МавзӯъНаврасон

Дар ин китоб афсонаҳои ҷолиби халқҳои гуногуни дунё гирд оварда шудаанд. Мазмуни афсонаҳо барои тарбияи наврасон ва васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо мусоидат мекунад.

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳо, чистонҳо ва шеърҳои бачагона буда, барои хонандагони хурдсол пешбинӣ шудааст. Он ба рушди тафаккур ва олами маънавии кӯдакон мусоидат мекунад.
Ҳеҷ коре бе устоде муяссар намешавад, ва ҳар ки бе устод коре кунад бебунёд бошад. Одоби шогирд ин аз муаллим вобастааст ва баъд аз оила, сарчашма мегирад. Кӯдаке, ки аз хурди бо ақлу тамиз аст то охири умр ҳамин хел меравад. Ва инсоне, ки аз хурди бе ақлу бе фаросат бошад ҳамин тавр ба балоғат мерасад. Ва аз ӯ умеде пойдор намешавад. Агар пурсанд, ки одоби шогирд чандаст, бигуй ҳашт: 1. Чун дарояд салом кунад ё салом диҳад. 2. Дар пеши устод кам сухан гуяд. 3. Сар дар пеш андозад. 4. Ба ҳар тараф нигоҳ накунад. 5. Агар хоҳад масъала пурсад иҷозат гирад. 6. Чун ҷавоб гуяд эътироз накунад. 7. Дар пеши устод ба кассе гушаки накунад. 8. Ба ҳурмати тамом нишасту бархост кунад. Ҳамаи ин одобро шогирд аз мактаб меомӯзад. Мактаб муҷадастарин ҷой сарчашмаи дарёи ақл, махзани илму дониш ва даргоҳи илму адаб аст. мактабу китоб ин беминат аст. Ва инсонро ба қуллаи баланди муродаш мерасонад. Зебогии инсонро ман дар одобу ахлоқ ва сират мебинам на дар сурат
Офтоб ба мисли гулхани бузургест, ки сӯхтани он бо ҳарорати ниҳоят баланди газҳои ҳидроген ва ҳелий таъмин мешавад. Замин энергияи Офтобро 4600 миллион сол боз мегирад. Ҳанӯз то асри 20 олимон медонистанд, ки Офтоб чун гулхан доимо месӯзад, вале сӯзишвориаш тамом намешавад. Илм дар оғози асри 20 сабаби ин ҳодисаро муайян кард. Офтоб энергияи худро дар натиҷаи раванде мегирад, ки онро синтези ядроӣ меноманд. Ин раванд чунин аст, ки атомҳои ҳидроген (обзо) ҷамъ шуда, атоми ҳелийро ташкил мекунанд. Ин омезиш чунон энергияе ҳосил мекунад, ки ба Офтоб имкон медиҳад, то гармию нурҳояшро ба Замин ва сайёраҳои дигар дар давоми миллионҳо сол равон кунад.
Вақте ки оби баҳрҳо, кӯлҳо ва дарёҳо гарм мешаванд, онҳо ба буғшавӣ сар мекунанд. Буғ ба қабати болоии атмосфера мебарояд, ки дар он ҷо вай ба абр табдил меёбад. Чун ҳарорати ҳаво паст мешавад, об дар қабати абрҳо ба борон табдил ёфта, ба замин мерезад ва ҷӯю наҳрча ва ниҳоят сели обро ба вуҷуд меорад. Оби боришот аз болои замин сӯи нишебиву ҷойҳои пастхамӣ ҷорӣ шуда, бо худ регу сангрезаҳоро мебарад ва дар навбати худ обраҳа, ҷӯю хандақҳо ва тагноҳоро ба вуҷуд меорад. Об дар сатҳи ҳамвори замин ҷорӣ шуда, суръату қувваашро гум мекунад ва селобаву ҷинсҳои вазнини шустаашро боқӣ мегузорад, ки онро хамгаштҳо меноманд. Лекин маҷрои об бо худ хок, лойқа ва регро кашонда, онҳоро дар даҳанае ҷамъ мекунад, ки баъдан онҳо делтаҳо (резишгоҳҳо)-ро ташкил медиҳанд.
Офтоб ба тамоми мавҷудоти рӯи замин – кӯҳу дашт, хок ва об гармӣ медиҳад. Ҳаво низ баробари ин мавҷудоти зикршуда гарм мешавад. Ҳавои гарм сабуктар шуда, ба қишрҳои болоии атмосфера мебарояд ва ҳавои хунуки дар болобуда ба поён, ба ҷои ҳавои гарм мефарояд. Ин ҷойивазкунии ҳаво шамолро ба вуҷуд меорад. Дар рӯи замин ҷойивазкунии шамол доимист, зеро дар тамоми фаслҳои сол минтақаҳои гарм ва хунук мавҷуданд. Энергияи шамолро метавон барои фаъолияти осиёби бодӣ истифода бурда, неруи барқ ҳосил кард. Дар ин сурат энергияи офтоб ба неруи барқ ва ё неруи дигари механикӣ табдил мешавад.
Маълум аст, ки ҳангоми сӯхтани чӯб гармӣ ва рӯшноӣ ҳосил мешавад. Дарахт ин энергияро аз офтоб мегирад. Дар натиҷаи раванде, ки фотосинтез ном дорад, дарахтон ду чиз: глюкоза ва селлюлоза ҳосил мекунанд. Дарахт асосан, аз селлюлоза иборат аст. Воқеан, энергияи офтоб дар танаи дарахтон ба шакли селлюлоза ва бофтаҳои дигар захира мешавад. Вақте ки чӯб месӯзад, ҳамон энергияи дар селлюлоза ҷамъшуда хориҷ мешавад ва гармиву рӯшноӣ медиҳад.
Қисми зиёди энергияи баданро мағзи сар сарф мекунад. Майна маркази назорат ба фаъолияти инсон аст. Дар он тамоми ахборе, ки аз ҷониби узвҳои ҳис, биноӣ, шунавоӣ ва ғайра фиристода мешаванд, баъд аз коркард, яъне пас аз омӯхтани ҳодисаву воқеаҳо ба ҳар кадоми он «ҷавобҳои мувофиқ» ё худ фармони амалкунӣ медиҳад. Албатта, иҷрои ҳамаи ин вазифаҳо энергияи зиёдеро талаб мекунад. Тавре ки таҳқиқот нишон медиҳанд, майнаи одами калон 1,5 кг вазн дорад ва панҷяки энергияи зарурии организмро сарф мекунад.
Организми мо барои иҷрои вазифаҳои зерин қувва (энергия)-и аз маводди ғизоӣ гирифтаашро сарф мекунад: 1. Барои таъмини фаъолияти тамоми узвҳои бадан. 2. Барои таъмини ҳарорати муътадили бадан (36,5–37 С) дар вазъи гуногуни обу ҳаво (ҳам гармӣ ва ҳам сардӣ). 3. Барои таъмин намудани сабзиши ҷисм, яъне барои организм бофтаҳои нав ҳосил мекунад ва кӯдак ба воя мерасад. Маълум аст, ки инсон дар кӯдакӣ ва наврасӣ ба воя мерасад, вале дар давоми тамоми ҳаёт организм инкишоф меёбад ва фаъолият мекунад. 4. Барои таъмин намудани фаъолият ва ҳарорати муътадили мушакҳои бадан. Мантиқан ҷисми одамони ба корҳои ҷисмонӣ ва варзиш машғулбуда, нисбат ба онҳое, ки ба фаъолияти ҷисмонӣ камтар машғуланд, энергияи зиёдро талаб мекунад.
Ҷисми мо қобилияти захира кардан ва нигоҳ доштани энергияро дорад, бинобар ин мо метавонем, гоҳо ғизо нахӯрем. Дар ҷараёни ҳазми ғизо глюкозаи зиёде ҳосил мегардад, ки ба таркиби хун дохил мешавад. Глюкоза «сӯзишворӣ»-и муҳимми энергияи ҷисм мебошад. Маъмулан, ҳамаи глюкозаи ҳосилшударо якбора истифода бурдан душвор аст, аз ин рӯ қисми зиёдатии онро бадани мо захира мекунад. Ҷигар маводди зиёдатии глюкозаро аз хун ҷамъ намуда, онро нигоҳ медорад ва ба глюкоген ном модда табдил медиҳад. Ҳамин вазифаро мушакҳо низ иҷро мекунанд. Ҳангоме ки ба ҷисм «сӯзишворӣ» лозим мешавад, ҷигар ва мушакҳо глюкогени захиракардаашонро аз нав ба глюкоза табдил медиҳанд. Албатта, захира кардани глюкоген низ ҳадду андозаи худро дорад. Вақте ки захира аз ҳад мегузарад, маводди ғизоӣ ба чарбу (равған) табдил меёбад. Дар оянда агар ба ҷисм боз «сӯзишворӣ» зарур шаваду глюкоген набошад, он гоҳ чарбуи захирашуда ба глюкоза табдил меёбад.
Қувваи ҳаётбахшеро, ки барои ҳаёт зарур аст, мо аз истеъмоли ғизо мегирем. Ҷисми мо ин энергияро захира карда, онро ба неру табдил медиҳад ва барои нафаскашӣ, гардиши хун ва ҳаракат истифода мебарад. Вақте ки мо нафас мегирем, шушамон аз ҳаво оксигенро қабул мекунад ва заррачаҳои хуни рагҳо аз он баҳравар мегарданд. Хун ғайр аз оксиген дигар маҳлулҳои ғизоиро низ мебарад, ки дар натиҷаи ҳазми хӯрок ҳосил мешавад. Ҳам оксиген ва ҳам маводди ғизоӣ ба воситаи гардиши хун ба тамоми узвҳои бадан тақсим мешаванд. Гардиши хунро дар организм дил ба воситаи рагҳои хунгузар таъмин мекунад. Дар мушакҳои бадан оксиген барои «сӯзондан»-и маводди ғизоӣ ва аз онҳо ҳосил кардани энергия зарур аст.
Вақте ки дастатон ба сими лучи ҷараёни барқ мерасад, гӯё ба баданатон зарбаи сахти электрикӣ ворид мегардад. Агар шиддатнокии он баланд бошад, вай метавонад одамро бикушад ё ба таври ҷиддӣ ӯро сӯзонад. Агар шиддат пасттар бошад, он чун рагкашии сабук ҳис карда мешавад. Зарур аст, ки аснои бо асбобҳои барқӣ кор кардан ба таври ҷиддӣ қоидаҳои муносибат бо онҳоро риоя намуд. Бо дасти тар асбобҳои барқиро гирифтану доштан мумкин нест, зеро об аз худ ҷараёни барқро бештар мегузаронад. Ҳеч гоҳ сутуни чароғҳои кӯчагӣ ва симчӯбҳои телефонро парма накунед, ҳамчунин ба минтақае, ки навиштаҷоти «Хавфнок» ва ё «Шиддатнокии баланд» овехта шуда бошад, наздик наравед.
Сарбанд — девор ё монеаи хеле мустаҳкамест, ки онро дар роҳи дарё месозанд, то обро нигоҳ дорад. Дар паси сарбанд об ҷамъ шуда, обанбор ба вуҷуд меояд. Оби ҷамъшударо барои обёрӣ, нӯшидан ва истеҳсоли нерӯи барқ истифода мебаранд. Ба забони сода: сарбанд мисли девори калонест, ки пеши обро мегирад.
Обанбор — ҷойест, ки дар он миқдори зиёди об ҷамъ ва нигоҳ дошта мешавад. Одатан обанборро бо сохтани сарбанд дар рӯдхона месозанд. Оби обанборро барои нӯшидан, обёрии заминҳо, истеҳсоли нерӯи барқ ва дигар корҳои хоҷагӣ истифода мебаранд. Масалан, обанборро метавон ба як кӯли сунъии калон монанд кард, ки одамон онро барои захира кардани об месозанд.
Манбаи тамоми навъҳои энергия офтоб аст. Албатта, ғайр аз рӯшноӣ ва гармӣ мо аз офтоб бевосита неруи дигар гирифта наметавонем. Олимони зиёде орзу мекарданд, ки энергияи офтобро бевосита истифода бурда, аз он неруи барқ истеҳсол кунанд. Солҳо онҳо кӯшиш менамуданд, то неругоҳи барқии офтобӣ созанд. Ҳарчанд, яке аз чунин лоиҳаҳо бомуваффақият анҷом ёфт, аммо неругоҳи барқии офтобӣ хеле харҷи гарон дорад ва илова бар ин чандон неруи зиёд ҳосил намекунад. Чунин технология дар моҳвораҳои сунъӣ ва минтақаҳое, ки дар он ҷо шабака – симтаноби ноқилӣ гузарондан имкон надорад, истифода мешавад. Инчунин онро барои таҷриба дар боми хонаҳо ва автомобилҳо низ гузошта истифода мебаранд. Неругоҳҳои офтобиро – неругоҳҳои фотогалваникӣ меноманд. Системаи мазкур аз лавҳаҳое иборат аст, ки аз нурҳои офтоб энергия қабул карда, онро ба неруи барқ табдил медиҳад.
Неруи барқро дар неругоҳҳои барқӣ истеҳсол мекунанд. Ҳоло якчанд намуди неругоҳҳои барқӣ мавҷуд аст, ки муҳимтарини онҳо дар ҷаҳон неругоҳҳои ҳароратӣ, атомӣ ва обӣ мебошанд. Дар неругоҳҳои ҳароратӣ ба воситаи сӯзондани ангишт ва нафт неруи барқ ҳосил мекунанд. Дар дегҳои бузург ба воситаи сӯзишвориҳои номбурда обро меҷӯшонанд ва буғи аз он ҳосилшуда чархҳо – турбинаҳоро ба ҳаракат медарорад ва турбинаҳо генераторҳоро ба кор медароранд. Генератор чарх зада, неруи барқ ҳосил мекунад. Дар неругоҳҳои обӣ об аз сарбанд, ки дар дарёҳо сохта мешавад, ба турбинаҳо мерезад ва онҳоро ба гардиш медарорад. Турбина чарх зада, генераторҳоро ба кор медарорад ва дар натиҷа неруи барқ ҳосил мешавад. Дар неругоҳҳои атомӣ маъдани кӯҳие, ки дар таркибаш уран дорад, истифода мешавад. Пас аз коркарди маъдан вай неруи атомӣ ҳосил мекунад ва дегҳои бузурги пуробро меҷӯшонад. Буғи ҳосилшуда турбинаҳоро чарх занонда, неруи барқ ҳосил мекунад.
Неруи барқ як навъи энергия мебошад, ки хонадони моро обод мекунад, фаъолияти корхонаҳо, мағозаву идораҳо, инчунин кори бомароми боғи истироҳату фароғати бачагонро таъмин менамояд. Мо неруи барқро барои равшан кардани хонаҳо, тайёр кардани хӯрок, тару тоза нигоҳ доштани меваҷоту сабзавот, таъмини кори компютерҳо ва ҳаракати бозичаҳо истифода мебарем. Гуфтан мумкин аст, ки пас аз кашф намудани оташ истифодаи неруи барқ оғоз ёфта, барои пешрафту тараққиёти инсоният хизмати босазое кардааст.
Ҳаёти инсонро ҳоло бе оташ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Шояд одамони қадим ба ҳарорати берун одат карда, зиндагии худро ба рӯшании офтоб мутобиқ намуда буданд. Кашфи оташ ҳаёти одамони қадимро хеле тағйир дод. Бо ёрии оташ онҳо бошишгоҳ ва манзили зисташонро равшан намуда, худро аз хунукӣ муҳофизат мекарданд ва хӯрок тайёр менамуданд. Дертар ба шарофати оташ онҳо филиззотро гудохта, ҳар гуна олат (силоҳ) месохтанд.
Инсон энергия истеҳсол карда наметавонад, вай фақат онро тағйир дода метавонад. На ҳайвонот, на мошин – ҳеч кас ва ҳеч чиз қудрати онро надорад, ки энергия офарад ва ё онро нест кунад, лекин онро тағйир додаву истифода карда метавонад. Об, шамол, офтоб захираҳои бузурги энергия доранд, вале агар инсон онҳоро ба энергияи фоиданок табдил намедод, ҳамаи ин захираҳо бефоида мемонданд. Ҳамин тариқ, энергияи шамол (бод)-ро метавон ба неруи барқ табдил дод. Ё ба чархи велосипед генератор васл намуда, метавон ба воситаи чарх занондани педал, қувваи кинетикиро ба неруи барқ табдил дод. Телевизор неруи барқро ба рӯшноӣ ва садо табдил медиҳад.
Бо чанд калима энергияро баён кардан душвор аст, вале аз рӯи амалаш дарк кардан мумкин аст, ки он чист. Мисол меорем: Бадани мо қобилияти ҷамъ кардану сарф намудани энергияро дорад. Агар ин тавр намебуд, мо ҳаракат карда, чизеро ҷунбонда наметавонистем, таҳсил намекардем, нафас намекашидем, фикр намекардем ва ғайра. Зеро бе энергия ягон мавҷудот тағйир намеёбад ва ҳаракат намекунад. Энергия метавонад, дар шаклҳои гуногун зуҳур ёбад. Гармӣ як навъи энергия аст, зеро ҳолати чизҳоро тағйир медиҳад, яъне яхро об мекунад, ҳарорати чизҳоро боло мебардорад, филизро мегудозад. Қувваи барқ низ як намуди энергия аст: гармӣ меофарад, хунук мекунад, рӯшноӣ медиҳад, ба ҳаракат медарорад ва ғайра. Навъҳои дигари энергия низ вуҷуд доранд: неруи садоафзо, рӯшноибахш, кимиёӣ, кинетикӣ ва ғайра. Ҳамаи инҳо қодиранд, ки ҳолати ҷисмҳоро тағйир диҳанд. Ҳамин тариқ, энергияро метавон тағйирдиҳандаи ҳолати тамоми чизҳои атрофи мо шуморид.
Тавре ки гуфтем, коғазро аз чӯб, партовҳои найшакар ва рустаниҳои дигар месозанд. Бинобар ин он муҳити атрофро он қадар ифлос намекунад. Вале азбаски ҳангоми тайёр кардани он баъзе маводди заҳрнок, ба мисли маводди шустагариро истифода мебаранд, беҳтар аст, ки коғазҳои истифодашуда (рӯзнома, маҷалла ва ғайра) ба марказҳои қабули коғаз супорида шаванд. Зеро дар корхонаҳои коғазбарорӣ баъди коркарди дубора аз онҳо коғазҳои хушсифат истеҳсол мекунанд.
Батарейкаҳои барқӣ аз ҷумлаи маводди зарурии ҳаёти инсонанд. Онҳо барои ҳаракату ба кор даровардани бозичаҳои гуногун, соатҳову радиопрёмникҳо, аппаратҳои суратгирӣ ва амсоли инҳо мусоидат мекунанд. Батарейкаҳо дар таркибашон филиззоти заҳрнок доранд, ки дар сурати омезиш бо хоку об онҳоро заҳролуд мекунанд. Албатта, ин заҳролудшавӣ ба инсон, ҳайвоноти рӯи замин ва дарёву баҳрҳо, инчунин муҳити атроф зарар мерасонад. Барои ин батарейкаҳои истифодашударо ба нуқтаҳои қабул супоридан лозим аст. Онҳоро ҳаргиз ба зарфи партов ва гирду атроф партофтан мумкин нест.
Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Дар ин китоби омӯзишӣ бисёр бозиҳои шавқовари бачагонаи халқи тоҷик, ки аҳамияти таълимӣ ва тарбиявӣ доранд, ба таври сода ва оммафаҳм ба қалам дода шудааст.

Дӯстам Эмӣ ба ман гуфт: «Бисёр ҳамсинфонаш доранд». Духтари синфи дуюмаш чанд ҳафта боз исрор мекард, ки барояш як пиёлаи термосии Stanley бихаранд. «Ҳатто гуфт, ки бо пули худаш мехарад. Аммо кӯдаки ҳафтсола чӣ гуна бояд тамоми рӯз пиёлаи 40-унсиягӣ,
Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.
Бачаҳои азиз! Абдусалом Пирмуҳаммадзода Деҳотӣ аз адибони маъруфу маҳбуби мардуми мост. Ӯ 14 марти соли 1911 дар маҳаллаи Боғи майдони шаҳри бостонии Самарқанд дар оилаи ҳунарманд зода шудааст. Дар шаҳри Самарқанд хонда, дар шаҳри Душанбе кору эҷод
Як ҳайвони хушбурут, Ошиқи ширу қурут. Гурба Гарданкаҷи лабхалта, Хаммиёни думкалта. - Шутур Якто ҷуфти даҳанвоз, Иштиҳошон ба овоз. Гӯшҳо Аҷаб зебо хонача, Девори он аз химча. Қафас Сурху мазза шакарин, Ҷойи ӯ зери замин. Лаблабу Шаб ҳама
Баҳром Фирӯз. Маҷмӯаи ҳикояҳо дар бораи зиндагӣ, орзуву рафтори наврасону ҷавонон.
Ай писар, гар пештар гўӣ салом, Оташи дўзах шавад бар ту ҳаром. Фаридаддини Аттор Яке аз фазилатҳои неки инсонӣ, ки обрўву нуфуз ва манзалати ўро баланд мебардорад, ин гуфтани салом ба хурду бузург ва риояи одоби он мебошад. Пешиниён ин ҳусни одобро
Ба роҳи Ватан ҷон фидо мекунем, Ватан ҳар чӣ гӯяд, адо мекунем. Ватан, зодгоҳ, калимаи зебо ва ҳуҷастае аст, ки бо шуниданаш хонаву дар, гаҳвора ва модар пеши назар меояд. Педагоги машҳур Сухомлинский В. А. мазмуни мафҳуми «Ватан»-ро одилона ба
Парламенти Озарбойҷон дар хониши сеюм ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, инчунин қонунҳои «Дар бораи ахбор, паҳн ва ҳифзи ахбор» ва «Дар бораи ҳифзи кӯдакон аз маълумоти зараровар» тағйирот қабул кард. Тибқи ин тағйирот, шахсони то 16-сола дигар ҳаққи
Мактаб барои ҳар як фард бисёр азиз аст, зеро вай хонаи муътабари дувуми ӯст. Мактаб муассисаест, ки ҳар як инсон дар он ҳам таълим ва ҳам тарбия мегирад. Модар ба мо ҳарфи аввалин, сухан гуфтан ва қадам гузош танро ёд медиҳад. Мактабу омӯзгор навиштану
Замоне дар як деҳаи кӯҳистонӣ оҳангари машҳуре зиндагӣ мекард. Ӯ аз пӯлод асбобҳои аъло ва устувор месохт, ки мардум аз ҳар гӯшаи кишвар барои харидани онҳо меомаданд. Аммо яке аз шогирдони ҷавонаш, ки ҳанӯз ба ҳунари оҳангарӣ сару кор дошт, аз шиддати
Шумо умри худро барои чӣ сарф мекунед? Марди сарватманди хасис тамоми умри худро танҳо барои ҷамъ кардани сарват мешузаронд. Рӯзе нишасту ба шумурдани сарвати ҷамъшудааш машғул шуд ва дид, ки дороии ӯ 300 000 динори тилло шудааст. Акнун ба тартиб додани
Зимистон асту зери пардаи ях, Ба хоби ноз рафта ҷӯйборон. Магар дар хоби худ хобе бубинанд, Ба ёди рӯзҳои навбаҳорон. Ки ҷӯе медиҳад овоз бар ҷӯй Зи пушти парда ҳамчун роздорон. Ба худ печанду ҷӯшанду хурӯшанд Зи нури офтоби бомдодон… Хаёли
Саводнокии расонавӣ барои кӯдакон. Имрӯз кӯдакон баробари калонсолон корбари фаъоли интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҳастанд ва шарт аст саводи расонаӣ дошта бошанд. То ба доми қаллобон наафтанд, ба хабарҳои бардурӯғ бовар накунанд, фирефтаи бозиҳои
Агар дар ҷахон набвад омӯзгор, Шавад тира аз бехирад рӯзгор. Агар барои қабои сабз ба бар намудани замин баҳор лозим бошад, пас барои сабз гаштани таманнои инсон устод рамзи баҳор аст. Оре, бе устод кас наметавонад аз доираи тафаккури маҳдуд берун
Чистон он ки монанд мушт Ҳам нарм асту ҳам дуруcт, Бораш ҳамеша хор аст, Хораш ҳамеша дар пушт? (хорпушт) Баста даҳони танӯр, Танӯр, аз лахча пур. (тарбуз) Чистон ки ранг – ранг аст, Чолуку тезтанг аст Ҷома пӯшад сад бақа Бо чашмааш раванд
Эраҷ шириниро дӯст медорад. Хусусан, яхмосро. Чормағзу бодомро бо дандон мешиканад. «Дандонҳои ман, – мегӯяд, – аз оҳан сахттаранд». Обро ҳам бо яхпора менӯшад. Аммо дандоншӯйӣ ҳеҷ гоҳ ба ёдаш намерасад. Дишаб як дандонаш дард кард. Ба гумонаш ҳамаи
Мақоле дар байни мардум машҳур аст: «Эҳтиёт – нисфи ҳаёт». Дар куҷо бояд эҳтиёт шуд? Дар ҳама ҷо ва ҳамеша – дар хона, мактаб, роҳ, нақлиёт... Инчунин, аз оташ, ҳангоми заминларза, раъду барқ, истифодаи асбобҳои барқӣ низ бояд эҳтиёт шуд. Эҳтиёт қоидаҳо
Ҳар киро дар зиндагӣ устодест. Имрӯз чӣ муаллиму чӣ духтур, чӣ ронанда ва чӣ коргару бофанда ҳама устодону шогирдони худро доранд. Ҳамаро дар ҳаёт касе омӯзонидааст. Ягон кору амал, ягон пешравию афзалият, ягон бурду бохт безаҳмат, бемашаққату
Дар олам хат бисёр аст. Ҳар хат алифбо ва намунаи хос дорад. Алифбои мо кириллӣ мебошад. 80 сол инҷониб ҳамин хатро мехонему менависем. Пеш аз ин хати мо лотинӣ буд. Аз лотинӣ пештар форсӣ, пеш аз форсӣ хати суғди, паҳлавӣ ва мехӣ хонда менавиштем... Китобе, ки бачаҳои азиз, дар даст доред, таърихи пайдоиши хатҳост. Муаллифи вобаста ба алифбои Брайл (барои нобиноён) ва дактиологӣ (барои мардумони гушашон ношунаво ва забонашон лакнатдошта) низ маълумоти аҷиб ҷамъ овардааст.

Расму оин ва фарҳанги миллй моро ҳидоят мекунанд, ки дар ҳар ҷо, хоҳ дар хона, хоҳ дар мактаб, хоҳ дар кӯча, хоҳ дар бозор, хоҳ дар сафар ҳамеша чун инсони комил аз рӯйи одаму одамгарй, одоби муошират рафтору амал намоем. Мирзо Бедил ба ин маънй
Дар зери об чӣ бошад? Сангу сангреза. Боз чӣ? Боз?... Дуруст, моҳӣ! Моҳӣ ҳайвони зебои обист. Аммо баъзе моҳичаҳо басо хушранг мешаванд. Пулакчаҳояшон пур аз нақшу нигор аст. Аз тамошои онҳо чашм сер намешавад. Номҳои аҷойиб низ доранд. Дар ин китобча шумо бо чанд моҳича шинос мешавед, ки зеботарини моҳичаҳои оламанд.

