СИЁҲ ВА САФЕД

Воқеа дар як шаҳраки яке аз штатҳои ҷанубии Амрико рух додааст.
Зеҳн · 28 ноябри 2024 · 9 саҳифа
ЛИЗЗИ (бо ситеза). Барои ман кори шабро ба ёд овардан хуш бошад-чӣ? Медонӣ-чӣ, ман хуб хандидам.
ФРЕД. Ҳа-а, ҳоло хандидӣ! (Назди зан омада, меҳрубонона китфонашро мемолад ва якбора гулўяшро мефишорад.) Ҳар вақте гумон мекунед, ки мардеро ба дом афкандаед, механдед шумо. (Сукут.) Ман бошам, кайҳо фаромўш кардаам имшаби туро, тамоман фаромўш кардаам. Як дискотекаро ёд дораму халос. Боқиашро фақат ту ёд дорӣ, як ту. (Гулўяшро мефишорад.)
ЛИЗЗИ. Чӣ кор мекунӣ ту?
ФРЕД. Бўғиат мекунам.
ЛИЗЗИ. Гулўям дард кард.
ФРЕД. Каме сахттар мефушурдам, дигар касе ёд намеовард, ки имшаб чӣ воқеа шуда буд. (Лиззиро раҳо мекунад.) Чӣ қадар мехоҳӣ?
ЛИЗЗИ. Ҳамаашро ки фаромўш карда бошӣ, ман бад кор кардаам. Барои кори бесифат пул додан чӣ лозим?
ФРЕД. Нағма накун. Бигў, чӣ қадар?
ЛИЗЗИ. Ман ба ин ҷо парер омадам. Ту аввалин меҳмонам ҳастӣ.
Ва ман худамро ба меҳмони аввалин бепул мебахшам, чунки ин барор меорад.
ФРЕД. Ба садақаи ту ниёз надорам. (Даҳдоллараеро рўи миз мемонад.)
ЛИЗЗИ. Маро ҳам ба коғазакҳои ту эҳтиёҷ нест. Лекин аҷиб аст, ки чанд нархам мондаӣ. Ҳозир фол мебинем. (Коғазро гирифта, чашмонашро мепўшад.) Чил доллар? Не, ин аз ҳад зиёд, сониян, чил доллар ду коғаз мебуд. Бист доллар? Боз ҳам не. Пас – беш аз чил доллар? Панҷоҳ? Сад? (Ҳама ин муддат Фред ба ў нигариста, ноаён ба ҳолаш механдад). Хайр, майлаш, чашмонамро мекушоям. (Ба коғазак менигарад.) Хато накарда бошӣ?
ФРЕД. Не.
ЛИЗЗИ. Медонӣ, чӣ қадар додаӣ?
ФРЕД. Медонам.
ЛИЗЗИ. Дар кисаи худат бизан инро! (Фред эътироз мекунад.) Даҳ доллар-а! Даҳ доллар! Туф мекунанд ман барин духтарон дар даҳ доллари ту! Ин поҳоро дидӣ? (Пойҳояшро нишон медиҳад.) Ин синаҳоро чӣ? Дар куҷо дидаӣ, ки барои даҳ доллар чунин синаҳоро пешкашат кунанд? Ҳоло ки тамоман ҷинӣ нашудаам, бигир даҳ долларатрову аробаатро бикаш! Даҳ доллар-а! Тамоми шаб «ҷаноби беном» саропоямро бўсаборон кард. Ҳама меҳрубонӣ кам буд барояш! Ҳатто хоҳиш кард, ки бачагиамро нақлаш кунам. Саҳар бошад, бехуд бедор шуд «ҷаноби беном». Боз ситеза мекунад, гўё пули як моҳ пешро дода бошад! Ва ҳамаи ин барои чанд пул? Чил не, сӣ не, бист ҳам не! Барои даҳ доллар!
ФРЕД. Барои чунин харигарӣ ҳамин ҳам зиёд.
ЛИЗЗИ. Худат хар! Аз куҷо пайдо шудӣ, нархар? Очаат ягон думбаҷунбони кўчагӣ будааст, ки эҳтироми занро ёдат надодааст!
ФРЕД. Даматро мегирӣ?
ЛИЗЗИ. Ҳа, ҳа думбаҷунбони ашаддӣ!
ФРЕД (бо ғазаб). Гўш кун, лухтакча: дар ҷоҳои мо, агар нахоҳанд, ки бўғиашон кунанд, бо мард дар бораи модараш гап намезананд.
ЛИЗЗИ (ба ҳуҷум гузашта). Ку бўғиам кун! Мард бошӣ, бўғиам кун!
ФРЕД (ақибнишинӣ мекунад). Ором шав! (Лиззи зарферо аз рўи миз бардошта, Фредро заданӣ мешавад). Ана, ин даҳ доллари дигарро ҳам бигиру хап кун, ки боз паси панҷараро макон накунӣ.
ЛИЗЗИ. Ҳамин ту ба паси панҷараам мешинонӣ?
ФРЕД. Ана, ҳамин ман.
ЛИЗЗИ. Ту?
ФРЕД. Бале, ман.
ЛИЗЗИ. Аҷиб.
ФРЕД. Ман писари Кларкам.
ЛИЗЗИ. Кларкаш кист?
ФРЕД. Сенатор.
ЛИЗЗИ. Рост? Пас ман духтари президентам.
ФРЕД. Ту сурати Кларкро дар рўзномаҳо надидаӣ?
ЛИЗЗИ. Дида бошам, чӣ?
ФРЕД. Ана, ў. (Аксеро нишон медиҳад.) Дар паҳлўяш – ман, дасташро ба китфам мондааст.
ЛИЗЗИ (худ ба худ ором мешавад). Ина бин-а! Чӣ падари базеб доштаӣ! Ку, як бори дигар бинам!
ФРЕД (аксро аз дасти ў гирифта). Бас акнун, бас.
ЛИЗЗИ. Чӣ хел базеб! Чеҳрааш як нуронӣ, ки... Суханаш, мегўянд, асал барин, рост? (Фред ҷавоб намедиҳад.) Ин боғатон аст?
ФРЕД. Ҳа.
ЛИЗЗИ. Чӣ хел калон! Духтаракони дар мулоимкурсиҳо нишаста
– хоҳаронат? (Фред ҷавоб намедиҳад.) Хонаатон дар баландист?
ФРЕД. Ҳа.
ЛИЗЗИ. Аз тирезаатон ҳамаи шаҳр менамояд?
ФРЕД. Ҳа.
ЛИЗЗИ. Ба наҳор ё пешинхўрӣ бо садои зангўла даъвататон мекунанд?
ФРЕД. Бо садои гонг.
ЛИЗЗИ (мафтунона). Ҳеҷ туро намефаҳмам. Агар ман чунин оила медоштам, ҳаргиз шабамро дар куҷое, ки рост омад, рўз намекардам.
Аз сарам тилло бирезанд ҳам. (Сукут.) Барои модарат... узр мехоҳам.
Оташин шудам камтар. Ў ҳам дар ин сурат ҳаст?
ФРЕД. Гуфтам, ки дар бораи модарам гап назан!
ЛИЗЗИ. Хуб, хуб! (Сукут.) Як савол мумкин? (Фред ҷавоб намедиҳад.) (Оҳ мекашад.) Чӣ илоҷ, «шаҳри якчашмаҳо рафтӣ, якчашма шав» мегўянд, бояд ба нозу нузи шумо одат кунам. (Хомўшӣ.)
ФРЕД (дар назди оина сар шона мекунад). Дар Шимол зиста будӣ?
ЛИЗЗИ. Ҳа.
ФРЕД. Дар Ню-Йорк?
ЛИЗЗИ. Ҳа.
ФРЕД. Ҳозиракак дар бораи Ню-Йорк гап задӣ.
ЛИЗЗИ. Хайр-чӣ? Ҳар кас метавонад дар бораи Ню-Йорк гап бизанад.
ФРЕД. Барои чӣ аз он ҷо рафтӣ?
ЛИЗЗИ. Ба дилам зад.
ФРЕД. Нохушие рўй дод?
ЛИЗЗИ. Оре. Обу гили маро аз нохушиҳо сириштаанд. Ҳастанд касоне, ки қисматашон ҳамин аст. Ана, ин морро бин. (Ба дастмонааш ишора мекунад.) Хосияти бад дорад мор.
ФРЕД. Пас чаро аз дастат намегирӣ?
ЛИЗЗИ. Акнун гирифтан фонда надорад. Мегўянд, ки морҳо бисёр қасдгиранд.
ФРЕД. Ҳабаш таҷозуват кардан мехост?
ЛИЗЗИ. Чӣ?
ФРЕД. Парер ту омадӣ, охир, бо поезди соати шаш?
ЛИЗЗИ. Ҳа.
ФРЕД. Пас туро…

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё