Зеҳн
Дунёи рангини зери об

Дар зери об чӣ бошад? Сангу сангреза. Боз чӣ? Боз?... Дуруст, моҳӣ! Моҳӣ ҳайвони зебои обист. Аммо баъзе моҳичаҳо басо хушранг мешаванд. Пулакчаҳояшон пур аз нақшу нигор аст. Аз тамошои онҳо чашм сер намешавад. Номҳои аҷойиб низ доранд. Дар ин китобча шумо бо чанд моҳича шинос мешавед, ки зеботарини моҳичаҳои оламанд.

Китобдор · 11 сентябри 2024 · 1 саҳифа · 1 писанд

Наврасон

Ҳайвонҳо на танҳо дар хушкӣ, балки дар об ҳам зиндагӣ мекунанд. Кит, тимсоҳ, делфин, наҳанг аз ҷумлаи онҳоянд. Баъзе аз навъи сангпуштону морҳо ҳам соки­ нони муҳити обӣ ҳастанд. Хирси сафед, Тюлен, Морж низ дар об ғӯта мезананд ва ба хушкӣ мебароянд.

Дар об моҳиҳо зиёдтар мавҷуданд. Онҳоро ҳатто дар ҳавзу ҷӯйборҳои шаҳру деҳот дидан мумкин аст. Дар кӯлу обанбор ҳам дидан мумкин аст. Аз ҳама беш­ тар дар баҳру уқёнусҳо зиёданд.

Моҳиҳо ном, шакл ва навъҳои гуногун до­ ранд. Ошноӣ бо ҳаёти рангини моҳиён хеле аҷибу завқовар аст. Моҳиҳо намуди зиёд доранд. Баъзе аз моҳиҳо шаклу намуди ҳайратангез доранд. Онҳоро соатҳо нигоҳ кунӣ ҳам, аз тамошояшон сер намешавӣ.

Бадани бархе аз моҳиҳо мисли филизи ҷилодор аст. Ин навъи моҳиҳо беозоранд. Гӯшти онҳо ши­ рин ва хуштаъм аст. Одамон онҳоро истеъмол карда метавонанд.

Бадани суфрамоҳӣ, кӯсамоҳӣ ва баъзе намудҳои дигарашон филиз надоранд. Онҳо моҳиҳои зара­ ровар ва заҳрноканд. Дар зери об ҳамеша ноорому хашмгин менамоянд. Ба моҳиҳои беозор пайваста ҳамла мекунанд.

Ин моҳии кӯчак гуппу ном дорад. Гуппуҳо моҳиҳои ором ва беозоранд. Онҳо ҷангу ситезаро хуш надо­ ранд. Гуппу ҳудуди як сантиметр ва зиёдтар аз он дарозӣ дорад.

Гуппу моҳии зиндазой аст. Навзоди ӯ аз донаи гандум бузургтар аст. Ин моҳиро бори аввал Роберт Гуппӣ ошкор кард. Ба ин хотир ба он номи ин олим гузошта шудааст.

Моҳии норинҷӣ яке аз зеботарин моҳиҳои уқё­ нусҳо аст. Вақте хатарро эҳсос мекунад, дар ка­ нори шохаҳои марҷон пинҳон мешавад. Душман вайро дида наметавонад. Агар бинад ҳам, аз миёни шохаҳои марҷон гирифта наметавонад.

Фариштамоҳӣ яке аз навъи моҳиҳои зебо ва хушранг мебошад. Баданаш ҳамчун тангаи нуқра дар зери об медурахшад. Рахҳои зарду сиёҳ ва са­ фед ба бадани вай зебоии дигар мебахшанд.

Камонмоҳӣ моҳии дарёист. Ин моҳии зеборо ода­ мон бо нархи гарон харидуфурӯш мекунанд. Вай зеби қафасоб аст. Даҳони кӯчак ва ниҳоят қавӣ до­ рад. Садафакҳоро шикор мекунад.

Парвонамоҳӣ ҳам моҳии зебо, аммо бисёр ка­ мёб аст. Аз рӯйи чашмҳои он як хатти тасмашакли сиёҳ мегузарад, ки онро ба кабк монанд кардааст. Думи доирашакли он монанди парҳои товус аст.

Моҳии нӯлдароз аз оилаи моҳиҳои парвонашакл маҳсуб меёбад. Вай дар уқёнус ва соҳили баҳрҳои Австралия зиндагӣ мекунад. Баданаш рахҳои сурх, сафед, сиёҳ ва пурҷило дорад. Дар миёни сангҳои қиматбаҳо ва марҷонҳои зери дарё зиндагӣ мекунад.

Тилломоҳӣ низ яке аз намудҳои парвонамоҳӣ аст. Вай монанди тангаи тилло дар зери дарё медурах­ шад. Ҳангоми эҳсоси хатар дар миёни шохаҳо ва сангҳои баҳр пинҳон мешавад. Дар обҳои шӯр ва гарм зиндагӣ мекунад.

Аспакмоҳӣ мавҷуди бисёр аҷиб аст. Сари ин моҳича ба сари асп монанд аст. Вай шохи гиёҳеро бо думи худ дошта, ба рақс меда­ рояд. Рақси ӯ хеле аҷиб аст.

Баъзе моҳиҳо парвоз мекунанд. Онҳо бол до­ ранд. Вақте ба рӯйи об мебароянд, парвоз меку­ нанд. Парвозашон кӯтоҳ аст. Мисли парандаҳо фо­ силаи зиёдро парвоз карда наметавонанд.

Моҳии сарбоз ё санҷобмоҳӣ бисёр чобук ва тезҳаракат аст. Баданашро тасмаҳои дарози сурх ва рост пӯшондааст. Чашмонаш калон, аммо хирабин аст. Ин моҳиҳо даррандаанд, гуруҳ­гурӯҳ шуда ба туъмаи худ ҳамла карда, онро ба осонӣ пора­пора мекунанд.

Моҳии дигаре ба моҳии сарбоз монанд мавҷуд аст, ки онро моҳии чашмхӯр мегӯянд. Он чашмо­ ни майда, даҳони калон ва дар баданаш тасмаҳои осмонранги сафед ва зард дорад. Ин моҳӣ дар соҳилҳои обҳои Арабистон дида мешавад. Бачаҳои худро дар даҳонаш бузург мекунад.

Дар обҳои Ҳиндустон ва соҳилҳои Таиланд моҳие зиндагӣ мекунад, ки онро ҷангҷӯ мегӯянд. Ин моҳӣ пайваста бо дигар навъи моҳиҳо дар ҷангу ситез аст.

Моҳии ҷаъбаӣ (сандуқмонанд) номи дига­ раш остракион яке аз мавҷудоти шигифтангези дарёҳост. Болҳои шиноварии ин моҳӣ ба ҳама та­ раф ҳаракат мекунанд. Болҳои пушташ мечарханд. Вай дар миёни об муддатҳо беҳаракат меистад. Баданаш пулакча надорад, сараш ба сари қурбоққа хеле монанд аст. Нақшину рангоранг ва холдор аст.

Аждаҳомоҳӣ яке аз навъҳои моҳиҳои заҳрдор ва хатарнок аст. Ҳама моҳиҳо аз ӯ метар­ санд ва мегурезанд. Дар бада­ ни аждаҳомоҳӣ сихҳои тез ва заҳролуд мавҷуд аст. Вай дар зери шиками худ пой дорад ва роҳ меравад.

Моҳигирак аз навъи моҳиҳои бисёр аҷиб ва ҳайратангез аст. Вай дар пешонии худ шохаки сахт ва дарозе дорад, ки шабеҳи шасти моҳидорист. Моҳигирак дар қаъри торикии уқёнус зиндагӣ мекунад.

Сари шохчаи моҳигирак ҳангоми шикор равшанӣ медиҳад. Моҳиҳои дигар ба ҷониби равшанӣ ши­тофта, ба шасти ӯ меафтанд. Вай моҳии бузургтар аз худашро ҳам фурӯ мебарад.

Хонандаи азиз!

Шодем, ки боз як асари тоза мутолиа кардӣ. Офарин! Умедворем, ин китоб ба ту писанд омад. Бовар дорем, ки пас аз хондан нуктаҳои муҳимми китобро баён карда метавонӣ:

1. Муаллифи асар кист?

2. Асар чӣ ном дорад?

3. Асар дар бораи чӣ маълумот медиҳад? 4. Кадом чизҳои муҳимро омӯхтӣ?

5. Кадом маълумот ба ту маъқул шуд?

6. Аз мазмуни асар чӣ хулоса баровардӣ?

Бовар дорем ба ҳамсинфу ҳамсол, шиносу дӯст ва хоҳару бародаронат дар бораи китоби хондаат нақл мекунӣ ё мутолиаи онро тавсия медиҳӣ.

аз 1