Зеҳн

САРВАТ ВА УМР

АХ
Ахбор3 декабри 2024 · 3 дақиқа хондан

Шумо умри худро барои чӣ сарф мекунед?

Марди сарватманди хасис тамоми умри худро танҳо барои ҷамъ кардани сарват мешузаронд. Рӯзе нишасту ба шумурдани сарвати ҷамъшудааш машғул шуд ва дид, ки дороии ӯ 300 000 динори тилло шудааст. Акнун ба тартиб додани нақша шурӯъ кард. Гуфт, ки ман аз ин моли андӯхтаам не, балки аз хӯрдану нӯшидан ва бозӣ кардан бо сарвати ҷамъшуда ҳаловат мебарам. Дар ин лаҳза фариштаи марг дар пешаш пайдо шуд.

- Ту кӣ?

- Ман фариштаи марг ҳастам.

- Чаро омадӣ?

- Барои ҷони туро гирифтан!

-Не, не, ман ҳанўз аз зиндагӣ сер нашудаам, ин қадар кор кардам, акнун кай лаззат мебинам, агар ҷонамро гирӣ?

— Рӯз гузашт, дер карда наметавонам, супоришро иҷро карданам лозим.

Бой ҷиддияти масъаларо, ки фаҳмид ба ҳиллае даст зад:

- Се рӯз мӯҳлат диҳ, пуламро тақсим кунам ва се рӯз хуб зиндагӣ кунам. Ман ба ту 50 ҳазор динор медиҳам.

- Не, ба ман сарват умуман даркор нест, ман танҳо ҷони туро мехоҳам.

- Ду рӯз мӯҳлат деҳ, нисфи сарватамро ба ту медиҳам,- боз ҳамон хел ҷавоб дод фариштаи марг.

- Тамоми сарватамро бигир, ба ман як рӯз мӯҳлат деҳ, — илтиҷо кард ӯ.

- Не! — бо қатъият гуфт фаришта.

Пас ба ман вақт диҳ, ки ду калима нависам, - гуфт ӯ. Фаришта ба ин розӣ шуд.

Марди хасис маҷбур шуд, ки бо хунаш ба девор нависад: "Эй бандае, ки умри худро дар пайи сарват беҳуда сарф кардааст! Зиндагӣ ва вақти худро қадр кунед, фаҳмидам, ки ҳар қадар сарват дошта бошад ҳам, инсон вақтро харида наметавонистааст, пас аз таҳти дил зиндагӣ кунед. Як рўзро ба 300 ҳазор динор харида натавонистам, вақти қимататонро ба ҷамъоварии моли беарзиш сарф накунед!»

МЕҲРУБОН БОШЕМ!

Касе, ки вақти худро боманфиат истифода бурда наметавонад, маҳз ӯ аз норасоии вақт шикоят мекунад. Ӯ рӯзҳоро дар хӯрдану пӯшидан, хоб, беҳудагӯиву беҳудагардӣ, афсонабофиҳо ва ё умуман бекорхӯҷагӣ сарф карда, вақтро мекушад.

Як шикорчӣ, паррандаеро ба дом андохт.

Парранда гуфт:

— Эй марди бузургвор!

Ту дар тӯли зиндагии худ гӯшти гов ва гӯсфанд бисёр хӯрдаӣ ва ҳеҷ вақт сер нашудаӣ. Аз хӯрдани бадани кӯчак ва рези ман ҳам сер намешавӣ. Агар маро озод кунӣ, се панди арзишманд ба ту медиҳам то ба саодат ва хушбахтӣ бирасӣ.

Панди аввалро дар дастони ту медиҳам ва агар озодам кунӣ, панди дуюмро вақте ки руйи боми хонаат нишинам ва панди савумро вақте ки бар дарахт биншинам ба ту медиҳам.

Мард қабул кард.

Паранда гуфт:

— Панди аввал он ки сухани маҳолро аз касе бовар макун.

Мард билфосила ӯро озод кард.

Парранда бар сари бом нишаст ва гуфт:

— Панди дувум он ки ҳаргиз ғами гузаштаро махур ва чизе, ки аз даст додӣ ҳасрат махур.

Паранда руйи шохи дарахт парид ва гӯфт:

— Эй бузургвор дар шиками ман як марвориди гаронбаҳо ба вазни даҳ дарам аст. Вале мутаъсифона он қисмати ту ва фарзандонат набудаст, вагарна бо он сарватманд ва хушбахт мешудӣ.

Марди шикорчӣ аз шунидани ин сухан бисёр нороҳат шуд ва оҳу нолаҳояш баланд шуд.

Паранда бо ханда ба ӯ гӯфт:

- Магар туро насиҳат накардаам, ки бар гузашта афсӯс махӯр? Ё панди маро нафаҳмидӣ ё кар ҳастӣ?

Панди дувум ин буд, ки сухани номумкинро бовар накунӣ. Эй содалавҳ!

Ҳама вазни ман се дирам бештар нест, чӣ гуна мумкин аст, ки як марвориди даҳ дирам дар шиками ман бошад?

Мард ба худ омад ва гӯфт:

— Эй парандаи доно пандҳои ту бисёр гаронбаҳост. Панди савумро ҳам ба ман бигӯй.

Паранда гӯфт:

— Оё ба он ду панд амал кардӣ, ки панди савумро ҳам бигӯям. Панд гуфтан ба нодони хоболуд монанди базр пошидан дар замини шӯразор аст.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба