Зеҳн
СИЁҲ ВА САФЕД

Воқеа дар як шаҳраки яке аз штатҳои ҷанубии Амрико рух додааст.

Зеҳн · 28 ноябри 2024 · 9 саҳифа

Санъат

НАМОИШИ АВВАЛ

Шаҳраке дар яке аз штатҳои ҷанубии Амрико. Ҳуҷраи муҷаҳҳаз.

Деворҳои сафед. Диван. Аз чап – тиреза, аз рост – дари ванна. Дар дарунтар – хоначаи пазироӣ ва даре, ки ба кўча мебарад. Пеш аз бардошта шудани парда садои гўшхароше баланд мешавад.

Саҳнаи якум

Лиззи пайдо мешавад, баъд – ҳабаш. Лиззи таҳи пироҳан аст.

Остинҳояшро бар зада, чангкашакро ба кор медарорад. Садои занги дар.

Лиззи, чангкашакро хомўш намуда, дари ваннаро нимроғ мекунад.

ЛИЗЗИ (нимовоз). Касе занг мезанад. Набаро. (Дарро мекушояд.)

Дар остона ҳабаши тануманди сарсафеде пайдо мешавад. Чӣ гап? Шумо ғалат кардагистед. (Сукут.) Бигўед, чӣ мехоҳед?

ҲАБАШ (илтиҷоомез). Илтимос, хонум, хоҳиш мекунам!

ЛИЗЗИ. Чӣ хоҳиш? (бодиққаттар ба ў нигариста) Сабр, сабр, он ҷо, дар поезд ту набудӣ? Аз онҳо гурехта халос шуда тавонистӣ? Адреси маро чӣ хел ёфтӣ?

ҲАБАШ. То ёфтан ҷонам ба лаб омад, хонум… (даромаданӣ мешавад) Хоҳиш мекунам!

ЛИЗЗИ. Надаро, меҳмон дорам. Чӣ мехоҳӣ?

ҲАБАШ. Хоҳиш мекунам!

ЛИЗЗИ. Чӣ хоҳиш? Пул?

ҲАБАШ. На, хонум. (Сукут.) Илтимос, бигўед ба ў, ки ман гунаҳкор нестам.

ЛИЗЗИ. Ба кӣ бигўям?

ҲАБАШ. Ба судя. Бигўед, хонум. Хоҳиш дорам, илтиҷо мекунам, ба ў бигўед инро.

ЛИЗЗИ. Ман чизе намегўям.

ҲАБАШ. Илтиҷо мекунам.

ЛИЗЗИ. Намегўям, гуфтам, намегўям. Ғаму дарди худам бас. Ба дигарон кор надорам ман. Бирав аз ин ҷо.

ҲАБАШ. Охир, шумо медонед, ки ман ҳеҷ кор накардаам. Магар ман ягон гуноҳ дорам?

ЛИЗЗИ. Ягон гуноҳ надорӣ. Вале назди судя намеравам ман.

Судяҳо хапгир барин, аз башараи хунукашон безорам.

ҲАБАШ. Дар хона зану бачаҳоям интизору ман – шаби дароз сарсони ин шаҳри калон. Мадорам намондааст дигар.

ЛИЗЗИ. Аробаатро бикаш аз ин ҷо!

ҲАБАШ. Вокзалҳоро печонда гирифтаанд...

ЛИЗЗИ. Кӣ?

ҲАБАШ. Сафедҳо.

ЛИЗЗИ. Кадом сафедҳо?

ҲАБАШ. Ҳама сафедҳои ин шаҳр. Шумо имрўз аз хона набаромадаед?

ЛИЗЗИ. Не.

ҲАБАШ. Кўчаҳо – пур аз издиҳом. Ҷавонон ҳам баромадаанду пирон ҳам. Гўё намоише бошад...

ЛИЗЗИ. Чӣ маънӣ дорад ин?

ҲАБАШ. Яъне, то дастгир шуданам маро таъқиб мекунанд. Вақте ки сафедҳо, ҳатто сафедҳои ба ҳам бегона, якгапа мешаванд, марги ҳабаш яқин аст. (Сукут.) Бигўед, ки ман ягон гуноҳ надорам, хонум. Ба судя бигўед, ба рўзноманигорон бигўед.

ЛИЗЗИ. Дод назан. Ба ту гуфтам, ки танҳо нестам. (Сукут.) Дар мавриди рўзноманигорон ба умеди ман нашав. Ман ҳоло набояд аз худ дарак бидиҳам. (Сукут.) Вале, агар чун шоҳид даъватам бикунанд, ваъда медиҳам, ки ҳақи гапро мегўям.

ҲАБАШ. Мегўед ба онҳо, ки ман ягон кори бад накардаам?

ЛИЗЗИ. Мегўям.

ҲАБАШ. Қасам мехўред, хонум?

ЛИЗЗИ. Ҳа, ҳа.

ҲАБАШ. Ба номи Худованде, ки моро мебинаду мешунавад, қасам мехўред?

ЛИЗЗИ. Оҳ, худатро тезтар гум кун аз ин ҷо. Ваъда додам, бас будагист. (Сукут.) Бирав акнун, худатро гум кун!

ҲАБАШ (ғайричашмдошт). Илтимос, маро пинҳон кунед.

ЛИЗЗИ. Пинҳон кунам?

ҲАБАШ. Чаро не, хонум, чаро не?

ЛИЗЗИ. Ман? Туро пинҳон кунам? Дигар ҳеҷ чиз намехоҳӣ? (Бошаст дарро мепўшад.) Ҳаминаш намерасид! (назди ванна меравад)

Баро. (Фред аз ванна берун мешавад. Дар танаш – куртаи рўпўши бегиребону бегалстук.)

Саҳнаи дуюм

Лиззи, Фред.

ФРЕД. Чӣ гап буд?

ЛИЗЗИ. Ҳеҷ гап не.

ФРЕД. Гумон кардам, полис омадааст.

ЛИЗЗИ. Полис? Ту бо полис сарукор дорӣ?

ФРЕД. Ман – не. Фикр кардам, ки назди ту омадаанд.

ЛИЗЗИ (муҳаққирона). Чӣ фикри беҳуда! Ман дар умрам ягон хаси касеро нагирифтаам.

ФРЕД. Ба полис ҳам ягон вақт сарукор надоштӣ?

ЛИЗЗИ. Доштам, вале на барои дуздӣ. (Боз чангкашакро ба кор медарорад. Овози гўшхароше мебарояд.)

ФРЕД (аз садо ба ҷон расида). Бас кун!

ЛИЗЗИ (дод мезанад, то ў бишнавад). Чӣ шуд, ҷонам?

ФРЕД (низ дод мезанад). Кар шудам!

ЛИЗЗИ (дод мезанад). Қариб тамом шуд. (Сукут.) Чӣ илоҷ, маро ҳамин хел офаридаанд.

ФРЕД (дод мезанад). Чӣ?

ЛИЗЗИ (дод мезанад). Мегўям, ки ҳамин хелам ман.

ФРЕД (дод мезанад). Чӣ хел?

ЛИЗЗИ (дод мезанад). Ана, ҳамин хел. Баъд аз он нағмаву усул гўё ҷиннӣ мешавам: ҳатман бояд оббозӣ кунаму чангкашакбозӣ! (Чангкашакро мекушад.)

ФРЕД (Ба ҷойхоби парешон ишора мекунад). Ин хел ки бошӣ, аввал ҷогаҳатро ҷамъ кун.

ЛИЗЗИ. Чӣ?

ФРЕД. Ҷогаҳро ғун бидор. Гуноҳатро бипўшон.

аз 9
навбатӣ