Оё энергияро истеҳсол кардан мумкин аст?
Инсон энергия истеҳсол карда наметавонад, вай фақат онро тағйир дода метавонад. На ҳайвонот, на мошин – ҳеч кас ва ҳеч чиз қудрати онро надорад, ки энергия офарад ва ё онро нест кунад, лекин онро тағйир додаву истифода карда метавонад.
Об, шамол, офтоб захираҳои бузурги энергия доранд, вале агар инсон онҳоро ба энергияи фоиданок табдил намедод, ҳамаи ин захираҳо бефоида мемонданд.
Ҳамин тариқ, энергияи шамол (бод)-ро метавон ба неруи барқ табдил дод. Ё ба чархи велосипед генератор васл намуда, метавон ба воситаи чарх занондани педал, қувваи кинетикиро ба неруи барқ табдил дод. Телевизор неруи барқро ба рӯшноӣ ва садо табдил медиҳад.
0
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё