Зеҳн
КАСАЛИҲОИ ПАРАНДАҲО

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 95 саҳифа

Ҳайвонот

Пешгуфтор
Парандапарварӣ яке аз соҳаҳои муҳими хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта дар таъминоти аҳолӣ бо маҳсулотҳои серғизои хурока- аз қабили тухм ва гўшт нақши асосиро мебозад.
Парандапарварӣ аз дигар соҳаҳои чорводорӣ на танҳо бо қобилияти истеҳсолии баланд доштан, инчунин аз афзоиши бо шиддат, маҳсулнокии баланд ва додани хурока, ки метавонад истеҳсолотро тараққӣ диҳад фарқ мекунад.
Дар баробари ин барои истеҳсоли маҳсулоти мурғӣ дар парандапарварӣ воҳиди хўрока нисбат ба дигар соҳаҳои чорвопарварӣ камтар сарфа мешавад. Дар беҳтарин фабрикаҳои парандапарварӣ дар 10 дона тухм аз 1,6 то 1,8 воҳиди хурока ва дар фабрикаҳои блойрелпарварӣ барои афзоиши 1 кг вазни зинда 3 воҳиди хўрока сарфа мешавад, ки ин ба хоҷагии халқ фоидаи калон оварда, талаботи рўзмарраро қонеъ мегардонад.
Тараққи додани соҳаи парандапарварӣ дар умум ба иқтисодиёти хоҷагии қишлоқи ҷумҳуриамон таъсири бузург мерасонад. Барои ривоҷ додани ин соҳа мутахасисонро лозим меояд тамоми саъйу кушишро ба харҷ дода дар таъмини аҳолии ҷумҳурӣ бо маҳсулоти бехатари худӣ саҳми худро гузоранд.
Дар китоби мазкур бемориҳое, ки бештар дар ҷумҳурӣ вохурда ба соҳаи парандапарварӣ таъсири зиёди иқтисодӣ мерасонанд дарҷ шудаанд.
Барои пешгирӣ аз пайдоиш ва паҳншавии бемориҳо дар байни парандаҳо, ки метавонад зарари зиёди иқтисодӣ орад мутахассисон ва шахсони масъулро лозим аст дар якҷояги тамоми чораҳои пешгирикунандаро андешида парандаҳоро аз касалшавӣ эмин нигоҳ доранд.

аз 95
навбатӣ