Зимистон омад
Зимистон асту зери пардаи ях,
Ба хоби ноз рафта ҷӯйборон.
Магар дар хоби худ хобе бубинанд,
Ба ёди рӯзҳои навбаҳорон.
Ки ҷӯе медиҳад овоз бар ҷӯй
Зи пушти парда ҳамчун роздорон.
Ба худ печанду ҷӯшанду хурӯшанд
Зи нури офтоби бомдодон…
Хаёли резаборони баҳорӣ,
Хаёли марғзорони расида.
Ба мисли кӯдаки парпечбаста,
Ҳамекӯшанд пову пар кашида.
Ки боз аз зери ях озод гарданд,
Ба истиқболи дарё роҳ ҷӯянд.
Ба гӯши сабзаву себаргаву гул,
Аз он хоби зимистон қисса гӯянд.
ЗИМИСТОН БАРОИ ЧӢ ДАРКОР АСТ?
Тобистони гунҷишкак хубу хуш гузашт. Очааш ба вай ҳар рӯз кирмаку магасаку малахак оварда медод. Ҳамин ки ишкамчааш пур мешуд, гунҷишкак нозунуз мекард.
– Ман ин малахакро намехӯрам! – мегуфт вай. – Худат бихӯр. Ин малахак сабзтоб аст. Ба ман кабудтобашро биёр!
Гунҷишк малахакро худаш хӯрда, ба ҷустуҷӯи малахаки кабудтоб мерафт. Вале гунҷишкак инашро ҳам нахӯрда, гелос мепурсид. Гелосро дида, боз эркагӣ мекард.
– Ман аз гелос безорам, – мегуфт вай. – Минқору даҳонам сурхи баднамуд мешавад. Гелосатро худат хӯру ба ман ангури сиёҳ биёр!
Ангури сиёҳро дида мегуфт:
– Ангур дона дорад. Пистаю бодом биёр!
Аммо ба пистаю бодом ҳам нӯл назада, ягон чизи дигар талаб мекард.
Ҳамин хел, тобистон рафту тирамоҳ гузашту фасли сармо расид. Барф борид, ҳаво хунук шуд. Гунҷишкак, ки ҳанӯз яксола нашуда ва ҳаргиз барфро надида буд, аввал ҳайрон монд, баъд норозӣ шуд.
– Чаро зимистон омад? Чаро барф борид? Ба ман сармо маъқул нест!
Гунҷишк ба ин саволҳо кӯтоҳакак ҷавоб дод:
– Чӯҷаи ҷон! Зимистон барои чӣ даркор аст, сонитар мефаҳмӣ!..
Ҳамон сол зимистон сард омад. Замин пайваста барфпӯш буд. Гунҷишкон баъзан дона наёфта, рӯзи дароз дар пеши тирезаи одамон бо умед менишастанд, ки дастархонашонро афшонанду нонреза хуранд.
Боре дар назди тиреза, мунтазири нонреза буданд, ки гунҷишкак гуфт:
– Очаҷон, ёд дорӣ, ту барои ман малахаку магасак дошта, гелосу ангур ёфта меовардӣ. Оҳ, чӣ қадар ширину гуворо буданд!
Гунҷишк, ки мунтазири ҳамин фурсат буд, гуфт:
– Акнун фаҳмидӣ, ки зимистон барои чӣ даркор аст? Барои он ки ба қадри рӯзҳои гарму форам ва нозу неъмати фаровон расем!
Гунҷишкак, албатта, фаҳмид, вале аз шарм иқрор нашуд.
Зимистон сафедпӯш омада давр меронад. Дашту биёбон, боғоту марғзорон, киштзорони се фасл заҳматкашида зери кӯрпаи барф фаpoғат доранд. Деҳқон ором нест, дар андешаи фардост.
ЧИСТОН
Сафеду маҳин,
Пари қу барин.
Номи дигараш –
Кӯрпаи замин.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё