдтар буд. Ҳамин тариқ ҷавонаҳои гурўҳҳои таҷрибавӣ назар ба гурўҳи санҷишӣ 10-12 гр нитрогенро зиёдтар ҳазм намудаанд. Захирашавии нитроген дар бадани ҷавонаҳои гурўҳи таҷрибавӣ дар муқоиса бо гурўҳҳои санҷишӣ зиёдтар ва дараҷаи истифодабарии он низ беҳтар буд. Аз ин бармеояд, ки дар шароити таҷрибаҳои мо миқдори дараҷаи баланди фосфор боиси беҳтар истифодашавии протеини хўрок ва захирашавии моддаҳои нитрогендор гардид. Нишондодҳои мубодилаи нитрогенро таҳлил намуда, гуфтан мумкин аст, ки ҷавонаҳои премикси «Буққача» ва «Кауфит имуно Фертил»-ро истеъмол намудаанд, нисбатан коэффтсиенти баланди ҳазмшавии протеинро доро буданд. Ҳамин тариқ коэффитсиенти ҳазмшавӣ дар гурўҳи якум 65,4%, гурўҳи дуюм-60,4% ва дар гурўҳи сеюм 57,1%-ро ташкил намуд. Истифодашавии протеини хўрок низ дар ҷавонаҳои гурўҳҳои таҷрибавӣ беҳтар буд.

Гўсолаҳои гўруҳи якум барои дар организм захира намудан 10% нитрогени қабул кардаро ва 18,4% аз ҳазмкардаро истифода намудаанд; гўсолаҳои гўруҳи дуюм мутаносибан 8,0%, 13,2% ва гўруҳи сеюм 6,7% ва 2,7%. Ҳамин тариқ, захирашавии нитроген дар организми гўсолаҳои гўруҳи якум дар муқоиса бо гурўҳи санҷишӣ 5.3% аз қабулшуда ва 6,7% аз ҳазмкарда шуда зиёд буд. Ин нишондод дар гурўҳи дуюм ба 1,3% ва 1.5% баробар буд. Аз ҷиҳати оморӣ фарқияти саҳеҳ дар байни гурўҳҳо маълум карда нашуд.

Ҷавонаҳои таҷрибавӣ ҳамроҳи хўрок ба ҳисоби миёна дар як шабонарўз 73,1 – 76,4 гр нитроген қабул намудаанд. Фарқият аз истифодаи нитроген дар гурўҳҳои таҷрибавӣ аз ҳисоби нитрогени метионини синтетикӣ ҳосил шудааст. Дар гўсолаҳои шашмоҳа метионини синтетикӣ ба раванди ҳазмшавӣ таъсири амиқе нарасонид. Коэффитсиенти хазмшавӣ дар гурўҳи якум ба 60,2%, гурўҳи дуюм 59,6% ва гурўҳи сеюм 60,2%-ро ташкил намуд. Истифодаи нитрогени ратсион барои захиракуни дар организм низ дар байни гурўҳҳо наздик буд. Гурўҳи якуми гўсолаҳо 13,9% аз қабул карда шуда ва 22.5% аз ҳазм карда шуда, гуруҳи дуюм мутаносибан 14,4 ва 23,3 ва сеюм 13.0 % ва 21,3% - ро захира намудаанд. Мебояд қайд намуд, ки консентратсияи нитроген дар пешоби гўсолаҳои таҷрибавии семоҳа назар ба ҳамин гўсолаҳо дар синни шашмоҳагӣ зиёдтар буд. Ҳамин тариқ, дар шароити таҷрибаҳои мо захирашавии нитроген дар организми ҷавонахои таҷрибавӣ дар муқоиса бо гурўҳи санҷишӣ зиёдтар буд. Маълум аст, ки ин равандро бо баланд шудани ғизонокии биологии ратсион аз ҳисоби ворид намудани иловагии сафедагию витаминию минералӣ маънидод кардан мумкин аст.

Сулфури органикӣ дар раванди метаболизм аҳамияти калон дорад: сулфур ба таркиби сафедаҳо дохил шуда, дар равандҳои оксиду барқароршавӣ иштирок мекунад, инчунин ба таркиби энзимҳои нитратҳоро барқароркунанда дохил шуда, ба мубодилаи нитроген пайваст мешавад, дар мубодилаи карбогидратҳо иштирок мекунад (пайвастагиҳои сулфури миқдори гликогенро дар ҷигар зиёд менамояд) ва консентратсияи қандро дар хун паст менамояд.

Аз тарафи мо мубодилаи сулфур дар гўсолаҳои синни се ва шашмоҳа омўхта шуд. Хўрокҳое, ки дар таҷриба истифода мешуданд, миқдори муътадили элементи сулфурро доро буданд: дар шроти пахта -0,29%, омехтаи хўрокҳои серғизо 0,17-0,19%, дар таркиби бедаи юнучқа 0,37%, юнучқаи сабз 0,39% ва силоси ҷуворимакка 0,39% аз моддаи хушк. Чуноне, ки дар шароити таҷрибаҳои мо дида мешавад, дараҷаи сулфур дар таркиби хўрокҳо назар ба дигар минтақаҳо як миқдор баландтар буд. Мувозинати сулфур дар гўсолаҳои ҳамаи гурўҳҳо мусбӣ буд. Дараҷаи баланди истифодаи сулфур дар гўсолаҳои таҷрибавӣ аз ҳисоби сулфури таркиби премикс таъмин карда шуд. Хамин тариқ, гўсолаҳои гурўҳҳои таҷрибавӣ дар синни 3- моҳагӣ назар ба гурўҳи санҷишӣ 32,1 – 35,6℅ зиёдтар сулфурро истифода намуданд. Коэффитсиенти захирашавии сулфур дар гурўҳҳо баланд буда, дар гурўҳи якум 30,15% ва дар гурўҳи дуюм 30,06%-ро аз миқдори қабул карда шуда ташкил дод.

Дар синни шашмоҳагӣ низ гўсолаҳои гурўҳҳои таҷрибавӣ дар муқоиса бо гурўҳи санҷишӣ 35,5% сулфурро истифода намуданд. Дар баробари ин истифодаи сулфур барои захиракунӣ дар ин синну сол назар ба 3- моҳагӣ 44,9%, дар гурўҳи 40,28% ва санҷишӣ 36,33% (P<0,001)-ро аз миқдори қабул карда шударо ташкил намуд.таҷрибавӣ. Нишондоди мутлақи захирашавии сулфур дар гўсолаҳое беҳтар буд, ки метионини синтетикӣ қабул намуданд. Бо баланд рафтани синну сол коэффтсиенти истифодабарии сулфур низ баланд мегардад. Мубодилаи сулфур дар таҷрибаҳои мо дар давраҳои таҷриба фарқият доштанд. Миқдори сулфури бо пешоб хориҷгардида дар синни 3моҳагӣ баландтар буда, дар гурўҳи якум – 45,9℅, дар гурўҳи дуюм 44,4℅ ва дар гурўҳи сеюм 41,6℅-ро дар муқобили 30,7℅; 32,2℅ и 31,1℅ дар синни 6-моҳагӣ ташкил намуд. Фоизи партови сулфур дар рўдаҳо амалан дар як дараҷа қатъ карда шуд ва дар синни 3- моҳагӣ дар гурўҳҳо 25,2℅; 25,5℅; и 30,3℅; ва дар синни 6- моҳагӣ 25,2℅; 25,5℅; и 30,3℅-ро ташкил намуд.

Нишондиҳандаҳои таҷрибаҳоро оид ба мубодилаи нитроген, аминокислотаҳо ва сулфур таҳлил намуда, бояд қайд намуд, ки бо калон шудани синну сол азхудшавии аминокислотаҳо паст мешавад бо назардошти аминокислотаи систин. Фоизи захирашавии систин сол ба сол меафзояд;

ҳамин раванд дар мубодилаи сулфур низ дида мешавад. Миқдори хўронидани премикс бо вояи 3℅ аз протеини ҳазмшаванда мубодилаи нитроген, аминокислотаҳо ва сулфурро дар организми гўсолаҳои таҷрибавӣ то синни муайян беҳтар менамояд. Ҳамин тариқ, таносуби нитроген ба сулфур дар миқдори миёнаи пешоби гўсолаҳо дар синни 3-моҳа дар гурўҳҳо 10:1,32; 10:1,35 и 10:0,99-ро ташкил намуд. Дар синни 6-моҳагӣ ин нишондод он қадар тағйир наёфт ва 10:1,17; 10:1,26; и 10:0,90 ташкил намуд. Чунин таносуби нитроген ба сулфур дар пешоб дараҷаи таъминоти чорвои таҷрибавиро бо аминокислотаҳои сулфурӣ тасдиқ менамояд.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2