МавзӯъСанъат

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Дар адабиёт ва синамо асарҳое пайдо шуданд, ки дар онҳо ҳаёти дигар сайёраҳо ва ё зиндагии одамони аз ҷаҳони дигар омада таҷассум ёфтаанд. Чунин асарҳо, ба мисли «Ҷанги ҷаҳонҳо»-и Г. Ҷ. Уэллс ё филмҳои «Ултиматум ба Замин», «Рӯзи истиқлолият», «Робитаҳои наздики дараҷаи сеюм» ё «Миррих ҳуҷум мекунад!» бо тасаввурот ва тарзи гуногуни хаёлот нишон медиҳанд, ки мавҷудоти дигар сайёраҳо чӣ гуна буда метавонанд. Албатта, ҳар он чизе, ки тасвир шудааст, соф тахайюлӣ буда, қаҳрамонҳои тасвиршуда низ вуҷуд надоранд ва зиндагиашон маҳсули хаёлот аст.
Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ аз роҳе мегузашт. Дар паҳлуи роҳ як хиштрезро дид, ки шеърҳои ӯро ғалат-ғалат хонда истодааст. Ҳофиз андак гӯш доду баъд якбора хиштҳои рехтамондаи хиштрезро пахш карда гузаштан гирифт. Хиштрез ӯро дида, тохта омаду аз гиребонаш гирифта, дашном дод: — Магар чашмат кӯр аст, ки роҳро монда, аз болои хиштҳо меравӣ ва меҳнати маро барбод медиҳӣ? Ҳофиз ҳам гиребони ӯро маҳкам ҷуфт карда гирифта, гуфт: — Магар ту девонаӣ, ки шеърҳои хуни дил хӯрда навиштаи маро расво карда, ғалат мехонӣ?!
Ду сураткаш дар устодӣ ва санъаткорӣ бо ҳам мудом баҳс мекарданд. Сураткаши якум сурати як сар ангурро чунон устодона кашид, ки дар дидан аз ангури ҳақиқӣ ҳеҷ фарқ намекард. Вақте ки он суратро ба шохи дарахте овехта монд, баъзе парандаҳо онро ангури ҳақиқӣ пиндошта, омада ба вай нӯл мезаданд. Сураткаш ин ҳолро ба рақиби худ нишон дода, баландии санъати худро исбот кард. Сураткаши дуюм барои нишон додани санъаташ сураткаши якумро ба хонааш бурд ва пардаеро нишон дода гуфт: — Санъатҳои ман дар пушти ҳамин парда истодаанд. Назар кун, меписандӣ ё не? Сураткаши якум даст бурда, мехост пардаро бардорад, лекин дид, ки он парда набуда, сурати пардае будааст, ки дар девори хона моҳирона кашида шудааст.
Фарҳанги мардумии деҳаи Ворӯ бо хусусиятҳои махсуси маҳаллии худ ва ҳам наздикии ҷуғрофӣ бо шаҳри қадимаи Саразми аҳди энеолит ва асри биринҷӣ бештар таваҷҷуҳи мардумшиносонро ҷалб намуд.

Ба наздикӣ филмеро бо номи “The time” (вақт) дидам ва он сабаб шуд, ки дар мавзӯи вақт чанд ҷумларо бо ҳам пайванд кунам. Филм дар худ дунёеро инъикос мекунад, ки он дунёи мо нест. Агар боигарӣ ва сарвату қудрати одамон дар дунёи мо бо пул ченак шавад,
Саҳна сап сафед. Маълум нест, ки пур аз дуд аст ё дар оғўши меғ. Мусиқии муассире, ки гоҳ-гоҳ хониши ҳамсароён ивазаш мекунад. Батадриҷ дуд ё меғ бартараф мешавад ва аз дур тарҳи нимавайронаи шаҳри бостоние намоён мегардад. Зимни он тарҳи китоби бозе
Санъати тасвирӣ назмест,ки онро мебинанд ва назм тасвирест, ки онро мешунаванд. Леонардо да Винчи Яке аз самтҳои рушдёфтаи санъати тасвирии тоҷикон аз даврони бостон санъати ороишӣ-амалӣ маҳсуб меёфт. Композитсияҳои мунаққаши равшану хос, гулдӯзиҳо,