СИЁҲ ВА САФЕД

Воқеа дар як шаҳраки яке аз штатҳои ҷанубии Амрико рух додааст.
Зеҳн · 28 ноябри 2024 · 9 саҳифа
ФРЕД. Барои панҷсад доллар бояд чӣ қадар заҳмат бикашӣ!
ЛИЗЗИ. Албатта, агар корам ба ту барин зихнаҳо биафтад.
(Сукут.) Ана, барои чӣ даркор будааст ин бозии ошиқона!
ФРЕД. Набошад-чӣ!
ЛИЗЗИ. Танҳо барои ҳамин. Фикр кардӣ, ки ин ҳамон духтарак аст, биё, то хонааш бигуселонаму савдо кунам. Ана, барои чӣ омадӣ ту, мулоимхунук! Дастонамро сард-сард палмосида дар фикри он будӣ, ки чӣ хел фиребам бидиҳӣ (Сукут.) Иқрор шав, бачаҳак!.. Агар барои ин кораки ифлосат омада будӣ, чаро то саҳар истодӣ? Ҳа? Барои чӣ шабро бо ман рўз кардӣ? Барои чӣ?
ФРЕД. Кӣ медонад, барои чӣ...
ЛИЗЗИ (Гирён ба курсӣ мешинад). Нокас! Палид! Разил!
ФРЕД. Панҷсад доллар медиҳам, панҷсад доллар! Бигиру фиқ-фиқата мон. Панҷсад доллар-а, Лиззи! Беақлӣ накун! Панҷсад доллар!
ЛИЗЗИ (ашк гулўгираш мекунад). Беақлам ман, фаҳмидӣ, беақл! На долларҳоятро мегираму на дурўғ мегўям! Беҳтараш ба Ню-Йорк бармегардам! Меравам аз ин ҷо, меравам! (Занги дар. Лиззи ҳамоно хомўш мешавад. Занги дар такрор меёбад.) (Оҳиста) Кӣ бошад? Хомўш!
(Занги бардавом.) Намекушоям. Ту аз ҷоят наҷунб. (Дарро мекўбанд.)
Садо аз паси дар: «Кушоед! Полис!» (Бо нимовоз) Бўгирҳо. Дилам гувоҳӣ медод, ки оқибати кор ҳамин мешавад. (Ба дастмонаи фарш.) Ҳамааш касофати туст. (Хам шуда, онро мебардораду ба дасташ мекунад.) Ба дастам кунам, ки боз батар нашавад. (Ба Фред.) Пинҳон шав! Дарро мекўбанд. Садо аз паси дар: «Полис».
ЛИЗЗИ. Чӣ истодаӣ? Бирав ба ванна. (Фред аз ҷо намеҷунбад.) (Бо тамоми қувва телааш медиҳад) Бирав, бирав! Садо аз паси дар: «Фред, ту дар ҳамин ҷоӣ? Дар ҳамин ҷоӣ ту, Фред?»
ФРЕД. Дар ҳамин ҷо. (Лиззиро як тараф тела медиҳад.)
ЛИЗЗИ. (моту мабҳут) Ана, асли гап чист. (Фред сўи дар меравад.
Ҷеймсу Ҷон медароянд.)
Саҳнаи сеюм
Ҳамонҳо ва Ҷону Ҷеймс. Дари даромад кушода мемонад.
ҶОН. Мо - аз полис. Лиззи Мак-Кей туӣ?
ЛИЗЗИ (гўё ўро нашунида бошад, аз Фред чашм намеканад). Ана, ту барои чӣ ин ҷоӣ!
ҶОН (китфи ўро такон дода). Вақте ки мепурсандат, ҷавоб бидеҳ.
ЛИЗЗИ. Чӣ? Ҳа, манам Лиззи.
ҶОН. Ҳуҷҷатҳоят!
ЛИЗЗИ (худро ба даст гирифта, дурушт). Ба истинтоқи ман чӣ ҳақ доред шумо? Барои чӣ ба хонаи ман омадед? (Ҷон ба нишони сари синааш ишора мекунад.) Ҳар кас ҳам метавонад ин оҳанакро ба сари сина бизанад. Шумо ҳамтабақони ана ин ҷанобед ва барои фирефтани ман маслиҳат кардаед.
ҶОН (ҳуҷҷати полисиро нишонаш медиҳад). Ана, ин ҳуҷҷатро мешиносӣ?
ЛИЗЗИ (ба Ҷеймс ишора карда). Ин кист?
ҶОН (ба Ҷеймс). Дафтарчаатро нишонаш бидеҳ.
Ҷеймс ҳуҷҷаташро ба Лиззи дароз мекунад. Вай онро аз назар гузаронда, назди миз меояд ва ҳуҷҷатҳояшро гирифта, хомўшона ба Ҷон медиҳад.
ҶОН (ба Фред ишора карда). Дина бегоҳӣ ту инро ба хонаат овардӣ?
Оё намедонӣ, ки қонун танфурўширо манъ кардааст?
ЛИЗЗИ. Шумо худатон намедонед, ки ба ана, ҳамин хел, бе иҷозатнома ба хонаи кас даромадан ҳуқуқ надоред? Наметарсед, ки ман эътироз намуда, айшатонро талх мекунам?
ҶОН. Барои мо шуда асабатро хароб накун. (Сукут.) Туро мепурсам: худат инро ба хонаат овардӣ?
ЛИЗЗИ (баъди омадани полисҳо хеле тағйир ёфта, дурушту содалавҳ шудааст). Бисёр гаранг накунед. Маълум, ки ман овардамаш. Лекин ман беғаразона ишқбозӣ мекунам. Тиратон хок хўрд?
ФРЕД. Дар рўи миз ду коғази даҳдоллара ҳаст. Аз мананд онҳо.
ЛИЗЗИ. Исбот кун.
ФРЕД (сўи ў нанигариста, ба полисҳо). Онҳоро дина пагоҳӣ ҳамроҳи бистуҳашт коғази дигари ҳамин серия аз бонк гирифта будам.
Бихоҳед, рақамҳояшонро муқоиса кунед.
ЛИЗЗИ (оташин). Ман онҳоро рад кардам. Пулҳои ҳаромашро рад кардам. Атояшро ба лиқояш бахшидам.
ҶОН. Чӣ хел рад кардаӣ, ки дар рўи мизанд?
ЛИЗЗИ (баъди лаҳзае хомўшӣ). Хайр, ба доматон афтодам. (Худро гум карда, ба Фред менигарад, овозаш меҳромез садо медиҳад). Ана, ҷони гап дар куҷо. (Ба полисҳо) Чӣ мехоҳед шумо аз ман?
ҶОН. Бишин. (Ба Фред.) Огоҳаш кардӣ? (Фред ба аломати тасдиқ сар меҷунбонад.) Гуфтандат – бишин. (Ба мулоимкурсӣ телааш медиҳад.)
Агар ана, ин нишондодро имзо бикунӣ, судя Томасро ҷавоб медиҳад.
Нишондод тайёр аст, фақат бояд имзош бикунӣ. Пагоҳ аз рўи қонун, чӣ хеле ки даркор аст, мепурсандат. Хонда метавонӣ? (Лиззи китф дарҳам мекашад.) (Коғазро дароз мекунад.) Бихону имзо бикун.
ЛИЗЗИ (коғазро хонда). Ҳамааш дурўғ, саропо дурўғ.
ҶОН. Шояд... Хайр, чӣ кор мекунем?
ЛИЗЗИ. Ман имзо намекунам.
ФРЕД. Ба мошин бораш кун. (Ба Лиззи) Якуним сол мегирӣ, медонӣ?
ЛИЗЗИ. Медонам, лекин, аз он ҷо баромадам, пўстат мекунам.
ФРЕД. Хобата ба об гў. (Ба ҳамдигар менигаранд) Як ба Ню-Йорк хам занг мезадед, мешуд – бо полиси он ҷо ҳам ҳисобукитоб доштааст.
ЛИЗЗИ (мутаҳаййирона). Чӣ хел мурдор будаӣ ту, занакбашара!
Ҳеҷ боварам намеояд, ки мард ба чунин палидӣ қодир аст
ҶОН. Интихоб кун – ё даст мемонӣ ё барои фоҳишагӣ ба ҳабсхона меравӣ.
ЛИЗЗИ. Ҳабсхона беҳтар. Дурўғ гуфтан намехоҳам.
ФРЕД. Дурўғ гуфтан намехоҳӣ-ҳа, ҷалаб! Набошад, шабҳои дароз чӣ мегўӣ? Ана, ҳамин шаб, маро ҷону ҷигари худ гуфтанат магар дурўғ набуд? Барои он ки беҳад маъқулат буданамро исбот бикунӣ, аз шавқу шаҳват то саҳар оҳу воҳ карданат чӣ буд, дурўғ набуд?
ЛИЗЗИ (бо ситеза). Қонеъат кард он ҳама? Маъқулат шуд? Пас дурўғ набуд.
Ба чашми ҳам менигаранд. Фред нигоҳашро мегурезонад.
ҶОН. Бас акнун. Ана, қалам. Бигир, имзо кун.
ЛИЗЗИ. Ба худат насиб кунад қаламат.
Хомўшӣ. Аён аст, ки ҳарсе худро гум кардаанд.
ФРЕД. Ана, ба куҷо расидем! Тақдири беҳтарин инсони шаҳр ба нозу нузи як духтари кўчагӣ вобаста шудааст-е! (Дар хона қадам зада, ногоҳ дар назди Лиззи меистад.) Нигоҳ кун. (Суратеро нишонаш медиҳад.)
Дар тамоми умри сагонаат ба ў монанд инсонеро дидаӣ? Пешониро бубин, манаҳро бубин. Ба мундираш зеҳн мон, медалҳояшро тамошо кун. Не-е, нигоҳатро нагурезон. Нағзакак нигоҳ кун: қурбонии ту аст ў, охир. Бубин, чӣ хел ҷавон аст ў, зебо аст ў, чӣ ғуруре дорад нигоҳаш!
Даҳ сол баъд аз маҳбас мўрехтаву бедандону пири фартут шуда мебарояд ў. Хурсанд шав, аз рўи виҷдон кор кардӣ. То ҳол ба ғорати одамон машғул будию кисаҳояшонро холӣ мекардӣ, акнун шуғли мувофиқтар ёфтӣ – зиндагиҳоро ба яғмо мебарию умрҳоро ғорат мекунӣ. Ин яке аз беҳтарин ҷавонони шаҳри мост. Ту то мағзи устухонҳоят ба фисқу фуҷур ғўтидаӣ. (Ўро ба зону меафканад.) Ба зону бизан, ҷалаб! Назди акси касе, ки шармандааш карданиӣ, ба зону бизан!
Дар даромадгоҳ Кларк пайдо мешавад.
Саҳнаи чорум
Ҳамонҳо ва сенатор Кларк.
СЕНАТОР КЛАРК. Сараш бидеҳ. (Ба Лиззи.) Бихезед.
ФРЕД. Салом.
ҶОН. Салом.
СЕНАТОР. Салом. Салом.
ҶОН (ба Лиззи). Ин кас – сенатор Кларк.
СЕНАТОР (ба Лиззи). Салом.
ЛИЗЗИ. Салом.
СЕНАТОР. Хайр, муаррифиамон ҳам карданд. (Ба Лиззи менигарад.) Яъне, ин – ҳамон духтар. Бисёр ситорагарм будааст.
ФРЕД. Имзо кардан намехоҳад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё