ДУНЁИ РАНГОРАНГИ ЗЕРИ ОБ
Ҳайвонҳо на танҳо дар хушкӣ, балки дар об ҳам зиндагӣ мекунанд. Кит, тимсоҳ, делфин, наҳанг аз ҷумлаи онҳоянд.
Баъзе аз навъи сангпушту морҳо ҳам сокинони муҳити обӣ ҳастанд. Хирси сафед, тюлен, морж низ дар об ғӯта мезананд ва ба хушкӣ мебароянд.
Дар об моҳиҳо зиёдтар мавҷуданд. Онҳоро ҳатто дар ҳавзу ҷӯйборҳои шаҳру деҳот дидан мумкин аст. Дар кӯлу обанбор ҳам дидан мумкин аст. Аз ҳама бештар дар баҳру уқёнусҳо мушоҳида мешаванд.
Моҳиҳо ном, шакл ва навъҳои гуногун доранд. Ошноӣ бо ҳаёти рангини моҳиён хеле аҷибу завқовар аст. Моҳиҳо намуди зиёд доранд. Шаклу намуди баъзеашон ҳайратангез аст. Онҳоро соатҳо нигоҳ кунӣ ҳам, аз тамошояшон сер намешавӣ.
Ин моҳии кӯчак гуппу ном дорад. Гуппуҳо моҳиҳои ором ва беозоранд. Онҳо ҷангу ситезаро хуш надоранд. Гуппу ҳудуди як сантиметр ва зиёдтар аз он дарозӣ дорад.
Моҳии норинҷӣ яке аз зеботарин моҳиҳои уқёнус аст.
Вақте хатарро эҳсос мекунад, дар канори шохаҳои марҷон пинҳон мешавад.
Фариштамоҳӣ яке аз навъи моҳиҳои зебо ва хушранг мебошад. Баданаш ҳамчун тангаи нуқра дар зери об медурахшад. Рахҳои зарду сиёҳ ва сафед ба бадани вай зебоии дигар мебахшанд.
Парвонамоҳӣ ҳам моҳии зебо, аммо бисёр камёб аст. Аз рӯйи чашмҳои он як хатти тасмашакли сиёҳ мегузарад, ки онро ба кабк монанд кардааст. Думи доирашакли он монанди парҳои товус аст.
Аспакмоҳӣ мавҷуди бисёр аҷиб аст. Сари ин моҳича ба сари асп монанд аст. Вай шохи гиёҳеро бо думи худ дошта, ба рақс медарояд. Рақси ӯ хеле аҷиб аст.
Баъзе моҳиҳо парвоз мекунанд.
Онҳо бол доранд. Вақте ба рӯйи об мебароянд, парвоз мекунанд. Парвозашон кӯтоҳ аст. Мисли парандаҳо фосилаи зиёдро парвоз карда наметавонанд.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё