Зеҳн
Оё медонед·Ахбор·29 рӯз пешСуол

Офтоб заминро гарм кунад, чӣ ҳодиса рӯй медиҳад?

Офтоб ба тамоми мавҷудоти рӯи замин – кӯҳу дашт, хок ва об гармӣ медиҳад.

Ҳаво низ баробари ин мавҷудоти зикршуда гарм мешавад. Ҳавои гарм сабуктар шуда, ба қишрҳои болоии атмосфера мебарояд ва ҳавои хунуки дар болобуда ба поён, ба ҷои ҳавои гарм мефарояд. Ин ҷойивазкунии ҳаво шамолро ба вуҷуд меорад. Дар рӯи замин ҷойивазкунии шамол доимист, зеро дар тамоми фаслҳои сол минтақаҳои гарм ва хунук мавҷуданд. Энергияи шамолро метавон барои фаъолияти осиёби бодӣ истифода бурда, неруи барқ ҳосил кард. Дар ин сурат энергияи офтоб ба неруи барқ ва ё неруи дигари механикӣ табдил мешавад.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.