Зеҳн
СИЁҲ ВА САФЕД

Воқеа дар як шаҳраки яке аз штатҳои ҷанубии Амрико рух додааст.

Зеҳн · 28 ноябри 2024 · 9 саҳифа

Санъат
Аз аввал хондан

ЛИЗЗИ. Ягон кас маро таҷовуз-паҷовуз кардан намехост.

(Заҳрханда мекунад.) Ту чӣ гуфтанатро мефаҳмӣ? Маро таҷовуз кардан мехостааст?

ФРЕД. Туро, маҳз туро. Дина дар дискотека Вебстер ба ман ҳамаашро нақл кард.

ЛИЗЗИ. Вебстер? (Сукут.) Акнун фаҳмо...

ФРЕД. Чӣ фаҳмо?

ЛИЗЗИ. Аловаки чашмони ту. Баъди нақли ў ба шикор баромадӣ, ҳа? Палид... Аз ҳамин хел падари бамаънӣ...

ФРЕД. Аблаҳ! (Сукут.) Агар ман фикр мекардам, ки ту бо ҳабаш ҳамхоба шудаӣ...

ЛИЗЗИ. Чӣ мешуд?

ФРЕД. Ман панҷ хизматгор дорам ва ҳамаашон ҳабашанд. Вақте ки ягон нафарашон назди телефон мехонадам, пеш аз он ки гўшакро ба ман диҳад, нағзакак тоза мекунад.

ЛИЗЗИ (ҳуштак мекашад). Мефаҳмам.

ФРЕД (дуздона назар карда). Дар ҷоҳои мо ҳабашҳо ва занони сафедпўстеро ҳам, ки бо онҳо алоқа доранд, чандон нағз намебинанд.

ЛИЗЗИ. Хайр, бас. Ман муқобили ҳабашҳо нестам, вале майл ҳам надорам ба онҳо.

ФРЕД. Кӣ медонад. Ту – шаӣтонӣ. Ҳабаш ҳам. (Дағалона.) Бигў, вай туро таҷовуз кардан мехост?

ЛИЗЗИ. Кори ту чӣ?

ФРЕД. Он ду нафар ба купе даромаданду ба ту дарафтоданд. Ту имдодталабона фарёд кардӣ. Сафедпўстон ба додат расиданд. Яке аз ҳабашҳо сўят теғ кашид. Ва сафедпўсте ўро сари як тир кард. Ҳабаши дуюм гурехт.

ЛИЗЗИ. Ин ҳамаро ба ту Вебстер гуфт?

ФРЕД. Ҳа.

ЛИЗЗИ. Ў аз куҷо медонад?

ФРЕД. Тамоми шаҳр дар ин бора гап мезанад.

ЛИЗЗИ. Тамоми шаҳр. Сари сахти ман. Аз афташ, шумо дигар кор надоред.

ФРЕД. Воқеа ҳамон хеле буд, ки ба ман гуфтаанд?

ЛИЗЗИ. Не. Тамоман не. Ҳабашҳо оромона бо ҳам сўҳбат доштанд. Ба ман нигоҳ ҳам намекарданд. Ногоҳ чор сафедпўст даромаданд ва ҳамоно ду нафараш ба ман расидан гирифтанд.

Қиморро бурдаву мурданак нўшида буданд онҳо, мегуфтанд, ки купе бўи ҳабаш мекунад, ин сиёҳонро аз тиреза партофтан даркор.

Ҳабашҳо ба ҳар восита худро ҳимоя мекарданд. Дар он гирудор сафеде баногоҳ мушти обдоре хўрд ва ҳамоно тапончаашро бароварда он ҳабашро парронд. Ин вақт поезд ба манзил расида буд ва ҳабаши дигар, худро аз тиреза партофта, халос хўрд. Ҳамааш, ана, ҳамин.

ФРЕД. Ўро дар ин ҷоҳо мешиносанд. Дер интизор намешавад, имрўз-пагоҳ ҷазояшро мегирад... (Сукут.) Агар судя даъватат кунад, ба ў ҳам воқеаро ҳамин хел нақл мекунӣ?

ЛИЗЗИ. Кори ту чӣ?

ФРЕД. Бигў.

ЛИЗЗИ. Ман пеши судя-пудя намеравам. Аз судбозӣ чун аз аҷал метарсам.

ФРЕД. Чунон меравӣ, ки…

ЛИЗЗИ. Намеравам. Бо полис сари кор доштан намехоҳам.

ФРЕД. Омада мебарандат.

ЛИЗЗИ. Он гоҳ чизеро, ки дидам, нақл мекунам. (Сукут.)

ФРЕД. Ту мефаҳмӣ, ки чӣ кор мекунӣ, лухтакча?

ЛИЗЗИ. Чӣ кор мекунам?

ФРЕД. Муқобили сафедпўст, ба фоидаи ҳабаше шоҳидӣ медиҳӣ.

ЛИЗЗИ. Сафедпўст айбдор аст, охир.

ФРЕД. Айбе надорад ў.

ЛИЗЗИ. Одам, ки куштааст, айбдор аст.

ФРЕД. Айбаш чист?

ЛИЗЗИ. Одам куштааст.

ФРЕД. Ҳабашро куштааст ў.

ЛИЗЗИ. Ҳа, ҳабашро.

ФРЕД. Агар ҳар нафареро, ки ҳабашеро куштааст, ба одамкушӣ айбдор кунанд...

ЛИЗЗИ. Ҳуқуқ надошт ў.

ФРЕД. Чӣ хел ҳуқуқ?

ЛИЗЗИ. Ҳуқуқи куштан.

ФРЕД. Ин хел қонунҳо дар Шимоли шумост. (Сукут.) Айбдор аст, айбдор нест, ту набояд ҳамнажодатро ба маҳкама бикашӣ.

ЛИЗЗИ. Ҳаргиз намехоҳам, ки касеро суд кунанд. Лекин, агар бипурсандам, чизеро мегўям, ки дидаам. (Сукут.)

ФРЕД (таҳдидомез назди ў меояд). Пас ту ҷонибдори сиёҳонӣ? Чӣ буд байни туву он ҳабаш? Барои чӣ ўро ҳимоя мекунӣ?

ЛИЗЗИ. Ман ўро ҳатто намешиносам.

ФРЕД. Пас чӣ гап аст ин?

ЛИЗЗИ. Бояд ҳақиқатро бигўям.

ФРЕД. Ҳақиқатро?! Қанчиқаки кўчагарде, ки даҳ доллар арзиш дорад, ҳақиқатро мегўяд! Вой ба ҳоли он ҳақиқат! Сафедон ҳастанду сиёҳон, ҳақиқати дигар нест. Ҳабдаҳ ҳазор сафеду бист ҳазор сиёҳ. Ин ҷо Ню-Йорк нест. Ин ҷо масхарабозӣ ба кор намеравад. (Сукут.)

Томас амакбачаи ман аст.

ЛИЗЗИ. Кадом Томас?

ФРЕД. Ҳамоне, ки ҳабашро парронд.

ЛИЗЗИ (моту мабҳут). Ана, гап дар куҷо...

ФРЕД. Одами хуб аст ў. Ту хубу бадро фарқ намекунӣ, лекин бидон, ки Томас одами хуб аст.

ЛИЗЗИ. Чунон хуб, ки бешармона дастдарозӣ кардаву қариб банди эзорамро канда буд. Аз ин хубтар намешавад одам! Туву ў беҳуда аз як рагу реша набудаед.

ФРЕД (даст мебардорад). Ҳайвон! (Худро медорад.) Ту шайтонӣ ва ҳама балоҳо аз шайтон аст. Аҷаб коре карда будааст – эзори як кўчагардро кашидаву ҳабашеро паррондааст! Кӣ парвои ин дорад?

Томас лидери ҳақиқист, ана, инро фикр кардан даркор!

ЛИЗЗИ. Шояд. Лекин ҳабаш ягон гуноҳ надошт.

ФРЕД. Ҳабаш ҳамеша айбдор аст.

ЛИЗЗИ. Ман ҳаргиз касеро ба чанголи сагони бўгир тела намедиҳам.

ФРЕД. Бидон, ки агар ҳабашро ҳимоя кунӣ, Томасро мефурўшӣ.

Маҷбурӣ, аз ду якеро бифурўшӣ. Интихоб кун.

ЛИЗЗИ. Чӣ балое буд, ки гирифтор шудам! (Ба тасвири мори дастмонааш муроҷиат мекунад) Ҳамааш айби туст, касиф! Ғайри касофат чизе наовардӣ! (Дастмонаро ба фарш мепартояд.)

ФРЕД. Чӣ қадар мехоҳӣ?

ЛИЗЗИ. Ҳеҷ чиз.

ФРЕД. Панҷсад доллар кофист?

ЛИЗЗИ. Ягон сент намехоҳам.

пешина
аз 9
навбатӣ