Зеҳн
СИЁҲ ВА САФЕД

Воқеа дар як шаҳраки яке аз штатҳои ҷанубии Амрико рух додааст.

Зеҳн · 28 ноябри 2024 · 9 саҳифа

Санъат
Аз аввал хондан

ЛИЗЗИ. Гуноҳ? Ин гапро боз аз куҷо ёфтӣ? Мулло-пулло-ку нестӣ?

ФРЕД. Мулло чӣ дахл дорад ин ҷо?

ЛИЗЗИ. Ранги муллоҳо гап мезанӣ. (Ба рўи ў менигарад) Не, ту мулло нестӣ. Мулло ин қадар олуфтасатанг намешавад. Ку ангуштаринҳоятро нишон бидеҳ. (Мафтунона) Ина бибин-а! Ина бибин! Боз ягон бойбача набошӣ?

ФРЕД. Ёфтӣ.

ЛИЗЗИ. Хеле бойӣ?

ФРЕД. Хеле.

ЛИЗЗИ. Боз хубтар (Ба гардани ў овезон шуда, лабони бўсахоҳашро ғунча мекунад). Ба мард дороӣ мезебад!

ФРЕД (аввал дудила мешавад, баъд рў мегардонад). Ҷогаҳро ҷамъ бикун!

ЛИЗЗИ. Хуб, хуб. Ҷамъ мекунам! (Зери лаб хандида, рахти хобро ба тартиб меорад) «Гуноҳатро бипўшон!»-а? Чунин гап ба гўшаи хаёлам ҳам намеомад. Воқеан, шаҳбоз, ин, пеш аз ҳама, гуноҳи туст. (Фред норозиёна даст меафшонад) Хуб, хуб, гуноҳи ман ҳам ҳаст. Чӣ қадар гуноҳҳо дорам ман... (рўи тахти хоб нишаста, Фредро ҳам қариб зўран мешинонад) Ку, ба нишемангоҳи гуноҳҳоямон бишин. Гуноҳ аст, лекин чӣ ширин, ҳамин хел не, шаҳбоз? (Механдад.) Саратро бардор, охир!

Наход аз ман битарсӣ? (Фред дағалона ўро ба бар мекашад.) Вой, дард ёфтам... дардам додӣ, сар бидеҳ! (Ў раҳояш мекунад.) Афандӣ, афташа бину... (Сукут.) Номат чист? Гуфтан намехоҳӣ? Ким-чӣ хел, нағз не номатро надонистан. Бо ман ин ҳолат бори аввал рўй дод. Насабро пинҳон мекунанд, лекин номро... Номҳоятонро, ки надонам, чӣ хел аз ҳамдигар фарқатон мекунам? Бигў, ҷонам, номатро бигў!

ФРЕД. Не.

ЛИЗЗИ. Пас «ҷаноби беном»-ат меномам. (Бархоста) Майлат.

Ҷамъугирамро тамом кунам. (Ашёи гуногунро ҷобаҷо мегузорад) Инаш – ба ин ҷо, вайаш – ба он ҷо. Акнун – ҳамааш ҷобаҷо. Курсиҳо, бигзор, дар атрофи миз бошанд, ҳамин хел хубтар. Намедонӣ, дар ин ҷоҳо кӣ тасвирҳои зебо мефурўшад? Мехоҳам деворам тасвире дошта бошад.

Дар ҷомадонам якта ҳаст – тасвири зебои фаронсавӣ, «Кўзаи шикаста» ном дорад. Духтараке акс ёфтааст дар он, ки кўзаро шикастааст, бечора.

ФРЕД. Кадом кўзаро?

ЛИЗЗА. Намедонам. Аз афташ, кўзаи худашро. Хуб мебуд, ки дар бари он тасвири кампираки афсонагўеро бо набераҳояш меовехтем.

Воқеан, чӣ ин қадар афсона гуфта истодаам ман, кайҳо бояд пардаҳоро бардоштаву тирезаро мекушодем. (Дар назди тиреза.) Чӣ хел нағз! Чӣ рўзи хуб! Шабро олӣ гузарондам, саҳар оббозӣ кардам.

Чӣ сабуку форам ҳис мекунам худро. Ин ҷо биё, ин ҷо биё! Ин манзараро бубин! Биё як бор. Чӣ манзараи дилкаш! Атроф – дарахтзору дарахтзору дарахтзор. Бахтам хандиду дар ин гўшаи олиҷаноби шаҳр хона ёфтам. Дидан намехоҳӣ? Шаҳратро дўст намедорӣ?

ФРЕД. Тамошои шаҳрамро аз тирезаи худам дўст медорам.

ЛИЗЗИ (ғайричашмдошт). Гўш кун, рост аст, ки аз саҳар дидани ҳабаш хосияти бад дорад?

ФРЕД. Барои чӣ?

ЛИЗЗИ. Ман... Не... Яктааш тасодуфан ҳо аз он ҷо гузашт...

ФРЕД. Дидани ҳабаш ҳамеша нишони бадбахтист. Ҳабаш чиву бало чӣ. (Сукут.) Тирезаро пўш.

ЛИЗЗИ. Бимон, хонаро шамол диҳам.

ФРЕД. Гуфтам, пўш! Пардаҳоро ҳам бикаш. Акнун чароғро даргирон.

ЛИЗЗИ. Барои чӣ? Барои ҳамон ҳабаш?

ФРЕД. Бефаҳм!

ЛИЗЗИ. Чӣ офтобаки ҷонбахш!

ФРЕД. Ҳоло бе офтоб ҳам мешавад. Ман мехоҳам, ки хонаат ҳамон хеле бошад, ки шаб буд. Тирезаро пўш, гуфтам. Офтоб дар ҷои дигар кофист. (Назди Лиззи омада, бодиққат ба ў менигарад.)

ЛИЗЗИ (бо ташвиш). Чӣ шуд?

ФРЕД. Ҳеҷ чиз. Галстукамро деҳ.

ЛИЗЗИ. Галстукат – дар ванна. (Мебарояд. Фред зуд ғаладонҳои мизро кушода, бошитоб мекобад. Галстук дар даст медарояд.) Ана галстукат. (Ба бастани галстуки ў шурўъ мекунад) Медонӣ-чӣ, ман аз меҳмонони тасодуфӣ мегурезам, чеҳраҳои зиёди нав ба навро дўст намедорам.

Орзўям ёфтани се-чор дўсти солдидаи ҳамешагист. Се-чор дўсте, ки ба мунтазам хабар гирифтанам одат бикунанд. Яке, масалан, рўзи сешанбе наздам биёяд, дигаре – рўзи панҷшанбе, сеюмаш – шаби якшанбе. Албатта, чунин одат бе хароҷоти кироӣ намешавад.

Масалан, ту, ҷавон ҳам бошӣ, аҷоиб салобате дорӣ. Ва, ҳангоме ки шўру шавқат ғалаён кард... хуб, хуб, хап кардам. Худат ба як қарор биё.

Ранги Офтоб зебоӣ. шаҳбоз. Бибўс маро, бибўс барои заҳматҳои имшабаам. Бўсиданам намехоҳӣ?

ФРЕД (тунду дағалона мебўсаду ҳамоно аз худ дураш мекунад).

Шайтон!

ЛИЗЗИ. Чӣ?

ФРЕД. Шайтон.

ЛИЗЗИ. Боз ба китоби муқаддас руҷўъ кардӣ? Чӣ шуд ба ту?

ФРЕД. Ҳеҷ чиз. Шўхӣ кардам.

ЛИЗЗИ. Шўхиҳои аҷиб доштаӣ. (Сукут.) Қонеъ ҳастӣ?

ФРЕД. Аз чӣ?

ЛИЗЗИ (табассумкунон ба ў тақлид мекунад ). «Аз чӣ?» Эҳ, нодонаки ман!

ФРЕД. Ҳа, ҳа, фаҳмидам... Қонеъам, бисёр қонеъ. Чӣ қадар қарздорам аз ту?

ЛИЗЗИ. Кӣ гуфт, ки ту қарздорӣ? Ман танҳо пурсидам, ки қонеъӣ? Метавонистӣ меҳрубононатар ҷавоб бидиҳӣ. Чӣ шуд туро? Ё аслан қонеъ нестӣ? Ҳайронам кардӣ, сахт ҳайрон.

ФРЕД. Дамата бигир.

ЛИЗЗИ. Тамоми шаб сахт оғўшам кардӣ! Ҳамин хел сахт! Баъд оҳистаяк гуфтӣ, ки дўстам медорӣ.

ФРЕД. Ту маст будӣ.

ЛИЗЗИ. Не, ҳушёр будам.

ФРЕД. Маст будӣ.

ЛИЗЗИ. Ҳушёр будам.

ФРЕД. Пас ман маст будам. Чизе дар ёдам нест.

ЛИЗЗИ. Аламовар. Ман аз ванна урён баромадам, ту маро дида, дар ҷоят шах шудӣ. Дар ёдат нест? Ҳатто гуфтамат, ки одатам ҳамин аст. Ёдат нест, ки чароғро хомўш карда, дар торикӣ дўстдориам кардӣ? Ман гуфтам, ки ана ин корат – хуб. Ёд надорӣ?

ФРЕД. Не.

ЛИЗЗИ. Баъд худро ду навзоде тасаввур кардем, ки дар як гаҳвора хобанд. Ақаллан ҳаминро ёд дорӣ?

ФРЕД. Гуфтам, ки хап кун. Кори шаб дигар асту кори рўз дигар.

пешина
аз 9
навбатӣ