ҲУНАРМАНДОНИ ДЕҲАИ ВОРЎ

Фарҳанги мардумии деҳаи Ворӯ бо хусусиятҳои махсуси маҳаллии худ ва ҳам наздикии ҷуғрофӣ бо шаҳри қадимаи Саразми аҳди энеолит ва асри биринҷӣ бештар таваҷҷуҳи мардумшиносонро ҷалб намуд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 50 саҳифа
Маҷмуаи мазкур дар асоси маводҳои тадқиқоти саҳроӣ, экспедитсияи мардумшиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ифтихори 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ дар деҳоти Болооби Зарафшон, аз ҷумла деҳаи Ворў, ки моҳи октябри соли 2019 баргузор гардида буд, мураттаб гардидааст.
Фарҳанги мардумии деҳаи Ворӯ бо хусусиятҳои махсуси маҳаллии худ ва ҳам наздикии ҷуғрофӣ бо шаҳри қадимаи Саразми аҳди энеолит ва асри биринҷӣ бештар таваҷҷуҳи мардумшиносонро ҷалб намуд. Воқеан экспедитсия нишон дод, ки дар ин маҳали дурдасти аҳалонишин то имрўз осори зиёди ҳунармандӣ боқӣ мондаанд, ки бештари онҳо решаи хеле қадимаи пайдоиш доранд. Дар бархе аз ҳунарҳои мардумӣ унсурҳои гуногуни ороиш ва коркарди шабеҳ ба осори ҳунари саразмиён то имрўз боқӣ мондааст.
ПЕШГУФТОР
Рисолаи мазкур дар заминаи маводҳои саҳроии ҷамъовардаи гурўҳи мардумшиносони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ифтихори 5500- солагии шаҳри Саразми бостонӣ дар қаламрави Болооби Зарафшон, аз ҷумла Саразм ва атрофи он ҳангоми экспедитсияи саҳроӣ моҳи октябри соли 2019 омода гардидааст.
Ҳафриёти бостоншиносии ёдгории бостонии аҳди энеолит ва ибтидои асри биринҷии Саразм нишон дод, ки минтақаи Болооби Зарафшон дорои таърихи басо қадима буда, саразмиён дар саргаҳи тамаддуни минтақа меистанд.
5500 сол муқаддам дар ин мавзеъ ҳунари волои шаҳрсозию шаҳрдорӣ, ҳунармандӣ ва фарҳанги пешрафтаи кишоварзӣ рушд намудааст. Бозёфтҳои бостоншиносӣ, ки аз масолеҳи гуногун ба мисли сангҳои қиматбаҳову сафол, чўбу устухон, мису биринҷ, шиша, тилло бо нақшу нигорҳою унсурҳои гуногуни геометрӣ сохта шуда, хумдонҳои гуногуншаклу гуногунҳаҷми сафолпазӣ, тарҳи маъбаду хонаҳои аз лиҳози ҳандасавӣ амиқ доир ба нақш ва мавқеи сокинони ин шаҳр дар аҳди бостон шаҳодат медиҳанд. Бо мақсади муайян намудани таъсири ҳунару ҳунармандии саразмиён ба таърихи баъдинаи минтақа ва дарёфти осори он дар ҳунари мардумии ин обрав тасмим гирифта шуд, ки бори дигар як экспедитсияи мардумшиносӣ ташкил карда шавад. Тибқи нақша мардумшиносон экспедитсияро бояд аз деҳоти атрофи Саразм шуруъ намуда, аз рустоҳои дигари ноҳияи Панҷакент, ба вижа деҳоти дурдаст, ки аксариати онҳо то имрўз номи суғдии худро нигоҳ доштаанд, дидан менамуданд ва доир ба ҳунару ҳунармандӣ ва созандагони чирадасти он маълумот ҷамъоварӣ мекарданд.
Экспедитсия моҳи октябри соли 2019 бо роҳбарии мудири Шӯъбаи мардумшиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониш, д.и.т.
Л.Н.Додхудоева дар ҳайати мудири Осорхонаи мардумшиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониш Т.Қ.Ашурмадова, мардумшиносон н.и.т., З. Юсуфбекова, н.и.т. М.
Шовалиева ва ходими илмӣ М. Маҳмудова аз паи иҷрои вазифаҳои дар пеш гузошта гардид. Бо мақсади сарфаи вақт ва бештар ба даст овардани маълумоти этнографӣ экспедитсия ба гуруҳҳо тақсим гардид. Аз ҷумла, як гурўҳ дар ҳайати Л.Н.Додхудоева ва Т.Қ. Ашурмадова бо ҷалби намояндагону мутахассисони маҳаллӣ аз деҳоти болооби Киштўд, аниқтараш ҷамоати деҳоти Ворў дидан намуданд.
Дар ин дара деҳоти Пағна, Порвен, Вен, Ғуйтан, Зимтўд, Ғазза, Ғазнич, Хумори Гунг, Сармад ва Ворў ҷойгиранд.
Аз номҳои деҳаҳо бар меояд, ки онҳо дорои таърихи куҳан буда, бисёр аз осори замони гузаштаро дар худ маҳфуз медоранд. Махсусан, деҳаи Ворў, ки дар саргаҳи дара ҷой гирифтааст, барои мардумшиносон маводи фаровонеро пешкаш намуд. Аъзоёни экспедитсия муайян намуданд, ки мутаассифона фарҳанги ҳунарии ин деҳа то имрўз ба таври мукаммал омӯхта нашудааст. Аз ин рў, яке аз вазифаҳои асосии Экспедитсияи этнографӣ ғанӣ намудани пойгоҳи мавҷудаи маводҳои мардумшиносӣ доир ба таърих ва этнографияи минтақа ва, аз ҷумла деҳаи мазкур буд.
Албатта, пажуҳишгарон дар рафти экспедитсияи саҳроӣ пеш аз ҳама ба маводҳои то ин вақт ҷамъоварда, ҳуҷҷатҳои бойгонии этнографии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АМИТ, адабиёти илмӣ, хотираву ёддошти сайёҳони дохилию хориҷӣ такя намуда, тавонистанд бо дарёфти паҳлуҳои нав ва намунаҳои хуби ҳунарии мардумӣ маълумоти мавҷударо боз ҳам пурратар намоянд.
Албатта, маҳдудиятҳои фарқкунандаи фарҳанги мардумии деҳаи Ворӯ ва, аз тарафи дигар, аз ҷиҳати ҷуғрофӣ хеле наздик будани он бо шаҳри бостонии замони энеолиту асри биринҷии Саразм ба ҳадафҳои аъзоёни экспедитсия бо умеди дарёфти маводҳои асил ва ё монанд ба фарҳанги Саразм, ё имконияти мушоҳидаи идомаи ин фарҳанги пешрафта дар доираи як маҳалли хурд тағйроти ҷиддӣ низ ворид намуд.
Ба замми он, имрўз маҳз бо чунин мушоҳидаҳо метавон симои этнофарҳангии деҳоти муосири кишварро ба шакли комилтар тасвир намуд. Бо ин мақсад, тасмим гирифта шуд, ки як навъ таҳлили муқоисавии ёдгориҳои маъруфи асри биринҷӣ ва унсурҳои он ҳамчун мероси фарҳанги маънавӣ ва моддии тоҷикон дар мисоли бозёфтҳои ҳунарии деҳаи Ворў гузаронида шавад.
Ба аъзоёни экспедитсия, баргузории он, дарёфти маводҳо, муҳайё сохтани манзили зист, ташкили вохўриҳо бо ҳунармандон, пешниҳоду маслиҳатҳои муфид мақомоти дахлдори ноҳия ва Ҷамоати деҳоти Ворў, шахсони алоҳида, пеш аз ҳама сокинони деҳа Ворў кўмаки ҳаматарафаи худро расониданд, ки роҳбарияти институт ва аъзоёни экспедитсия аз ин дастгирӣ сипосгузоранд.
Махсусан, аъзоёни экспедитсия аз омўзгори мактаби деҳа Хизбулло Атоев (с.т.1959) барои дастрас намудани маълумоти фаровон доир ба хусусиятҳои фарҳанги деҳа, тафаккури маросими этникии сокинони он ва андешаҳои ҷолиб миннатдории хешро изҳор менамоянд. Ҳамзамон, муаллифони рисола ба директори Мамнуъгоҳи бостоншиносии “Саразм-Панҷакенти қадим” Худоёрова Н., котиби Ҷамоати деҳоти Ворў Аюбов И. барои дастгирӣ дар гузаронидани тадқиқотҳои саҳроӣ ва номзади илмҳои таърих Нусратулло Собиров барои пешниҳоди матн дар бораи бозиҳои халқии деҳаи Ворӯ, ки ба шакли замима ба рисола ҳамроҳ шудааст, сипоси бепоёни хешро баён менамоянд.
Профессор Насрулло Убайдулло

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё